Бахшҳо
19 мар 2014 15:47Тоҷикистон / Сиёсат

Раҳмонов: Ҳар тоҷикистонӣ бояд озодона ба русӣ суҳбат кунад

Абдуҷаббор Раҳмонов, собиқ вазири маориф ва ректори феълии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон мегӯяд, дар шароити кунунии кишвар ҳар тоҷикистонӣ бояд озодона бо забони русӣ суҳбат намояд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти ДДОТ, Раҳмонов рӯзи 18-уми март зимни ифтитоҳи Маркази забон, фарҳанг ва таърихи рус дар Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон дар ҳузури намояндагони Русия таъкид намудааст, ки забони русӣ махсусан барои нафароне пураҳамият аст, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд.

Бо зикри ин собиқ вазири маориф таъкид намудааст, ки дар марказҳои забономӯзии кишвар тамоми шароит барои аз худ намудани забони русӣ фароҳам аст.

Ин дар ҳолест, ки ахиран барои густариши таълими забони русӣ дар Тоҷикистон аз Русия 400 омӯзгор талаб карда, ваъда дод, ки омодааст, тамоми шароиту имтиёзҳоро барояшон таъмин кунад.
Мӯҳр
донистани забон хуб аст аммо мо бояд чойхои кор заводу фабрикахо созем то маврдум мухочират накунанд на ин ки донишгохоямон гастер таер кунанд

студент
Авал худат фарханги раиссию точик буданро ёд гир баъд ин гапро гуй. Бояд хар точик русиро донад чи маъно дорад? оё хар рус точикиро медонад? хамит падхалимии тубаринхост ки русия даъво мекунад ки бояд точикистонро моли худ кунад. аз ин ба ном раисони корхонахои точикистон шармам меояд. шарм доред шарм.

рушан
домулло рахмонов точиконро ба омузиши забони инглиси даъват кунед чунки забони умумичахонист агар ин забонро дони дар ягон чойи дуне хор намешави.

аслан ин як тарси чаноби рахмонов хаст. аз омузиши забони руси моро руссия аз худ мекунад ва мо боз аз забону оини худ кафо мемонем ва ба фаромуши меравад ончи ки миллати точик дорад.хуб мешуд ки мегуфтед хар як точик бояд ки хатти форсиро ед гирад то ки ки будани худро дарк кунад.аз ахволи украна ба фикрам хабар дорад ин одам...пас хулоса гир ки фардо ин руссиомухтагихо сар бардоша ба руссияат хамрох мешаванд ва боз як уми дигар хаминхел гулом мемони.забони точикиро омузон дар хаму пединститут хубтар мешуд.проблемаи дигар надорен факат аз руссия тарсида меистед...

Мухтарам ректор. Мо меомузем забони русиро, аммо фаромуш накунед, ки русхои да Ватани мо буда 1 калима Точикиро намедонанд ва бо Точики гап намезананд, умуман Миллати моро эхтиром намекунанд дар холе, ки да хамин кишвар зиндаги мекунанд.

Орзу
Бо фикри Рушан мувофикам. Мо бояд дар омузиши забонхо, ба забони англиси бештар таваччух намоем. Чунин менамояд, ки забони руси барои мардуми точик чуз барои мухочир шудан дигар хеч нафъе намедихад. Бояд Амрико ва Англия барои густариши забонашон дар каламрави Точикистон бештар кор кунад, дастгирии моли намояд. Агар рафтуои точикон ба Амрико осонтар карда мешуд, мо точикон дар ду дунё ру суи давлати рус намекардем.
Чаноби Абдучаббор хуб медонад, ки 90% донишчуёне, ки донишгоххои кишвар, махсусан ДДОТ-ро хатм мекунанд, аз чихати ночиз будани маош сар ба мухочират мезананд ва он чо русиро надони, мушкили мекаши. Хулоса, имруз англиси забони байналмилалист ва хар миллате, ки онро хуб омухт, дар хама чодахо муваффак шуд.

кадрхо
о бародар худат ду чумларо дуруст ва бе аксент баён карда наметавониву боз моро ба русидони ташфикот мекуни. Мо мехохем, ки забонхои англиси ва арабиро бештару хубтар ёд гирем.

Мо да замони пешравию таракиет зиндаги мекунем, бояд чаноби ректор русигапзаниро масьалагузори накунад, мо точикон аз хама чихат дар арсаи чахони пеш бошем, чи дар илм, чи дар варзиш, чи дар забондони ва дар шариати исломи. Точик натанхо Чамшуду Равшан бошад. Чаноби ректор бехтар мешуд ба шогирдонаш аз гузаштагони машхури миллати мо масьалагузори кунад ки хар як фарди точик донад ки гузаштагони мо точику-форс ки буду, узбаку киргиз ки буд!

Шояд донистани з.руси барои мо имруз характери мачбури дорад аммо фикр мекунам,ки имруз хар як давлати дунё гайр аз з.модариаш бояд з.ангилисиро омузад. Имруз баро мо забонхои русию немиси... даркор нестанд. Факат точики ва англиси. Оиди Рахмонов бошад гуфтаниам, ки банда шубха дорам, ки у унвони академикро шаффоф гирифта бошад. Барои академик шудан кухи баландеро то чукуриаш кандан даркор.

Сафо.
Вазирону раисони мо ба забони руси озодона сухан карда наметавонанду ту Абдуҷабор чисафсатаҳое намегуи ,вохурии вазири корхои хориҷиро бо Лаврову журналистон тамошо кардем хандаамон омад .охир миллатро бо шумо баҳо медиҳанд.

123
Хой огои Рахмонов шумо чи мегуед??? Хар рус магар забони моро медонад??? Охир Русия хамаи моро горат кард боз чи шумо ? Бехтараш фамилиятонро иваз кунед. Ба шумо таъкид аз боло!!!

Забон донистан гуломи нест. Чи кадар теъдоди забонхо дар хофизаи шумо чо шуда бошад, хамин кадар шумо озодтаред - чунки имконияти фарохамтар доред дар раванди зиндаги. Як файласуфи чехи дар асри 19 бештар аз 140 забон медонист ва аз он бо 70 забон бе лугат метавонист муошират кунад. Яъне барои донистан ва омузиши забони руси забони англиси е форси монеа шуда наметавонад. Аз миллатгароии бемаъни бояд пархез кард. Агар русхо забони моро надонанд ин як тарафи масъала- мо , точикон бояд худамон забони модариамонро эхтиром кунем, бубинед - чи кадар нафари точик бо забони худаш рушану бе махлут харф зада метавонад? Барои хамин аз гиребони худ бояд буй кард.


Забон донистан гуломи нест. Чи кадар теъдоди забонхо дар хофизаи шумо чо шуда бошад, хамин кадар шумо озодтаред - чунки имконияти фарохамтар доред дар раванди зиндаги. Як файласуфи чехи дар асри 19 бештар аз 140 забон медонист ва аз он бо 70 забон бе лугат метавонист муошират кунад. Яъне барои донистан ва омузиши забони руси забони англиси е форси монеа шуда наметавонад. Аз миллатгароии бемаъни бояд пархез кард. Агар русхо забони моро надонанд ин як тарафи масъала- мо , точикон бояд худамон забони модариамонро эхтиром кунем, бубинед - чи кадар нафари точик бо забони худаш рушану бе махлут харф зада метавонад? Барои хамин аз гиребони худ бояд буй кард.

Чи савсатахое менависед точикон!"...русхои да Ватани мо буда 1 калима Точикиро намедонанд ва бо Точики гап намезананд",
ман точиктстониям дар Олмон мутарчими форси-англиси-руси-олмониям...хушбахтам ки дар Точикистон ба дунё омадааму забони руссиро чун забони модари медонам!
магар огой Рахмонов амрам ки бошад холо амри ночо карданд? барои точик ки имруз аз дасти бисёрихо коре бар намеояд магар донистани як забони хоричи ин як имтиёзи бештар нест????? афсус ба фикру таффакури шумо! шуморо муллохоятон ба кавли русзабонхо зомбировать кардаанд!

Мухтарам ректор! дар замони вазир буданатон маорифро чазир кардед. Акнун сафсатаро сар кардед. Хар шахрванди Точикистон озодона бо забони точики гап зада наметавонад ин сабабаш талаботи шумо дар замони вазириатон буд!!! Ба чои хатми кардани шиму костум, галстук ва либоси аврупои бояд донишомузиро талаб мекардед. Шарми кас меояд аз ин суханронии тарсуи... Шумо бояд мегуфтед , ки хар шахрванди Точикистон бояд озодона бо забони точики гап зада тавонад баъд ба русси .....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)