Бахшҳо

Мавлуд ва Наврӯзи Зайд Саидов дар зиндон

Гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби сиёсии «Тоҷикистони нав» ба муносибати 20-уми март, 55-умин солгарди мавлуди Зайд Саидов, соҳибкори муваффақ ва роҳбари ин гурӯҳ, ки алъон дар зиндон ба сар мебарад изҳорот пахш кард.

Дар номаи мазкур аз ҷумла омадааст, зодрӯзи ин абармард, ки дар роҳи ободии кишвар ва арсаи талош ба хотири ормонҳои мардум масъулияти басо пурифтихор ва ҳамзамон сангинро бар ӯҳда дорад, ба фарорасии Наврӯзи хуҷистапай рост меояд ва ин ҷашнвораи бузургро як навъ пайғомест. Бешак, пайи ҳам қарор доштани ин ду сана рамзест ва ҳикматаш ишора ба табиати худододии Зайд Саид дорад.

Муаллифони нома менависанд: “Наврӯз дастовард ва мероси бузурги таърихӣ, ифодагари волотарин арзишҳои аҷдодист. Зимнан, маҳз садоқату самимият ба арзишҳои милливу ватанӣ, ҳисси ватандориву миллатшиносӣ ва ифтихори мансубият ба зодагони ин марзу бум, ки хислатҳои ҳамидаи инсонӣ ва маърифату ҳунар, илму дониш, ободкориву созандагиро оламиён меъёри шинохташон донистаанд, мантиқи азму талоши Зайд Саид ва маҳрумияту мусибати барояш раводидаи тақдирро метавонанд маънидод кунанд. Наврӯз танҳо эҳёгари замину само, фасли солу табиат нест, дар қалбу дар тасаввури одамон тавлидгари орзуву умеди нав аст – ба зисти муносиб, рӯзгори осуда, нозу неъмат, ба тантанаи адолат… Зайд Саид низ хосту кӯшид, то ки кишвари азизи мо дар татбиқи ин меъёру арзишҳо бештар муваффақ бошад ва беҳуда нест ҳизбе, ки ҷиҳати таъсисаш бо вуҷуди ҳама гуна мушкиливу хавфу хатар ӯву мо ҷидду ҷаҳд дорем, дар номгузориаш вожаи «нав» -ро дорад”.

Гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” мӯътақид аст, ки бо азму иродаи ҳанӯз устувор ва ҷуръату ҷасорати муросонопазираш дар ҷодаи ҳақталошӣ, Зайд Саид, ки мақсаду мароми зиндагиашро талош ба хотири бозгашти миллати сарсахти тоҷик ба асолати таърихиаш, ба асолате, ки замоне ҷаҳониёнро тасхир кардааст, донистааст, мо ҳамсафу ҳаммаслаку ҷонибдору хайрхоҳонашро мояи ифтихор ва намунаи ибрат аст. Эътимодамон бар он аст, ки маҳз хислатҳои ҳамида, бахусус ҳамин масъулияти ҷомеъадорӣ, ҳисси бағоят баланди ватаншиносиву мардумпарварӣ, ғамшарики одамон будан, эҷодкориву созандагӣ, ки хоси Зайд Саид аст, метавонанд сулҳу суботи кишвар ва некӯаҳволии сазовори сокинону зодагони онро кафолати таъмин бошанд.

Дар интиҳои нома онҳо навиштаанд, бо изҳори садоқат ба роҳи интихобкардаамон ва арзи эътимод ба шахсияти Зайд Саидов мавсуф, хешу пайвандон, дӯстону ҷонибдорони ӯро бо зодрӯзаш муборакбод мегӯем, ба ӯву ин нафарон тансиҳативу амну тавоноиро таманно дорем. Орзу ва кӯшиш дорем, ки қазияву моҷарои ноҷавонмардонаву ноодилона ва бераҳмонаи сари ӯ омада ба зудӣ рафъ ва ӯро озодӣ муяссар шавад.Умедамон бар он аст, ки мукофоти пиндору гуфтору рафтори неки ин абармард тақвияти таваҷҷӯҳу дастгирии ҷомеъа аз шахсияташ хоҳад буд ва самараи ранҷу азоби кашидааш қадршиносиву худшиносии ҳарчи бештари мардум мегардад.

Дар робита Хайрулло Саидов, писари калонии Зайд Саидов мегӯяд, падараш 10 моҳ боз дар асорати туҳмату буҳтон қарор дорад. Писари Зайд Саидов ба муносибати зодрӯз ва наврӯз падарашро табрик гуфта, барои ӯ пурсабрӣ таманно кардааст ва изҳори умед намудааст, ки дар баҳори имсол муждаи хубе дарёфт мекунад.

Ҳолнома:
Саидов Зайд Шерович 20 марти соли 1958 дар деҳаи Шодмонӣ, ноҳияи Нуробод (Комсомолобод, Дарбанди собиқ) дар хонаводаи коргар ба дунё омадааст. Падари ӯ, Саидов Шер дар синни 68 солагӣ соли 1980 аз олам даргузашта, то лаҳзаи охири умр дар деҳа ба сар мебурд ва коргари совхози “Чорсада” буд. Модарашон Хурсанд Шаҳидова соли 2008 ин оламро падруд гуфта, марҳума низ коргари хоҷагии мазкур буд. Зайд Саидов соли 1976 мактаби миёнаи рақами 5-и қишлоқи Сабзиқадами ноҳияи Нурободро хатм намуда, соли 1978 ба Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон, факултаи иқтисодӣ шӯъбаи банақшагирии саноат дохил шуда ва соли 1983 донишгоҳи мазкурро бо ихтисоси иқтисодчӣ (банақшагирии саноат) хатм кард.

Аз соли 1983 то соли 1984 ба ҳайси иқтисодчии Иттиҳодияи истеҳсолии «Ритуал»-и Вазорати хизмати маишӣ кор карда, аз соли 1984 ба вазифаи сармуҳандиси ташкилоти номбурда таъин гардидааст. Соли 1987 ба вазифаи сардори сехи истеҳсолоти қаннодии Комбинати нону қаннодии ш.Душанбе пешбарӣ гардида, як сол баъд минҳайси роҳбари сехи Иттиҳодияи масолеҳи бинокории шаҳри Душанбе ба кор шурӯъ кард. Аз соли 1993 то соли 1999 директори генералии Ҷамъияти саҳомии «Халиф» дар шаҳри Маскав буд.

Аз соли 1999 то соли 2002 Раиси Кумитаи давлатии ҶТ оид ба корҳои саноат ва аз соли 2002 то соли 2007 Вазири саноати ҶТ буд.
Аз соли 2007 то соли 2012 раиси Ассотсиатсияи истеҳсолкунандагон ва соҳибкорони Тоҷикистон буд. Соли 2012 раиси Шӯрои анҷуманҳои соҳибкорони Тоҷикистон интихоб шуд. Дар пайи оғози таъқиби Саидов, ин Шӯроро ҳам рӯзи 12 май барҳам доданд.

PS: Зайд Саидовро соати сеи шаби 19 май аснои бозгашт аз шаҳри Парижи Фаронса аз фурудгоҳи Душанбе боздошт карда, ба идораи шаҳрии Оҷонси мубориза бо фасод бурданд. Пас аз чанд соат Оҷонсии мазкур интиқоли ӯро ба ин ниҳод "даъват" унвон карда, иттилоъ дод, ки вазири собиқи саноат ба ҷиноятҳои сангине, чун «гирифтани пора дар ҳаҷми махсусан калон (қисми 4 моддаи 319), қаллобӣ бо истифодаи мақомоти хизматӣ дар ҳаҷми махсусан калон (кисми 4 моддаи 247), сӯъиистифода аз ваколатҳои мансабӣ (моддаи 314)» гумонбар мешавад.

Рӯзи 25-уми декабри соли 2013 Додгоҳи оли Зайд Саидовро бар асоси чаҳор банди кодекси ҷиноии Тоҷикистон « таҷовуз ба номус», «бисёрзанӣ», «қаллобӣ», «фасод ва ришвастионӣ» гунаҳкор дониста, аз рӯи моддаи 319 қисми сеи Кодекси ҷиноӣ ба муҳлати 19 сол ҷазо таъйин кард. Моддаи 138 қисми 3, 248 қисми чор ва моддаи 170(дузанагӣ) 7 соли дигар ҷазо таъин кард. Дар маҷмӯъ додгоҳ ӯро ба 26 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум кард.
Мӯҳр
Расул
Кушодашавии мактаби наву замонави дар маркази Душанбе аз чонбии ширкати сохтмонии Зайд Саид дар мавлудаш тухфаи хубе шуд. Зодруз муборак!

Фаришта
Зодруз муборак Зайд Саидов!Озодмард!

man ham ba qatori muallifoni noma in abardmardro ba zodruzash tabrik mekunam va az Hudovandi yakto ozodii uro mehoham

ВАХХОБ
БА ФИКРАМ ИН "КОРРУПСИЯ"МИСЛИ БОТЛОК ФАКАТ ВАТАНДУСТОНРО МЕБАЛЬАД.БА ВАТАНФУРУШОН ЧАРОГИ САБЗ .

Zodruz Muborak bo Zayd Sherovichi Muhtaram , 100 sola shaved hamesha bo mo boshed , Alloh nigahboni shumo boshad

ук
Соли 1958 таваллуд шудааст. Яъне 56 сола шуд. Хисобро намедонед Озодагон?

мавлуди босаодати бародари гироми зайдуллоро муборакбод гуфта, ба эшон тансихатию рухи болида таманно дорам. худованд дар панохаш нигахбон бошад. юсуфро хам бо тухмат зиндони карда буданд, аммо у ба сарващирии миср мушарраф гардид. саранчоми кор ба дасти парвардгори якто ст. гамгин мабошед!

Э абармарди миллати ман харгиз гамгин набош хизматхои Ту ва устод Кабириро на Худо ва на бандагонаш фаромуш намекунанд. Абармарди ва мардонагии шуморо дар ин водии шаголон тарих бо хати заррин менависад Ту ва Кабириву Кувватов ва Зоиров барин мардонро дар еди наслхои оянда накш мебандат дар васфтон шерхову достонхо навишта хохад шуд. Мебинед пас аз саратон мучасамахо ва филмхотона пешниходи мардум мекнан мисли бузургони динар ки онхоро чунинкардан мансабдорони давр бузурги Шумо абармардонро мансабдорон хуб медонанд ва хато истикболхам мекунанд АМО дуне мансаб чашмашонро мебандад ва водоршон месозад ки пеши рохтона гиран то сарнагуншон накнен!!! Зодруз Муборак!!!

Азим
Худованд нигахбонатон бошад!!!

Иншоолох дар давоми на кам аз се сол Шумо ба озоди мебароед ва ба кори худатон давом додан мегиред!!!

Мардак
Э мардум, аз хамин Зайд Саидов ин кадар кахрамон насозед. У дусз аст, дузд. Пули мову шумо, пули давлатро хурдааст ва бояд барои ин корхояш шинад. Бас кунед ин кадар тарафгириро. Дар вакташ дуздида мегашт, касеро парво набуд. Акнун уро "курбонии система" муаррифи накунед.
ОЗОДАГОН. Шумо дар бинои Зайд бепул гуё ичора мешинед, хама медонад, вале ин кадар ба рохбаратон хушомад назанед.

Хакгу
Мардак,
Ту мардак нести!!!
шумо ки худ хичкоре наметавонед кунед ва чун харис ва хасуд хастед намегузоред касоне ки кодир ба сохтан ва пешрафт хастандро нобуд мекунед. чазои сахте худованд барои золимон омода кардааст

батик
Зодруз муборак бошад Акаи Зайд. Ба Шумо саломати ва дили пур аз сабро мехохам.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)