Вакили дифоъ: “Нафаре, ки вазири тоҷикро муттаҳам кард, қаллоб будааст”
Икромиддин Айтқулов, вакили дифои Равшан Собиров, собиқ вазири тоҷиктабори Қирғизистон мегӯяд, нафаре, ки зерҳимояаашро муттаҳам карда, пушти панҷара бурдааст, қаллоби маъруфи байналмилалӣ будааст.
Ба гуфтаи вакили дифоъ Александр Ангелидӣ, ки ба ёвари Собиров-Тоҳир Мирзоаҳмадов 40 ҳазор доллар додаасту баъдан ба иттиҳоми даст доштан дар ин ҷиноят худи Равшан Собировро низ пушти панҷара бурдаанд, аз мақомоти Италия ҳамчун қаллоб мавриди кофтуков қарор дорад. Мақомоти Италия Ангелидиро дар аз худ намудани 100 ҳазор доллари шаҳрвандони ин кишвар муттаҳам мекунад.
Айтқулов мегӯяд, мақомоти амнияти Қирғизистон аз ин ҷиноёти Ангелидӣ хабар доштанд ва баъди боздошт ӯро ҳамчун васила барои пушти панҷара бурдани Равшан Собиров истифода намудаанд ва баъдан қасдан раҳо кардаанд.
Вакили дифоъ афзуд, ки Ангелидӣ фаъолияти ҷинояткорияшро аз соли 2010-ум оғоз намудааст ва замоне, ки мақомоти амниятии қирғиз аз рӯи шоҳидии ӯ нисбати Равшан Собиров парванда месохтанд, имкон надошт, ки аз ин бехабар бошанд. Айтқулов аз мақомоти пулис ва додситонии Қирғизистон хостааст, Анеглидиро дар пайгарди қонунӣ қарор диҳанд ё ғоибона маҳкум кунанд.
Ахиран, Додгоҳи олии Қирғизистон Равшан Собировро барои 5 сол зиндонӣ кард. Парванда алайҳи ӯ бо нишондоди собиқ ёвараш, Тоҳир Мирзоаҳмадов оғоз гардид, ки 4-уми июли соли 2012, зимни гирифтани ришва аз як ширкати итолиёвӣ дастгир шуд. Ӯ изҳор доштааст, ки маблағро бо дастури Собиров гирифтааст, вале баъдан эътирофоташро ба манфиати Равшан Собиров тағйир дода буд.
Равшан Собиров, ки моҳи декабри соли 2011 вазири рушди иҷтимоии Қирғизистон таъин гардид, моҳи июли соли 2012 дар робита ба иттиҳомот дар фасодкорӣ муваққатан аз ин мансаб барканор гардид. Ӯ панҷуми июли соли 2012 боздошт ва ба боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон интиқол ёфт. Додгоҳи ноҳияи Первомайски Бишкек, Собировро моҳи ноябри соли 2012 «сафед» эълон кард. Аммо додситонии кулли Қирғизистон парвандаи Собировро аз нав ба баррасӣ гирифта, ба додгоҳ ирсол намуд, ки бо панҷ сол ҳукми зиндон ва мусодираи амволаш поён ёфт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |