Бахшҳо

Вокуниши наздикони “террористон” ба ҳукми Додгоҳи Олӣ (ВИДЕО)

Нилуфари КАРИМ

Наздикони бархе аз аъзоёни гуруҳи Алимурод Маханов, ки имрӯз, 20-уми март бо иттиҳоми терроризм равонаи зиндон шудаанд, ҳукми додгоҳро ғайриодилона ва парвандаро сохта арзёбӣ карданд.

Боймурод Маханов, падари Алимурод, ки саркардаи ин гуруҳи террористӣ арзёбӣ мешаваду ба 21,5 соли зиндон маҳкум шуд, дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки аз ҳукми додгоҳ нисбати писараш розӣ нест. Ӯ гуфт, писараш дар охирин суханронияш дар мурофиаи додгоҳӣ гуфтааст, ки ягон гуноҳ накардааст ва он ҳама иттиҳомотро қаблан таҳти фишор ба дӯш гирифтааст: “Ҳатто дар мусоҳибааш бо телевизион зери фишор қарор доштаст.”




Модари Амиралӣ Давлатов, ки дар узвият ба гуруҳи Маханов муттаҳам шуда, бо ҳукми додгоҳ барои 19 сол равонаи зиндон шудааст, мегӯяд, писараш дар бозор ба тиҷорат машғул буд ва гуноҳе надорад: “Писари ман дар бозор картошкаю пиёз мефурухт. Дар хона се фарзанди маъюб дорам саломатии худам хуб нест. Писари маро бе гуноҳ террорист бароварданд.”



Муҷиба Давлатова ҳамсари Амиралӣ мегӯяд, ӯро бо шавҳараш ба ВКД бурда як рӯз фишор меоранд, то ин, ки ӯ нависад, ки тапонча ба шавҳараш тааллуқ дорад. “Маро бо шавҳарам ба ВКД оварданд аз бомдод то шом фишор оварда гуфтанд, ки ман гӯям, писталет аз шавҳарам аст. Дашноми зиёд карданд.”

Додгоҳи Олии Тоҷикистон имрӯз, 20-уми март Алимурод Махановро бо иттиҳоми терроризм 24 сол аз озодӣ маҳрум кард. Додгоҳ аъзоёни дигари гуруҳ Амиралӣ Давлатовро ба 19 сол, Кенҷа Абдулаҳатов ба 15 сол, Сироҷ Қараев ба 11 сол ва Сорбон Комиловро ба 2 соли зиндон маҳкум карда, Иброҳим Ҳусейновро аз толори мурофиа озод намудааст.

Дар ҳамин ҳол Мавлудҷон Салихов, вакили дифои Сорбон Комилов дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ки аз ҳукми додгоҳ рози буда ба зинаҳои болои суди муроҷиат намекунанд.

Аммо Шуҳрат Қудратов, вакили дифои Кенҷа Абдулаҳатов, ки 15 соли зиндон гирифтааст мегӯяд аз ҳукми додгоҳ розӣ набуда, рӯзҳои наздик ба зинаҳои болоии суд шикоят хоҳад бурд.

Алимурод Маханов ва чанде аз ҳамроҳони ӯ дар остонаи интихоботи президентии 6 ноябри соли гузашта боздошт шуданд. Худи ӯ дар як намоиши телевизионӣ гуфта буд, ҳадафи онҳо таркондани баъзе аз иншооти Душанбе, аз ҷумла бинои Кумитаи амнияти миллӣ ва “шикастани сохтори давлатии Тоҷикистон” буд. Ба гуфтаи Маханов, ӯ соли 2011 ба узвияти Ҳаракати исломии Узбакистон шомил шуда, раҳбарии гуруҳи ҳаштнафараеро, ки муташаккил аз шаҳрвандони Туркия, Қирғизистон ва Узбакистон мебошад, бар зимма доштааст.
Мӯҳр
номак
Бахшиш, мехохам, дод зада бигуям, кНаход, ин кадар берахмиву чахолат!

hhhhh
الله المستعان...

Хатлони
ино шармандатарин шармандахо хастанд золимтарини золимонанд!!!!!!!!!!!

...........ABR AGAR AZ QIBLA HEZAD SAHT BORON MESHAVAD... ...........SHOH AGAR ODIL NABOSHAD MULK VAIRON MESHAVAD...

Привет Нилуфарчон....Нилуфарчон!!!!!Ты ищещь черную кошку в темной комнате.но Ты ее там не найдешь.потому чтоее там нет!!!!!!!Ищешь ПРАВДУ?????Да Ты открой шире свои прекрасные очи.....

Террорист ё террористшаванда бояд чазои сазовор гирад. Ман хукми додгохро хак медонам.

Яъкуб.
Ман сад фоиз гуфта метавонам инхо терорист нестанду аз инхо терорист хам намебарояд.Аз сухангуфтани инхо маълум хаст ,ки ин <гунохро>ба фишору мушку лагад ба гардан гирифтанд.....

Если во второй раз пишешь на ту же самую тему, то поневоле противоречишь сам себе.

Читать между строк полезно — глаза не так устают.

Худованд роҳабриятро ҳидоят кунаду ба мардуми одди раҳм хурад бо ин ноадолатиҳои ноодилон. Абр агар аз қибла хезад сахт борон мешавад, Шоҳ агар одил набошад мулк вайрон мешавад............ .

KHudovand ba in mardumi azizi mo rahm kunad va ba khotiri obi chashmi onho zulmkoronro dar hamin dunyo dar peshi chashmi in mardumi mazlum ba sazoi korashon birasonad omin yo rabbalolamin

гост
таъсири чухуд хамин аст ё нищонаи кийомат

Салом ба хама мардуми дунё ! бад яг чизро гуфтаниям ки хамин вакилони дифои мо ба ки даркоран ман ёд надорам ки хамин вакилони мо ягн касро сафед карда бошанд чихели к лахзхои гуворода хаст ку бегунохи аллакай исбод шидаги локин вакил грузитш мекна як соли зиндони бо вай сутшаванда аз вакил рози товбв вакилони моро зебашон ба русия ба мардикори рафтан аст ё ки зеленкори тамом

ман ла ярхамуннасу ва ла ярхамуллох
хар Касе ба мардум рахм намекунад Аллох ба рахм намекунад

az
az rish osh malum ast terurest ast

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)