Бахшҳо
20 мар 2014 18:37Хабарҳои ҷаҳон

Баҳрайн мегӯяд, аз ихвониҳо бадие надидааст, то онҳоро террорист эълон кунад

Шоҳигарии Баҳрайн мегӯяд, фаъолияти Ҳаракати исломии “Бародарони мусулмон” ё худ Ихвонулмуслиминро дар қаламрави худ манъ нахоҳад кард.

Холид ибн Аҳмад Оли Халифа, вазири умури хориҷии Баҳрайн зимни нишасти хабарие дар Исломобод – пойтахти Покистон дар ин бора ибрози назар кардааст. Ӯ мегӯяд, "мақомоти баҳрайнӣ то ҳол аз сӯи пайравони ҳаракати Бародарони мусулмон дар ин кишвар қонуншиканиеро мушоҳида накардаанд, ки фаъолияти онҳоро манъ кунанд."

Ин дар ҳолест, ки ибтидои моҳи равон Арабистони Саудӣ бо тартиб додани номгӯи ҳаракатҳои фаъолияташон мамнуъ дар ин кишвар, номи Ихвонулмуслиминро дар он ворид карданд. Вазири умури хориҷии Баҳрайн изҳор доштааст, ки кишвараш мавқеи Арабистони Саудиро нисбат ба ин ҳаракати исломӣ дарк мекунаду онро қабул дорад, вале маънои онро надорад, ки аз мақомоти Риёз пайравӣ мекунад: “Шояд ихвониҳо барои Арабистон таҳдиде дошта бошанд, аммо мо то ҳол аз пайравони ин ҳаракат чизи бадеро надидаем.

Мақомоти саудӣ ахиран дар пайи тартиб додани руйхати нави ҳаракатҳои фаъолияташон дар ин кишвар мамнуъ, Ҳаракати “Бародарони мусулмон” ё худ Ихвонулмуслиминро расман созмони “террористӣ” эълон карданд.

Ҳаракати сиёсии “Бародарони мусулмон” яке аз бузургтарин ҳаракати исломии суннӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад. Он соли 1928 аз сӯи Ҳасан ал-Бано, донишманди мисрӣ дар шаҳри Исмоилияи Миср ташкил шудааст. Ин ҳаракат дар бештари кишварҳои арабнишин низ тарафдорону ҳаводорони худро дорад.

Фаъолияти “Бародарони мусулмон” дар Миср то сарнагунии ҳукумати диктотурии Ҳуснӣ Муборак дар соли 2011 мамнуъ хонда шуда буд. Вале баъд аз рафтани Муборак дубора ба фаъолияти ин гуруҳ иҷоза дода шуд ва дар натиҷа онҳо ҳизби сиёсии худро низ таҳти номи “Ҳизби адолат ва озодӣ” таъсис доданд. Дар интихоботи президентии Миср яке аз раҳбарони он Муҳаммад Мурсӣ ба рақибонаш пирӯз шуда, нахустин раисиҷумҳури мардумӣ дар таърихи ин кишвар эълон шуд. Аммо баъд аз инқилоби низомӣ Муҳаммад Мурсӣ барканор шуда, фаъолияти ин гуруҳи сиёсии исломӣ бори дигар дар қаламрави Миср манъ гардид.

Шоҳигарии Баҳрайн, яке аз кишварҳои Халиҷи Форс ба шумор рафта, пойтахти он шаҳри Манама мебошад ва забони давлатияш забон арабӣ аст.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)