Ноиби муфтӣ: Наврӯз ҳеч рабте ба Ислом надорад, вале...
Домулло Сайид Акбар, муовини муфтии Тоҷикистон, имрӯз, 21-уми март дар намози рӯзи ҷумъа аз сокинони кишвар хост, ба баҳсҳо сари динию ғайридинӣ будани Наврӯз хотима диҳанд.
Сайид Акбар гуфт, ин баҳсҳо агар шиддат ёбанд, хатар ба оромии кишвар доранд. Ӯ илова кард, ки дар сомонаи хонаводагии бародарон Тураҷонзодаҳо Наврӯз як иди ғайриисломӣ унвон шудааст ва таъйид намуд, ки воқеан Наврӯз ҳеч рабте ба Ислом надорад: “Мардуми мо Наврӯзро ба хотири иди баҳору деҳқон буданаш таҷлил мекунанд ва ин ид ҳеч ҷанбаи ақидатӣ надорад.”
Ноиби муфтӣ дар идомаи хутбааш ҳаёти имрӯзаи Тоҷикистонро бо зиндагӣ дар замони пайғамбари Ислом муқоиса карда, гуфт, мардуми Тоҷикистон бояд шукрона кунанд, чун дар замони пайғамбар мардум нони ҷавин мехӯрданд, аммо дар Тоҷикистони имрӯза онро ба ҳайвонҳо медиҳанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |