Муаррифии имконоти таҳсил дар Русия барои довталабони тоҷик
Сафорати Русия дар Тоҷикистон, мегӯяд, сар аз имрӯз, 26 март дар филиали Донишгоҳи давлатии Маскав дар Душанбе имконоти таҳсил дар донишгоҳҳои Русия барои довталабони тоҷик муаррифӣ мешаванд.
Алексей Риков, котиби матбуотии сафорати Русия дар Душанбе ба “Озодагон” гуфт, соати 11-00-и 26-уми март кушодашавии намоишгоҳи сеюми таълимии «Маорифи Русия. Душанбе-2014» баргузор мегардад, ки то 29 март идома хоҳад дошт.
Ба иттилои манбаъ намоишгоҳ аз ҷониби Вазорати маорифи Тоҷикистон, сафорати Русия ва намояндагии “Россотрудничества” дар Тоҷикистон баргузор мешавад, ки ҳадафи он шинос намудани хатмкунандагони мактабҳои Тоҷикистон бо низоми маорифи Русия мебошад: “Иштироккунандагон аз дасти аввал тамоми маълумот оид ба низоми маориф, мактабҳои олӣ, шароити хондан ва расму русуми донишгоҳҳои Русия хоҳанд гирифт”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |