Бахшҳо

Блаттер дар бораи дин, футболи занона ва бозии "Равшан"-у "Истиқлол"

Йозеф Блаттер, президенти Федератсияи ҷаҳонии футбол (ФИФА), ки бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад, аз пешрафтҳо дар футболи тоҷик истиқбол намуда, таъкид дошт, ки бояд футбол миёни занон низ бештар густариш ёбад.

Блаттер рӯзи 26-уми март, ки бо рӯзи мавлудаш рост омадааст, дар суҳбат бо хабарнигорон дар Душанбе гуфт, орзу дорад, футбол бозии универсалӣ шавад. Ӯ илова намуд, ки футболи занона дар Тоҷикистон майли пешрафт дорад ва таъкид намуд, ки фарҳангу дин набояд барои густариши футбол миёни занон монеа шавад.

Йозеф Блаттер гуфт, агар футбол дар тамоми ҷаҳон на танҳо миёни мардон, балки занон низ бозии универсалӣ шавад, орзуи ӯ ҷомаи амал хоҳад пӯшид, чун ба гуфтаи ӯ футбол на танҳо бозист, балки зиндагист, эҳсосотест, ки мардуми гуногунро мепайвандад. Дар мавриди бардошташ аз бозии дастаҳои "Равшан"-и Кӯлобу "Истиқлол"-и Душанбе Блаттер гуфт, ки ин бозӣ ба ӯ хуш омад: "Бозигарони "Истиқлол" бо маҳорати хубу суръати баланд бозӣ карданд ва дар натиҷа бар ҳарифи худ ғолиб омаданд."

Дар доираи нишаст Блаттер ба Рустами Эмомалӣ, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон парчами ФИФА-ро тақдим намуд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)