Бахшҳо

Эмомалӣ Раҳмон ба Карзай: "Афғонҳо худ бояд сарнавишташонро муайян созанд"

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо ҳамтои афғонаш - Ҳомид Карзай ба масъалаи интихоботи қарибулвуқуи президентии Афғонистон дахл карда, таъкид кардааст, ки мардуми ин кишвар бояд сарнавишти хешро худ муайян созанд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки рӯзи 26 март барои иштирок дар ҷашни байналмилалии Наврӯз вориди шаҳри Кобул гардид, дар қасри президенти Афғонистон бо Ҳомид Карзай мулоқотеро анҷом додааст. Ӯ дар ин дидор бо Карзай изҳор доштааст, ки Тоҷикистон самимона ҷонибдори он аст, ки афғонҳо худ сарнавишташонро муайян созанд, то ин интихобот ба таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва ваҳдати миллию ободии кишварашон мусоидат кунад.

Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, “муносибатҳои дӯстонаи мо реша дар қалбҳои мардумони ду кишвар доранд ва аз ин хотир, вазифаи сиёсӣ ва инсонии мо аст, ки чунин равобитро ҳамаҷониба тақвият ва таҳким бахшем”.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, дар ин мулоқот ҳарду ҷониб аз рушди босуръати ҳамкории энергетикӣ, зербиноӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратӣ изҳори хушнудӣ карда, тақвияти ҳамгироиро ба татбиқи зудтару босифати барномаҳои калонмиқёси минтақавӣ мисли хатти бузурги интиқоли барқи CASA-1000 ва роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон амри зарурӣ номиданд.

Дар робита ба таҳкими фазои сулҳи саросарӣ дар Афғонистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштааст, ки Тоҷикистон хостори созмондиҳии раванди сулҳ аз ҷониби худи афғонҳову раҳбарии онҳо мебошад: “Дигарон бояд фақат мусоидати беғаразона ва дӯстона намоянд.

Миёни ҷонибҳо санадҳои нави ҳамкорӣ, аз қабили Эъломияи муштараки Тоҷикистону Афғонистон дар бораи густариш ва тақвияти муносибатҳои дуҷониба, Созишномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати умури дохилаи Афғонистон, оид ба ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ дар фаолияти гумрукӣ, доир ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ, дар соҳаи фарҳанг, ҳунар ва нашрияҳои савтӣ, тасвирӣ ва чопӣ ва ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи телевизион ва радиои назди Хукумати Тоҷикистон ва Раёсати умумии радио ва телевизиони миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба имзо расидааст.
Мӯҳр
Озодагон шумоям мисли барки точик хабархоро лимит кардед чибало? Е ки хабархо дар ин хунукихо ях кардаанд мисли дарёи вахш:-D хаво гарм шудаст сар кунед охир се руз шид мазатон нест далдаву суманака хурдед хуши кор намеояд а?

Albatta intikhoboti riosii Afghoniston az intikhobothoi guzashtai Tokikiston dida shafoftar megizarand...Karzay bo khohishi khud pad ax vhand moh riyosatro ba raisi nab intikhob shuda mesuporad...In kamtar ham boshad .bui dokrayiya ast....Ammo dar vatani mo in taghirot nomumkin menamoyad....Rusho diktatorhoro dust medorand.....Bin Aluevro dar Ozarbaujon....Qodirov dar Chechen...Karimov dar Uzbakiston....Hatto Fidel Kastfo va Muammar Qazzofi ki az 40 sol boloi kursii hukm budand az tayidi rusho barkhurdor budand....Oilai Al Asad dar Suriya ki ziyoda az 40 sol ba qatli mardumi Suri mash ghul ast ham ba Russiya takya mekunad....Agar Afghoniston sababi zavi SSSR shuda bishad pas in sho olloh in diktatorho sabab meshavand ki Rusiya ba dahho davlatchaho taqsim shavad zero zulm abadan davom nakarda ast

Яъкуб.
Ачоиб.Афгонхо бояд худ сарнавишташонро муайян созанд.Аммо сарнавишти Точиконро бояд як авлод муайян созад.Бояд ин Хукуматдорон шарм созанд ба як давлати дигар аз интихобот омузондан.Афгонхо бе гуфти шумо хам аз мо озодтару бо хукуканд.....

Нафахмондедми ки хизби хокимаш бадигархояш фишор орад кор буд мешавад?

Ozod
Dukhtar ochashda kimchira yod doday ;)

додо
Гами Афгонистона не, гами сарнавишти миллати точика хуред. 10 сол пас хама хитой мешавад. Аз 8 млн. ахоли 2 млн. мухочир аст. шармандаги ва хоказо.

Бовар
Суханони сарвари давлатамон, ки гуфтааст, "Афғонҳо худ бояд сарнавишташонро муайян созанд" -ро шунида, онҳое, ки аз сиёсати имрӯза дар Афғонистон то ҷое огоҳанд, комилан дар ҳайрат мемонанд, ки то чи андоза сиёсатмадорони мо, ба вижа, онҳое, ки дар Вазорати хориҷаи Тоҷикистон кор мекунанд, аз рӯйдодҳои имрӯзии Афғонистон ва паёмадҳои он ноогоҳанд. Агар онҳо аз сиёсатҳои дирӯзаву имрӯзии ин кишвари ҳамсояамон огоҳ мебуданд ва огоҳона манфиатҳои тоҷикони ин кишвар ва рушди демократияро мехостанд, ба ҳеч вачҳ Эмомалӣ Раҳмон чунин сухан намегуфт. Зеро ҳукумати Карзай бо тамоми неру мехоҳад, ки дар интихоботи дар пеш истода нозирони байналмилалӣ дар Комиссиюни марказии интихобот ва ҳавзаҳо ширкат накунанд ва натиҷаи интихоботро бо ёрии бародаронашон, ки бештарашон аз қавми паштун ҳастанду дастнишондаи Карзайанд, бо роҳи тақаллуб ба фоидаи худ ҳал кунанд. Ҳукумати Карзай бисёр мехоҳад, ки дар интихобот дастаи Залмай Расул ва ё Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, ки ҳарду ҳам паштунанд, пирӯз гарданд.Онон бо тамоми неру муқобили дастаи доктор Абдуллоҳи Абдулло, ки бештари тоҷикон гирди ӯ ҷамъ омадаанд ва шахсиятҳои калидии тоҷикон монанди волии Балх Атомуҳаммади Нур, муовини аввали раиси ҷумҳур Муҳаммадюнуси Қонунӣ, Салоҳиддин Раббонӣ писари устоди равоншод Бурҳониддини Раббонӣ ва даҳҳо тоҷики дигару бахше аз паштунҳо, ҳазораҳо, узбакҳо ва дигар ақвоми бедори кишвар ҳам аз ӯ пуштибонӣ мекунанд, дар мубориза ҳастанд. Аз ин хотир ҳукумати Карзай мехоҳад, ки бо дору дастааш ва намояндагонаш дар Комиссиюни интихобот бидуни ҳузури хориҷиҳо одами ба худ даркорӣ( Залмай Расул ё Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай) ро ба қудрат биёварад ва бо ҳамин давоми ҳукумати қавмгарои хешро ҳам таъмин кунад.

Идомааш:Бояст пеш аз ин интихобот ва умуман ҳамеша ҳукумати мо бо шахсиятҳои калидии тоҷики Афғонистон ва онҳое, ки аз вазъи имрӯзии кишвар ва гузаштаи он огоҳ ҳастанд, дар робита мешуд ва ҳамеша маълумоти дақиқ ва беғаразонаро дар бораи ин кишвар дар даст медошт ва сиёсатҳои кутоҳмуддат ва дарозмуддати хешро бо назардошти дурнамои ин кишвар ва манфиатҳои тоҷикон дар Хуросон роҳандозӣ мекард. Вале суханони Эмомалӣ Раҳмон баёнгари ин аст,ки аз чунин мақсадҳои ҳукумати Карзай, ки сиёсаташ муқобили тоҷикони Афғонистон аст, дар ҳукумати мо чандон огоҳ нестанд. Дар ҳоле ки дигар кишварҳо, аз ҷумла Ӯзбакистону Туркия ошкору ниҳонӣ аз Абдурашид Дӯстуми ӯзбак, Покистон аз намояндагони паштун ва ба вижа аз Гулбиддини Ҳикматёр ва ҳизби ӯву ҳизби Афғонмиллати паштунҳо дастгирӣ мекунанд. Вале ҳукумати мо ба ҷои ин ки тоҷикони Афғонистонро пуштибонии ҳадди ақал маънавӣ кунад, ба осиёби Карзай-- бадхоҳи тоҷикони Афғонистон об мерезад. Нуктаи дигар ин аст, ки ҳукумати Карзай бисёр мехоҳад, ки дар соли равон сарбозони хориҷӣ аз кишвар берун шаванд. Ин плони дуюми Карзай аст, ки дар ҳолати нокомии тарафдоронаш дар интихобот "бародарон"и дигараш Толибонро ба сари қудрат биёварад.

Мухтарам президент, имруз дар чахон "худ"-ро Амрико ва Русияи нимфашист муаян мекунанд. Шумо метавонед бехуда гапхои зиёдати назанед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)