Бахшҳо

Мамитов мегӯяд, базудӣ бархе гузаргоҳҳои марзӣ бо Тоҷикистонро боз мекунад

Тоқон Мамитов, иҷрокунандаи вазифаи муовини сарвазири Қирғизистон аз боз шудани бархе гузаргоҳҳои марзии кишвараш бо Тоҷикистон дар рӯзҳои наздик хабар додааст.

Мамитов гуфтааст, ду гузаргоҳи марзии воқеъ дар ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд, ҳаммарзи вилояти Суғд базудӣ боз хоҳанд шуд. Ба гуфтаи ӯ, гузаргоҳи марзии “Кизил-Бел”-и ноҳияи Бодканд, ки он ҳам ҳамсарҳад бо вилояти Суғд аст, бо дархости сокинони ин минтақа масдуд боқӣ мемонад: “Сокинони ноҳияи Бодканд талаб доранд, то анҷоми аломатгузории хатти марз бо Тоҷикистон ин гузаргоҳ кушода нашавад ва албатта аз ин қазия ҷониби Тоҷикистон низ огоҳ ва розиянд, чун моро хуб дарк мекунанд.

Иҷрокунандаи вазифаи муовини сарвазири Қирғизистон афзудааст, ки дар пайи тирпаронии 11 январи соли ҷорӣ миёни сарҳадбонони ду кишвар аз 5 гузаргоҳи марзӣ танҳо ҳамин се тоаш комилан масдуд шуда буданд. Ӯ мегӯяд, гузаргоҳҳои марзии “Бор-Добо” ва "Карамик”-и кишвараш воқеъ дар минтақаи ҳаммарзи ноҳияи Ҷергатол ва Вилояти Бадахшони Тоҷикистон қисман боз буда, тавассути онҳо мошинҳои марбут ба неруҳои низомии хориҷӣ дар Афғонистон ва мошинҳои ҳомили масолеҳи сохтмонии ширкатҳои Чин барои убур иҷоза дода мешаванд ва инчунин донишҷӯёни Тоҷикистону Қирғизистон низ тавассути ин гузаргоҳҳо метавонанд, ба кишварҳои якдигар сафар кунанд, чун бар асоси қарордоди байналмилалӣ ба ин Қирғизистон вазифадор мебошад.

Ин дар ҳолест, ки қаблан Мамитов гуфта буд, як гуруҳи тоҷирони кишвар аз хисороти зиёди дидаи худ дар пайи баста шудани гузаргоҳҳои марзӣ бо Тоҷикистон ба мақомот хабар дода, боз шудани марзро талаб кардаанд: “Як гуруҳи тоҷирони қирғиз аз мо хоҳиш доранд, то гузаргоҳҳои марзиро боз кунем, чун онҳо аз бонкҳо қарз гирифтаанду бояд миқдори муайяни ангишту маҳсулоти кишоварзӣ ва масолеҳи сохтмониро ба Тоҷикистон интиқол диҳанд.
Мӯҳр
saud
ангишту дигар чизхора да сарат зан токон бе хамсоя хичи намешави инро хуб бифахм

Аз сарат монад гузаргохат лозим нест . Налат ба тубарин хамсоя. Акнун вакти рафтани чорво ба чарогох шуд илочи дигар надори барои хамин ту ахиак аклат ба хушат омад. Точикистони азиз акнун рохи туро мебандад кани бинем халкат ба ту ахмак чи хел рафтор мекунад. Ба мононди Украина сарнагун мешави иншооллох. Мо ин рузро интизор.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)