Бахшҳо
27 мар 2014 16:50Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Маркази эпидемиологӣ: Заҳролудшудагони Аштро ёрии саривақтӣ аз марг наҷот дод

Маркази санитарию эпидемиологии вилояти Суғд аз афзоиши теъдоди заҳролудшудагон дар деҳаи Қаҳрамони ҷамоати Шодобаи ноҳияи Ашт хабар дода, таъдоди дақиқи онҳоро 40 нафар арзёбӣ кардааст.

Тибқи иттилоияи Маркази санитарӣ-эпидемиологӣ сокинони Қаҳрамон рӯзи якшанбе, 23-юми март ҳангоми таҷлили ҷашни Наврӯз дар манзили яке аз сокинони деҳа аз истеъмоли консерваи дастисохти помидору бодиринг заҳролуд шудаанд. Ин ниҳод меафзояд, ёрии саривақтии тиббӣ заҳролудшудагонро аз марг наҷот дод: “Дар айни ҳол 4 нафар чун бемори ботулизм, 3 кӯдак ва як зан дар шӯъбаи эҳёи беморхонаи марказии ноҳияи Ашт таҳти назорати таббибон қарор доранд. Инчунин 3 тан дар ҳолати миёна ва 26 нафари дигар дар ҳолати сабук дар бемористон бистарӣ шудааст.”

Ин дар ҳолест, ки санаи 28-уми октябри соли 2012 дар ноҳияи Зафаробод низ чунин ҳодиса ба амал омада буд. Дар рўзи маъракаи оилавии хонадони Назировҳо меҳмонон ҷамъ омада, аз омехтаи помидору бодиринг ва карами консервшуда истеъмол намуда, ба бемории ба ном «ботулизм» гирифтор шуда буданд.

Баъдан, рўзи 30-юми октябри соли 2012 бо аломатҳои ин беморӣ сокини ҷамоати шаҳраки Меҳнатобод Мастура Назироваи 31-сола дар беморхонаи марказии ноҳия бистарӣ гардид ва баъдан ба ҳалокат расид.

Мутахассисон сабаби пайдоиши бемории ботулизмро ба истеъмоли хўроквории бадсифат рабт медиҳанд, ки ангезандаҳои он дар хўрокворӣ, консерваҳо заҳр ҷудо мекунанд, ки аз дигар бактерия ва микробҳо сертаъсир ва пурқувват мебошанд. Ин заҳр ба организми инсон дохил шуда, ҳатман ба рагҳои хунгард бо воситаи хун ба узвҳои дохилӣ ва майнаи сари шахси бемор расида, мағзи сар ва майнаи инсонро фалаҷ месозад. Давраи ниҳоии ботулизм аз 2 соат то 5 рўз буда, аломатҳои хоси он – дарди сар ва шикам, беҳолӣ, дилбеҳузурӣ ва қайъ кардан мебошад. Баъди якчанд соат, ё 1-2 рўз, босира хира мешавад, пеши чашмон сиёҳ гашта, чизҳоро аниқ намебинанд ва дурбинӣ пайдо шуда, пилки чашмон овезон мешаванд. Гавҳаракҳои чашм бошад, дутарафа ва нобаробар васеъ мегарданд ва аз таъсири рўшноӣ беҳол гашта, дар охир беҳаракат мешаванд. Ҳамчунин, беқувватшавии мушакҳои дасту пой ва фалаҷшавии мушакҳо низ ба мушоҳида мерасанд. Дар як вақт овоз манқа, нофаҳмо ва хира мегардад, ё барҳам мехўрад. Баъзан бемор дар сандуқи синааш фишорро ҳис мекунад ва дар ҳолатҳои вазнин кўтоҳдамӣ пайдо шуда, нафаскашӣ номураттаб мегардад, дар натиҷа нафастангӣ ба амал меояд ва ҳангоми мушоҳидаи аломатҳои аввалин бемор бояд ба духтур муроҷиат карда, дар беморхона бистарӣ карда шавад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)