Бахшҳо
28 мар 2014 10:09Тоҷикистон / Сиёсат

Ҳамсари Қувватов: Мехоҳанд шавҳарамро аз байн баранд, чун сирри зиёдро медонад

Қумриниссо Қувватова, ҳамсари Умаралӣ Қувватов, роҳбари созмони мухолифи “Гуруҳи 24”, ки чанде пеш аз боздоштгоҳи Дубай раҳо шуд, изҳор медорад, ки хонаводаашон ҳамоно зери фишор қарор дорад.

Қумриниссо Қувватова дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ки баъди озодии шавҳараш фишор болои хонаводааш афзоиш ёфтааст. Хонум Қувватова мегӯяд, ки баъди раҳоӣ талош кард, то шавҳари худро аз идомаи эътирозҳояш алайҳи ҳукумат боз дорад, чун ба ҷонашон хатар вуҷуд дорад: “Бо вуҷуд фишорҳо идома доранд. Кӯдакони ман давоми ду соли охир на ба мактаб ва на ба берун мебароянд. Ман дигар хомӯш буда наметавонам, ҳамон тавре ки шавҳарам. Шавҳари ман дар рӯзҳои наздик баромад хоҳад кард. Шояд ин рӯзҳои охири мо бошанд.”

Қумриниссо Қувватова мегӯяд, ки гуиё шавҳараш асрори зиёдеро медонад ва бинобар ин нерӯҳое ҳастанд, ки мехоҳанд, ӯро нобуд кунанд.

Умаралӣ Қувватов тобистони соли 2012 дар Маскав “Гурӯҳи 24”-ро таъсис дода ва аз Эмомалӣ Раҳмон даъват карда буд, то дар интихоботи президентӣ номзадиашро нагузорад. Қувватов шарики собиқи тиҷории яке аз домодҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон арзёбӣ мешавад, ки то фирораш ба Маскав дар як соли пеш раҳбарии ширкатҳои “Тоҷирон” ва “Фароз”- аз ширкатҳои асосӣ дар бозори фурӯши сӯзишвории Тоҷикистонро - бар ӯҳда дошт.

Баъд аз таъсиси “Гурӯҳи 24” Қувватовро шарикони собиқаш ба дуздии 6 миллион сомонӣ аз ширкати “Фароз” айбдор карданд. Моҳи декабри соли 2012 ӯ бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб боздошт шуд. Додгоҳи Дубай дар моҳи апрели соли гузашта ҳукми бозпас фиристодани ӯ ба Душанберо содир кард. Вале Умаралӣ Қувватов аз ин ҳукм ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят бурда, аз боздошт раҳо гардид. Вале мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯянд, қазияи Умаралӣ Қувватов ниҳоӣ нашуда, додгоҳи Дубай низ дар ин бора ба онҳо чизе нагуфтааст.
Мӯҳр
АСА
ШУХИ НАКУН БА АРБОБ. КИ МЕЗАНАД БА ХАР БОБ... НИМТАЙ НОН РОХАТИ ЧОН..БО ШОХИ ГОВ ЧАНГ НААНДОЗ АГАР МЕАНДОЗИ ХОМУШ БОШ ТО ОХИРИ КОР...ТАК ЧТО БО КОШТАНИ АРЗАН ГАНДУМ ДАРАВ КАРДАН НАШОЯД.....

Точик
Иншоаллох шумо хакед апаи азиз. Дар хакикат шавхари шумо бисёрп сирхоро медонад аз ин хотир у бояд хамачиро ошкор кунад то Фатох Саид Саидмумин Ятимов одамони бегунохро паси панчара набаранду гунахгорони асосари донанд.

ЧАСУР
ПАХ - ПАХ ИН КАДР ФАРЗАНДХОИ ЗЕБОЮ ДИЛРАББО...БА ХОТИРИ ЧУНИН НЕЬМАТИ БУЗУРГИ ХУДОВАНД НАБОЯД БА ИШТИБОХОТ РОХ ДОД ЧУНКИ ДАР ОЯНДАИ ИН НАВАРАСАКОН ЗОМИН МЕГАРДИ. РОСТИ УМАРАЛИ НА САВОДИ КОФИ ДОРАДУ НА СУХАНИ ДУРУСТ ЗАДА МЕТАВОНАД ЧИ ГУНА УРО БА САХНАИ СИЁАТ БАРОВАРДАН МАН ХАЙРОН. ИНСОН АЛБАТТА БО ДОНИШУ ЗАКОВАТ ВА АКИДАИ СОЛИМ МЕТАВОНАД ДАР БАЙНИ МАРДУИ ОБУРУ ВА МАРТАБАЮ МАКОМИ ХОСА ПАЙДО КУНАД НА БО ТОРИКИИ АНДЕША... СУХАН БИСЁРУ ВАЛЕ БА МАФККУРАИ ТАНГ ЧИ ДАРКОР....

Tojik
АСА,
Barodari aziz mardumi tojiki mo az rui hamin suhane ki "НИМТАЙ НОН РОХАТИ ЧОН vale bar beadolati dahonro push" ba in ruz rasidem va hizmatgori davlatdoron astem.

ЧАСУР,
Barodar man az shumo bisyor hohish namekunam amo bigued ki davlatdoroni hudamon kadomash zaboni Rusiro hub medonad ? Bek Zuhurov ? haha Kuvvatov odami bosavod meboshad. Va baroi maruf shudan man fikr mekunam ki bisyortar vijdoni toza, nangu nomus, adolati darkor ast, ki davlatdoroni mo inhoro nadorand.

Фархори
ЧАСУР
Бародар саводи шумо бисёр бошад мархамат пешвои точикон шавед. Лекин бисёре аз вазирҳое айни замон адои вазифа мекунанд саводи кофи надоранд. бисёрашро санчидем дидем. ОН ЧИЗЕ КИ АЁН АСТ ҲОҶАТ БА БАЁН НЕСТ!!! "суханҳо бисёр ҳастанд лекин чи суд"

тичоратро хар кас карда наметавонад.куватов чихел ки омад хамон хел меравад.куватов ин кадар дод мегуяд.ки гуе ин пулхояшро бо каланд кор карда бошад.чун хазрати исо мегуяд.ки моли худоро ба худо дихед моли кайсаро ба кайсар .мутаъсифона шумо кайсар нестед.

chize medonist hamaashro dar tv-k+ gufta bud.emomali narkabiznes guft-yagon axmak inro bovar namekunad lekin xudash mumkin.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)