Бахшҳо

Чаро доллар дар Тоҷикистон камёфт шудааст?

Сиёвуш Қосимзода

Бо вуҷуди ҳушдори Бонки миллии Тоҷикистон, саррофони нуқтаҳои мубодилаи асъори Душанбе ҳамчунон беасос долларро ба муштариёнашон намефурӯшанд ва ё онро гарон мефурӯшанд. Дар ин замина сокинони бисёре аз шаҳри Душанбе норизоии худро иброз доштаанд.

Бархе аз сокинони Душанбе аз камбуди доллар дар нуқтаҳои мубодилаи асъори Душанбе шикоят карда, изҳор доштанд, ки бархе аз саррофон мегӯянд, доллар надорем.

Мадина, як сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, ки дирӯз ба ҳар нуқтаҳои саррофии маркази шаҳр сар зада, нархи онро дар бархе аз ин марокиз 500 сомонӣ гуфтанд ва дар бархеи дигарашон изҳор доштанд, ки аслан доллар надорем. Ҳол онки дар навиштаҳояшон нархи долларро 4,97 ва 4,99 буд.

Зарина яке дигар аз сокинони пойтахт мегӯяд, ки ба филиалҳои мубодилаи асъори Агроинвестбонк дар минтақаи 82 муроҷиат карда, вале дар ҳеч кадомашон доллар харидан натавонист. "Мегӯянд ё ба нархи 500 сомонӣ гир, ё аслан нагир, хоҳӣ нахоҳӣ ҳамин аст. Дар бештари ҷоҳо ҳамин тавр аст", гуфт Зарина.

Қаблан дар шарҳи ин вазъият Мирзомуддин Мавлонов, раҳбари департаменти танзими асъори Бонки миллӣ дар шарҳи шикояти сокинони Душанбе аз камбуди доллар дар нуқтаҳои мубодилаи асъор мегӯяд, агар саррофон беасос аз фурӯши доллар худдорӣ кунанд, муҷозот хоҳанд шуд:
"Аз як тараф нафурӯхтани доллар ғайримантиқӣ аст, чун ин манбаъи даромади нуқтаҳои мубодилаи асъор аст. Баъдан агар ҳамаи нуқтаҳои мубодилаи асъор аз фурӯши доллар саркашӣ кунанд, қурби он метавонад, боло биравад. Бинобар ин ҳеч мумкин нест, ки масъулини нуқтаҳои мубодилаи асъор, долларро нафурӯхта бошанд". Ба қавли номбурда, шаҳрвандон дар сурати рӯбарӯ шудан ба чунин ҳолат ба масъулини Бонки миллӣ дар тамос шаванд ва масъулин то ҳатто метавонанд иҷозатномаи нуқтаи мубодилаи асъорро бозхонд кунанд.

Вазъияти ногувор давом мекунад?

Аммо далели пеш омадани ин вазъиятро Ҷамшед Қудратуллоев ,иқтисоддони тоҷик чунин шарҳ медиҳад, ки дар моҳи феврал чиниҳо иди соли навашонро таҷлил мекунанд ва зимни он марзҳояшон баста мешавад. Ҳамин, ки кушода шуд, талабот зиёд мешавад ва тоҷирон сомониҳояшонро бо доллар иваз мекунанд. Сабаби дигараш ин аст, ки бахши аъзами доллар тавассути муҳоҷирон аз Русия ба Тоҷикистон ворид карда мешавад. "Рубли русӣ ҳам дар қиболи доллар якбора 6 рубл уфт кард, ки ин як уфти рекордӣ дар 5 соли ахир аст. Барои ҳамин чун сомонӣ ба қурби рубли русӣ бастагӣ дорад, қурби доллар ҳам дар нисбати сомонӣ афзоиш ёфт", изҳор дошт Ҷамшед Қудратуллоев.

Аммо Нозим Ишанкулов, директори иҷроияи Маркази бозори озоди Тоҷикистон мегӯяд, ки асъор ҳамчун мол дар иқтисод объекти талаботу пешниҳод мебошад. Дар ин вазъият кормандони мубодилаҳо, яъне соҳибкорон аз рўи вазъияти бозор фаъолияти худро мебаранд. Аз рўи адолат ҳеч кас ҳуқуқ надорад аз онҳо шикоят кунад, чунки асъор ин моликияти хусусии онон мебошад. Вале ба гуфтаи директори Маркази бозори озоди Тоҷикистон, ҳамакнун мушкили асосӣ на дар соҳибкорон, балки дар аҳволи бозори асъори Тоҷикистон мебошад.

"Иваз шудани нархи асъор ин натиҷаи фаъолияти бозор аст. Сабабҳои гарон шудани доллар якчанданд. Пеш аз ҳама ин вақти сол дар баҳор бисёр шаҳрвандони мо ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд ва бо худ бисёр асъорҳои хориҷӣ, инчунин долларро мебаранд. Дуввум сабаб ба хоҷагии қишлоқ алоқадор аст. Яъне деҳқонон бисёр нуриҳо, таҷҳизот ва дигар лозимотро аз хориҷа харидорӣ менамоянд, яъне асъори хориҷиро берун аз давлат равон мекунанд",
иброз дошт Нозим Ишанкулов.

Аммо дар нақши Бонки марказии кишвар Ҷамшед Қудратуллоев мӯътақид аст, Бонки миллӣ аз миёнаҳои моҳи феврал ба дахолат машғул аст ва ба борзор ҳар рӯз як миқдор долларро мебарораду мефурӯшад, то ба қадре пеши беқурбшавии сомониро нигоҳ дорад. Вале агар вазъият ҳамин тавр давом кардан гирад, захираҳои Бонки миллӣ барои нигоҳ доштани қурби сомонӣ кифоя нестанд. Агар қурби рубл дар баробари доллар дубора боло наравад, эҳтимол ин беқурбшавии сомонӣ идома мекунад.

Бо ин вуҷуд қариб ҳар сол чунин вазъияте дар Тоҷикистон ва дар ин фасл ба чашм мерасад. Ба андешаи Нозим Ишанкулов, айни ҳол ягон сабаби сангин барои иваз шудани нархи асъори хориҷӣ вуҷуд надорад чун вазъият дар иқтисоди Русия ҳоло ором аст ҷое, ки аксари муҳочирони тоҷик кор мекунанд ва ба кишварашон долларҳои коркардаро равон мекунанд. Танҳо вазъияти ноором дар ширкати Талко мебошад, ки яке аз воридгари доллар ба ватанамон мебошад.

Камчинии доллар ба баландшавии қурбаш сабаб мегардад ва дар натиља қурби сомонӣ паст мегардад. Пастшавии қурби сомонӣ ба бевосита ба гароншавии нархҳо боис мешавад.
Мӯҳр
Долархоро ба Украина фиристоданд-мй ё ба касе хело хам даркор шудааст?

Иктисодчи
Ин маънои онро дорад,ки Точикистон бештар ба муфлисшави (банкротство) наздиктар мешавад.

Бонкдор
то он вакте ки нуктахои мубодилаи асъор тахти идораи бонкхои давлати набошанд ва низоми ин нуктахо аз чониби БМТ идора нашавад, ин масъала хамин хел боки мемонад, сохибони нуктахо гардиши асъорро муайян мекунанд, бо нархи муайянкардаи БМТ намефурушанд. баъдан тачрибаи тамоми давлатхо нишон медихад, ки мубодилаи асъор тахти назорати катъии давлат карор дорад. агар тахти назорати давлат бошад, арзиши пули милли низ паст нахохад гашт. Рохбарияти БМТ бояд сари ин масъала фикру андеша кунанд, тачрибаи дигар давлатхоро истифода намоянд.

Сароф
Бонкдор,
Рафик Бонкдор аз номи худат гап зан, боло рафтан ва поин шудани доллар ба сарофон хеч дахолате надорад. Ба дасти сарофон бошад аз 400 хам поин мекунанд. Ин аз иктисодиёти беруна вобаста дорад асъор . Ва нафароне, ки мегуянд аз ягон нуктаи мубодилаи асъор доллар наёфтем ин нодуруст аст.

Асъор (пул) ҳам мол аст, яъне мавриди хариду фурӯш қарор мегирад. Модоме ки дар фурӯш нест, аз камбуди (дефисити) он далолат медиҳад. Дар ин ҳолат боло рафтани нархи он табиист. Биноан, натанҳо фурӯшаш, балки нархи хариди он низ бояд боло равад. Ин қонуни бозор аст. Агар яктарафа бошад, яъне нархи харид арзону фурӯш беасос қимат бошад, ҷаллобӣ (спекулятсия) ҳисоб мешавад. Барои фаҳмидани ин шарт нест, ки кас иқтисодчӣ бошад. Ин як ҳисоби содда аст. Ба ҷуз ин, дигар ҳамаи гапу калоча мардумфиребӣ мебошанд. Маълум аст, ки ба Тоҷикистон вориди доллар кам шудааст. Дигар чӣ ҳам мешуд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)