Бахшҳо

Зоиров: Ҳукумат аз аҳзобе, ки ҳақиқатро мегӯянд, тарс дорад

Алайҳи ду ҳизби мухолифе, ки дар Тоҷикистон нисбати дигар аҳзоб дар ҷомеа мақоми бештаре доранд беш аз як сол аст, ки ҳамлаҳои иттилоотӣ сурат мегиранд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ин ҳизбҳо дар Вазорати адлия ба қайд гирифта шудаанд ва дар чаҳорчӯби қонун амал мекунанд. Ахиран дар саҳифаҳои иҷтимоии шабакаи Интернет филме бо унвони “Дар сояи мунофиқони ҲНИТ” пахш шуд, ки идомаи ҳамин гирудори иттилоотист. Бо таваҷҷуҳ ба ин “Озодагон” аз коршиносон чунин суол кард, ки шояд аз баҳри аҳзоби мухолиф гузарем?

Раҳматилло Зоиров, раиси ҲСДТ


Ба ин ду сабаби асосӣ ҷой дорад. Як сабабаш ин тарс бошад, дувум сабабаш писанд накардани қонун дар ҷумҳурӣ аст. Дар ҳақиқат ҳукумати имрӯза аз ҳар ҳизбе, ки камтар гапи ҳақро мезанад, тарс дорад. Аз аҳзобе, ки камбудиҳоро кушода метавонанду худро мухолиф унвон мекунанд, тарсашон зиёд аст. Дигар ин, ки ҳокимияти иҷроия пурра аз иҷрои қонун берун аст, парлумон ҳам аз болои он назорат карда наметавонад. Бадбахтии мо дар он аст, ки он ҳукуматдорони қонунвайронкунанда ҳеч вақт дар чорчубаи қонун ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд. Онҳо аз ҷавобгарӣ озоданд ва ин алакай ба сиёсати давлатӣ табдил шудааст.

Абдураҳмон Хонов, вакили парлумон

Низоми демократиро бе ҳизбу ҳаракатҳои мухталифи сиёсӣ тасавур кардан номумкин аст. Дар шароити имрӯза мо ба он ҳизбҳои сиёсие зарурат дорем, ки орӣ аз назарияпардозии хушку холӣ буда, ба амалӣ намудани барномаҳои мақсадҳои гуногунҷанба дар пешрафти ҷомеа, рушду тарақиёти кишвар ва ноил гардидан ба ормонҳои миллат саъю талош намоянд. Ҳизбхои сиёсие, ки танҳо бо шиорпартоиҳо ва суханпардозиҳо ба майдони мубориза меоянд, ноком хоҳанд гашт. Зеро фарҳанги сиёсии мардум рушд намудаву ба ҳама падидаву руйдодҳои сиёсӣ баҳои воқеӣ дода мешавад. Шитобкориву ҳаваси ҳарчи зудтар ба қудрат расидани ҳизбҳои сиёсӣ онҳоро ба ҳадди ифрот ва ҷиноят бурда дар назари мардум манфур мегардонад, ки ин сиёҳии худро дар марҳалаи хело тӯлонӣ ҳам наметавонанд зудуда намоянд. Зеро ин гунна ҳизбҳо дар зеҳни мардум ҳамчун ҳизби бадкору зишт боқӣ мемонанд. Рақобати солими ҳизбҳои мухталиф дар фазои сиёсии кишвар омили муҳимтарини рушди босуботи Тоҷикистон аст. Ҳизбҳои сиёсие, ки имрӯз даъвои дахолат ва монеъаэҷодкунии мақомоти давлатиро дар фаъолияташон доранд, иштибоҳ мекунанд. Имрӯз баръакс давлату ҳукумати кишвар дар асоси қонунгузорӣ ва санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ шароити муносиберо барои ташаккули ҳизбҳо ва иштироки онҳо дар маъракаҳои сиёсӣ фароҳам оварда истодааст, ки оиди ин мисолҳои хело зиёд метавон овард. Шикояти ҳизбҳо аз мушкилии пешомада далели заифӣ ва камэътибории онҳо миёни мардум аст. Ҳукумат ва ҳизби ғолиб дар низоми демократӣ ба оппозитсияи пурқуввату аз ҷиҳати ғоявӣ пешқадам ниёз дорад, ки маҳз чунин оппозитсия онро ҳушёру масъулиятшинос мекунад. Давлати демократие, ки аз пешрафт истиқбол мекунад, агар чунин оппозитсия надошта бошад, бояд онро ба вуҷуд оварад. Опозитсияи тавоное, ки дар рақобати солими сиёсӣ аст, ба гунаи мисол оинаест, ки чеҳраи воқеии ҳукуматро нишон медиҳад. Агар ин ин оинаро пора пора ҳам кунанд, ҳар як пораи он чеҳраи ҳукуматро дар алоҳидагӣ нишон медиҳад. Яккаҳизбӣ давлатро ба фориғболиву карахтӣ мебарад, ки оқибати он шикасти давлат аст. Гарчанде ҳизб масъулиятшиносу мардумӣ хам бошад. Намунаи онро аз Ҳизби коммунистии собқк Иттиҳоди Шуравӣ метавон мисол овард. Эътирозу вокуниши ҳизбҳо, ки иддаояшон монеаэҷодкунии мақомоти давлатӣ ва ёҳхизби пирӯзи ҳукумат гуиё бошад, дар марҳалаи кунунӣ дар Тоҷикистон баҳонае беш нест.

Меҳмоншоҳ Шарифзода, донишманд

Фикр мекунам ин мушкилоти ҳизби ҳоким ва мақомот аст, ки мутассифона аз уҳдаи ташкили фазои солими сиёсӣ набаромаданд. Зеро дар худ он маҳдудиятҳо ва маризиҳои таърихии солҳои 90 -умро натавонистанд шинохтан, табобат кардан ва худро ба сатҳи роҳбари воқеии мардум расонидан. Дар дунёи мураккаби имрӯз вақте ҳизби ҳоким ба худ бовар надошта бошад ва натавонад фазои гуфтугуи солимро бо ҳизбҳои сиёсии дигар ва бо мардум ташкил кунад сахт хатарзост. Ин қисмате аз падидаи аҷиби Тоҷикистон аст, ки ‘сиёсати зидди сиёсат’ (politics of anti-politics) номида мешавад. Сиёсати ‘зидди сиёсат’ дар Тоҷикистон ин равандест, ки аз солҳои аввали баъди сулҳи Тоҷикон аз худ дарак дод ва ин сиёсатест, ки мардумро аз фарҳанги сиёсӣ (шинохти худ, воқеияти худ, ҳаққу ҳуқуқи худ, доштани бехатарии иҷтимои ва вуҷудӣ...) доштан дур мекунад. Ин сиёсатест, ки ба шикасти фардият ва инсони огоҳ мебарад заминаи аслии истеҳсоли Ҷумшудҳост ва Суҳроб Шарифови гиромӣ хато мекунад вақте Путинро гунаҳгор карданӣ мешавад, намедонад ки ин ҷумшудҳо аслан ин ҷо истеҳсол карда мешаванд ва инро ба осонӣ дар симои мардону занҳое, ки ба маҷлисҳои ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон ҳар дафъа хуҷум мекунанд дидан мумкин аст. Инкори дигарандешии сиёсӣ, инкори мухолифини сиёсӣ ва ба душман табдил додани онҳо қисмате аз ин раванди ‘сиёсати зидди сиёсат’ мебошанд. Ин ҳама ташвиқотҳои зиёд дар бораи ваҳдат, ягонагӣ ва истиқлол вале кӯшиш накардан барои амалӣ кардани ин идеяҳо ва ормонҳо, ташвиқот ва амалҳо муқобили Ҳизби Наҳзати Исломӣ, тохтутозҳои мардуми кучаву бозор муқобили ҳизби Сотсиал Демократӣ ва Наҳзат намунаҳои каме аз ин ‘сиёсати зидди сиёсат’ дар Тоҷикистонанд.

Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини аввали раиси ҲНИТ

Вақте маъракаҳои интихоботӣ наздик мешаванд, ингуна ҳаводис зудтар рӯй медиҳад хусусан алайҳи он ҳизбе, ки медонанд нуфузу маҳбубият дорад. Чун мебинанд ягон айби ҷиддӣ алайҳи ҳизб намеёбанд, ба тӯҳматҳои бедалел руй меоранд он ҳам аз номҳои мустаъор дар ВАО. Вале чун дар бархе хабаргузориҳои расмии ҳукумат ҳам ин чизҳо руй медиҳад, ин баёнгари он аст, ки ҳамаи инҳо аз як сарчашма маншаъ мегиранд ва барномарезишудаанд. Ҳамаи инҳо поин овардани маҳбубияти ҲНИТ аст, ки таъминкунандаи сулҳ мебошад. Ин корҳо ба поймол кардани бандҳои созишномаи сулҳ равона шудааст. Ин корҳо аз соли 2010 ба ин сӯ шуруъ шуда ва протоколи 32-20 гувоҳи он мебошад. Касе, ки ба ин корҳо даст мезанад душмани сулҳу суботи кишвар аст, барои ҳамин мо то имрӯз ба ин корҳо даст назадаем. Дар ҳоле, ки агар мо ҳам ба ин корҳо даст бизанем, ба айбҷуиҳои сохтаву бофта руй намеорем. Агар ин корҳо давом ёбад, ин барои мо ҳам муҷаввиз мешавад, ки ба ин корҳо даст бизанем.

Алӣ Мастов, коршиноси масоили сиёсӣ

Агар ҳақиқати воқеиро бигӯям, ростӣ намедонам чаро фишор болои аҳзоби сиёсӣ мухолиф сурат мегирад. Дурусттар назар андозему таҳлил кунем, маълум мешавад, ки аз ин ҳизбҳо чизе вобаста нест. Чунки дар шароити имрузаи кишвар, онҳо дар чорчӯби оинномаҳояшон ҳатто ягон имконият ва зарфияти амалӣ кардани барномаҳои худро надоранд. Вуҷуди аҳзоби мухолиф дар кишварҳои демократӣ, пеш аз ҳама низоми назорат дар қиболи ҳизби ҳокимро фароҳам мекунад ва хатоиву иштибоҳи қудратмандонро фош месозад. Инчунин, барои рафъи камбудиҳои ҳизби ҳоким роҳ мекушояд, ки ин сабаби бевоситаи пешравии кишвар мебошад. Маврид ба тазаккур аст, ки ин яке аз манфиатҳои низоми бисёрҳизбӣ дар ҷомеъа мебошад ва бисёрҳизбӣ рақобати солими сиёсиро дар мамлакат таъмин мекунад. Ҷое, ки рақобат ҳаст, назму низом таъмин аст. Мо дар бораи он ки низоми яккаҳизбӣ дар даврони СССР (ИҶШС) ба чӣ оварда расонид, огоҳии хуб дорем.

Саидҷаъфар Исмонов, раиси ҲДТ

Бояд муайян кард, ки ин корҳо аз куҷову аз сӯи кист. Дар қароргоҳи кадом ҳизбе, ки набошад. Ҳеч имкон надорад, ки каси дигаре омада ба маҳфили онҳо дахолат кунад. Инки касе аз кӯча ё аз ягон сохтор омада маҷлиси қароргоҳро бар ҳам занад, ман маҳкум мекунам. Вале ин чиз ғайриимкон аст. Сохторҳои ҳуқуқӣ бояд инро таҳлил кунанд. Ҳодисаи руйдода болои ҲСДТ, болои ҲНИТ ҳам дар Кӯлоб руй дода буд. Дар дохили ҳар як ҳизб қувваҳое ҳастанд, ки дахолат мекунанд. Дар мо ҳам ин воқеаҳо дар қароргоҳи Суғд руй дода буд, ки ба қароргоҳамон даромада худро демократ мегирифтанд.

Абдуҳалим Ғаффоров, раиси ҲСТ

Вақте воқеаҳои руйдода бар сари ҲСДТ-ро мехонем, ки гуё аз тарафи ҳукумати ҷумҳурӣ бар сари онҳо фишор омадаст, ба андеша фурӯ меравем, ки агар ҳукуматиҳо ин корро карда бошанд, мо дарк мекунем, ки ин ҳақиқатан зӯроварӣ аст. Вале бар сари ман ин чиз аст, ки он гурӯҳҳои барҳамзанандаи маҷлисҳояшон шояд кори ташкилкардаи худи онҳо бошад, то ба ин восита обрӯву эътибори худро ба вуҷуд оранд. Ман дар ин чанд соле, ки раҳбари ҳизб ҳастам, ягон вақт зӯровариро аз ҷониби ҳукумат надидам. Вале баъзе мухолифатҳо байни мову ҳукумат бар сари барномаҳоямон вуҷуд дорад, ки вай мумкин мухолифати ҳукумат бошад. Мо аввал бояд муайян кунем, ки кори кист? Гурӯҳҳои алоҳида ё ҳукуматӣ.
Мӯҳр
олим
Аслан вакто ки нигох ба чомеъаи афгони мекуни ва ончо демократия ва ошкорбаёни ва фахмиши сисёсии мардумро мебини катъи назар аз он ки кишвари чангзада аст дар мукоиса бо Точикистон дуд аз димор мебарори!Ягона мубориза ба мукобили олами порахури ин парлумони пуркуввати бисёрхизба аст.Аз чунин парлумон Руссия ва Узбакистон ва дигар кишвархо тарс хоханд дошт.Зеро таблро онхо хоханд зад.Вокеъан будани хизбхои сиёсии пуркувват нишонаи доштани сиёсатимадори зиёд ва шоистаи тахсин аст.Чун мо хамаги хизбчахоеро дорем онхоро касе намешиносад ва хатто дар мавриди хифзи халк чизегуфта наметавонанд.

asa
Хонов ва Гаффоров холиям гуфторашон аз хакикат дур аст. АФСУС, савол мешавад, ки оё фардо дар хамин гапхои худ то чи андоза меистанд?

АСА
Суханронии рахматило зоир......мн др хми ьмри ктхм чнд мр...крочи кала-мала-тала-клап-млап-члап-... Не точикиаш маьлумай не русиаш маьлумай не узбакиаш. Маьниаш кучо бошад ман хайрон...Ана суханронии ин 2лидери2 ба ном. Хайф бар ту барин лаганбардори бегонагон...

Абу осия
Эй гафори хизби ту кисагиаст ту охир шояд 100то хам аъзо надори ту хаёл мекуни дар интихобот 210хазор имзо чам карди 5% чаро 1% овоз гирифти. Ту ба хотири мансабшуда лагандбардори хукмат шуди

Дустони азиз. Имруз пешвоёни мо ба мисли чаноби Кабириву Хусайниву Хочи Акбару Зоиров бо ин суханхои худ мехоханд шухрати худро хифз намоян. Аммо бояд фаромуш накунем, ки ин мардум ормонхои исломиву мазхабии моро поймол карданд. Инхо миллатро кидат карданд. Тамоми мардони миллатро шарманда карданд. Ин хиёнати руирост аст. Наход дар як миллати азим як мард пайдо нашавад, ки хамаатон дар зери юпкаи як зан пинхон шудед. Охирин хиёнати шумо хамин аст, ки дар интихоботи гузашта як занеро, ки на чавобгуи арзишхои исломост ва на чавобгуи арзишхои милли барои мусалмонони точик пешво баргузидед. Як хизби исломи чигуна зани сарлучу пойлучро барои мусалмонони точик пешво интихоб мекунад? Шармандавор боз овоз баланд мекунед. Ин суханхои шумо хамааш худсафедкунист... аммо руйе ки сиёх шуд онро сафед кардан мухоласт. Дуо кунед, ки дар охират Худованд биомурзадатон...

Зиё Рахмониён.,
dili hamai tojikonro gufti barodar ziyojon.

Зиё Рахмониён.,
бисер худта доно гирифти!!! Охир ин сиесат аст!!! Агар онхо пируз мешуданду гами киссаи худро мехурданд, мисли мансабдорхои имруза, баьд метавонисти чунин таьна куни!!! Инчо сабабхо хеле зиед буданд барои номзадии худро нагузоштани ин афрод, ки мисли офтоб ба хама аен аст! Аз подабон то вузаро хама огаханд аз вазьи сиесии кишвар ту боши гуе бехабари!

Тероризм экстремизм ифродгаро тахсин хамин бахонахо хам буден, ки равшанфикронро ба осони ба кунчи зиндон мебаранд. Кучост адолат?!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Феврал 2023    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)