Бахшҳо

Эшони Нуриддин зидди рафтани зан ба ҳаҷ бидуни маҳрам

Эшони Нуриддин, руҳонии маъруфи тоҷик ва яке аз бародарон Тураҷонзодаҳо рафтани зан ба зиёрати Хонаи Худоро бидуни маҳрам (шавҳар, писар, бародар, тағову амак ва ҷиян) нораво хондааст.

Ин руҳонии маъруфи тоҷик дар посух ба суоли корбари торнамои Turajon.org, гуфтааст, “ба ҳаҷ рафтани зан бе маҳрам назди аксари олимон ҷоиз нест ва вуҷуди маҳрамро барои зан дар сафар ба ҳаҷ шарт кардаанд.

Эшони Нуриддин дар шарҳи гуфтаҳояш илова кардааст, ки танҳо бар асоси мазҳаби Имом Шофиӣ агар зан барои адои ҳаҷҷи фарзӣ бидуни маҳрам бо занҳои боэътимод сафар кунад ҷоиз аст. Аммо ба гуфтаи ӯ, дар ҳаҷҷи нафлӣ тамоми олимон ҳузури маҳрамро барои зан шарт донистаанд: “Дар ҳаҷҷи нафлӣ назди тамоми олимон ва ҳатто шофииҳо бе маҳрам сафар кардани зан ҷоиз нест.

Ин дар ҳолест, ки Юсуф Қарзовӣ, раиси Иттиҳоди мусулмонони ҷаҳон, ахиран бо судури фатвое сафари занонро ба Ҳаҷ бидуни маҳрам раво хонда буд. Қарзовӣ ба суоли яке аз корбарони торнамои “qaradawi.net” гуфт, ҳар чанд аз Паёмбар (с) аҳодисе дар мавриди мамнуъ будани мусофирати зан дар танҳоӣ омадааст, вале дар замони мо бонувон дар сурате, ки маҳрам надоранд, метавонанд худ ба зиёрати хонаи Худо раванд. Ба гуфтаи Юсуф Қарзовӣ, сафарҳои ҳозира ба мисли сафари давраҳои пешин хавфу хатари зиёд надорад. Ӯ мегӯяд,“имрӯз шумораи зиёди мардум дастҷамъона тавассути ҳавопаймо, автобус ё киштӣ ба Ҳаҷ сафар мекунанд, ки дигар ҳарос аз рӯбарӯ шудан бо дуздону роҳзанон дар роҳ боқӣ намондааст.

Ҳаҷ аз ҷумлаи аркони панҷгонаи дини мубини Ислом аст, ки барои ҳар мусалмони ба балоғатрасида ва тавоно фарз мебошад. Ҳамасола аз Тоҷикистон ҳудуди шаш ҳазор барои зиёрати Хонаи Худо ба Макка мераванд.

Соли гузашта, пардохти маблағи ҳаҷ 17 ҳазору 625 сомониро ташкил медод, ки ба гуфтаи мақомоти тоҷик ба ин хизматрасониҳо пули чипта ё билети ҳавопаймо (рафту бозгашт), иҷораи меҳмонхона дар шаҳрҳои Маккаву Мадина, се бор ғизо дар як рӯз, хидмати роҳбаладон, кумаки аввалияи тиббӣ, эмгузаронӣ зидди касалиҳои сирояткунанда, ҷузвдон, либос ва ғайраҳо шомиланд.
Мӯҳр
Равшан
ин эшон ё сари худашро мехурад ё сари хами мусулнонхои точика ба ин фатвохош. дод аз дасти муллохо!

вазир
озодагон кимоб шудем кати хами насихатхои эшонхо. дигар мавзуъ нест ми? ягон руз аз дасти хамин муллохо метарсам ки тарки Ислом бузург мекунам

рови
бехтараш эшон Нуриддин бригадирашон шаваду занхоро ба Хач бурда биёрад

Тарафдори Эшон
Точикони зардушти ва номусулмон ман аз шумо эхтиромона хохиш дорам то дар ч,ое, ки сухане аз ислом аст ворид нашавед! Зеро шумо гумрох ва чинзадаед мабодо инфаркт ё инсульт шавед. Эхтиёт шавед!

Дар хаки Эшонзода сухани кабех гуфтан ин ахмакист. Он касоне,ки сухани бечо гуфт у ки набошад ту бародар холо аз ислом дур хасти ё ки мусулмон нест. Бедор шавед намоз хонед .Аз худо руску рузи халол ва бахти фарзандон талаб кунед. Худо хидоят кунад .Худо хофиз.

Асалом бародар вазир аз сари нав калимаи шаходат рону зан дошта боши аз сари нав никох кунРавшан,

abduLLoh
salom barodaron; AZ KHUDO BITARSED. hangome,ki dar borai dinu shariat ilmi komil nadoshta boshi khubtarash khudro gunahgor nakunu harhel savsataro nanavis. khudovand eshona nogoh bidorad.OLLOH hamai moro hidoyat kunad

Равшан
Мухочир,

як кори хуби хами эшонатро гуй ку ки барои фоидаи давлат ва халки точик бошад. сабаби хамаи нооромихои чомеъа на танхо дар Точикистон балки дар тамоми дунё хамин эшонхоанд.

демократ
Эшон чанги 1941- 1945 сар кард, евра майдана дар украина ташкил кард, грузия ва украинаро аз СНГ чудо кард, замина ва хитой фурухт, эшон светмон намета, эшон Югославияро ва СССР -ро аз байн бурд, вой дод аз дасти эшоно!!!

равшан
демократ,

Токат кун хамаи ин евромайдану, чангу чидол ба наздики дар Точикистон хам мешавад, агар лачоми ин эшонхоро накашем

ромиз
суоле дорам ба мусалмонони суннимазхаби Точикистон. Бародарони азиз ба ман бифахмонед, ки хамин истилохоти шумо "Мулло" ва "" Эшон" аз лихози лугави чи маъни доранд? Пайдоишашон аз кадом забон аст? чаро дар забони ИСЛОМ -АРАБИ чунин калимахо вучуд надоранд???

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)