Марафон дар Душанбе: Ин дафъа Убайдуллоев ба кӣ хона медиҳад?
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе ба сохторҳои марбутаи шаҳрдорӣ супоиш додааст, ки барои гузаронидани чорабинии ниммарафони V-и байналмилалӣ омодагӣ бинанд.
Тибқи иттилои шаҳрдории Душанбе ниммарафони V-и байналмилалӣ ба муносибати Рӯзи пойтахт 19-уми апрел дар шаҳри Душанбе гузаронида мешавад.
Тибқи қарори Убайдуллоев, Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар Душанбе ҷиҳати ҷалби сарпарастон барои саҳм гузоштан дар баргузории ин мусобиқа ва мутобиқ намудани он ба сатҳи байналмилалӣ, масъул мебошад.
Ин дар ҳолест, ки соли гузашта дар арафаи ниммарафони байналмилалии Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев барои иштироки фаъол дар чорабиниҳои варзишии пойтахт ба Зайдуло Мирови 82-сола дар кӯчаи Борбади пойтахт хонаи якҳуҷрагӣ дода буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |