Бахшҳо

Андоз аз талабаҳо ва беморон лағв мешавад?

Абдуқодири Рустам

Пули таҳсили писарамро дар мактаби хусусӣ барои нимсолаи дувум пардохтам: 2500 сомонӣ. Ҷамъан барои соли таҳсили 2013-2014 5000 сомонӣ, болиғ бар як ҳазор дулори амрикоӣ.

Аммо ҳамаи ин маблағ барои мактабу муаллимонаш – ҳаққи ҳалолашон аст, - нест. Аз ин маблағ 900 сомониро ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегирад, ин пардохт ном дорад андоз бар арзиши изофа, ё ба забони расмию маъмулӣ: НДС.

Чанд сол пеш соҳибмағзи бузурге, ки дилаш барои халқу кишвар метапад, шояд баъд аз чандин шабҳои ғута задан ба баҳри бехобӣ ба гавҳари фикри амиқе расид, ки барои пур кардани хазинаи давлат аз мактабҳо ва бемористонҳои хусусӣ, ба ҷуз андоз аз даромад, боз НДС низ ситонида шавад, вагарна давлат бо ин вазъи иқтисодӣ, ки дорем, ба зудии зуд барои пардохти моҳонаи муаллимон ва пизишкон ва нафақапулии бознишастагон бо мушкили молӣ мувоҷеҳ хоҳад шуд. Ва аз се соли пеш шуруъ карданд ба гирифтани НДС аз талабагони мактаб ва беморон. Ва инак се сол аст, ки ман аз тариқи таҳсили писарам ҳам дар иҷрои барномаҳои иҷтимоии давлат саҳм мегирам ва ҳам саҳме аз шукронаҳои ҳармоҳаи бознишастагон, пизишкон ва муаллимон дарёфт мекунам.

Чанд нафар даҳан пур кардаанд, ки ба ман посухи қотеъ ва қонеъкунанда бидиҳанд ва мегянд: давлат НДС-ро на аз талабаву беморҳои мактабу бемористонҳои хусусӣ, балки аз моликони ин мактабу бемористонҳо мегирад! Давлати мо мутобиқ бо моддаи аввали Сарқонун давлати иҷтимоӣ аст ва мо ҳаргиз аз насли оянда ва шахси афтодаву барҷомонда андоз намеситонем ва ба касе ҳам ичоза намедиҳем ин номаъқулиро бикунад. Аммо ин ҷавоб маро қонеъ намекунад, ман пузханде мезанам ва мехоҳам мутобиқи масали машҳур сукут ихтиёр кунам. Вале на ба ин чанд, ки ба чандин ҳазор нафаре, ки ба ҳар ҳарфи ин чанд нафар бовар мекунанд, бояд посух бидиҳам. Ва инак, посух мегӯям.

Моликони чи мактабҳои хусусӣ ва чи бемористонҳои хусусӣ, солҳо пеш аз он ки соҳиби мағзи бузург ахзи НДС-ро аз ин мактабу бемористонҳо (ва дармонгоҳу бунгоҳҳои тиббӣ) пешниҳод кард ва соҳиби мағзҳои бузурги дигар пазируфтанд, хароҷоту масрафоти худро ҳисоб карда, мизони даромадашонро муайян намуда, нархномаҳо (таърифаҳо)-яшонро дар Ожонсии зиддиинҳисорӣ таъйиду тасдиқ карда буданд ва чун ахзи НДС амалӣ гардид, онон ҳеч илоҷе ба ҷуз илова кардани маблағи ин НДС-и 18 дар садӣ бар нархнома (таърифаҳо)-яшон надоштанд, магар ин ки мактабу бемористонҳояшонро аслан таътил бикунанд. Ва аммо гузашта аз ин, донишомӯзони мактабҳои хусусӣ (волидонашон), беморони бемористонҳои хусусӣ, моликони ин мактабу бемористонҳо амалан ба давлат ду бор НДС ( ё ҳар андози дигар, ки бигӯем), пардохт мекунанд. Ин 18 дар садӣ НДС-и дувум аст. Вале пеш аз он, бори аввал, вақте ки талабагон дар паси мизи мактаби хусусӣ менишинанд ва ё беморон дар рахти бемористони хусусӣ мехобанд; агар Вазорати маориф барои як ҷойи нишасти мактаби давлатӣ дар як соли таҳсил фаразан, 200 сомонӣ сарф бикунад, ба мактаби хусусӣ рафтани як нафар донишомӯз, масалан, ҳамин писари ман, боис ба сарфа шудани 200 сомонӣ мешавад. Агар барои як бемор дар бемористони давлатӣ дар як шабонарӯз, фарз кардем 5 сомонӣ ( ба гуфтаи вазири тандурустии Тоҷикистон давлат рӯзона барои ғизои як бемор 1 сомониву 32 дирам ва барои доруи ӯ 1 сомониву 45 дирам ҳазина мекунад, агар моҳонаи пизишкон, парасторон ва санитаркаҳо ва нигаҳдории бино ва хароҷоти дигарро илова бикунем, тақрибан 5 сомонӣ ҳосил мешавад) ва барои дармони даҳрӯзаи ӯ 50 сомонӣ масраф шавад, бо рафтани ин бемор ба бемористони хусусӣ давлат 50 сомонӣ сарфаҷӯйӣ мекунад. Агар кори бемор ба ҷарроҳӣ оид шавад, хароҷоти давлат ба маротиб афзуда аз 2000 то ба 20 000 ҳазор сомонӣ мерасад. Яъне ҷарроҳии як бемор дар бемористони хусусӣ боиси сарфаҷӯйӣи 2000 то 20 000 сомонии давлат мешавад. Ва агар ин рақамҳоро ба як ҳазору даҳ ҳазор зарб занем, мизони тақрибии сарфаҷӯйии давлатро аз ҳисоби мактаб ва бемористонҳои хусусӣ дар як сол ҳосил мекунем. Ва давлат аз ин ҳисоб метавонад масрафот барои мактабҳо ва бемористонҳои давлатиро афзоиш бидиҳад, сифати таълиму дармонро беҳтар кунад. Аммо кумитаи андози давлат ба ин қонеъ нест. Вай боз аз талаба (насли оянда) ва бемор (шахси барҷомонда ва гоҳе по лаби гӯр) 18 дар сад андоз меситонад. Ва бидуни азоби виҷдон моддаи 12 Сарқонунро, ки баробарҳуқуқӣ ва хифзи ҳамаи шаклҳои моликиятро кафолат додааст, нақз мекунад.

Чанд даҳани дигар пур аст, ки ба ману мо бигӯяд, туро ки гуфт, ки писаратро ба мактаби хусусӣ бар, шуморо ки гуфт, беморатонро дар бемористони хусусӣ ҷарроҳӣ кунед.

Ин ҳарфҳо низ музахрафу аблаҳонаанд. Вале, чун дар нуги забони касони зиёд чарх мезананд, бошад, посух мегӯем: ману моро худи хукумат гуфт, дақиқтар бигӯям, ҳукумат маҷбур кард, чунки дар натиҷаи сиёсати иқтисодии ҳукумат, дар натиҷаи мудирияти бесалоҳияти мудирони интисобкардаи давлат, дар натичаи хусусикунии бесарусомон ва бидуни барнома, дар натичаи хешбозиҳову маҳалбозиҳо касоне ба мудирияти корхонахо мансуб шудаанд, ки аслан тавоноии ин корро надоранд, ва боз сабабхои бисёр…. Дар натича рузе, ки бо ҳамҳамаю дамдама корхонаи наверо ба истифода медиханд ва кафки дахон мепаронанд, ки 120 нафарро бо ҷойи кор таъмин карданд, ду корхонаи дигар таътил мешавад ва 240 нафар ба сафи бекорону Русияравон афзуда мешавад… Пул қарз гирифта неругоҳ месозанд ва чун мавсими сармо фаро мерасад, неругоҳ кор намекунад, вазири энержӣ шарҳ медиҳад, ки сохтани обанборро фаромӯш кардаанд…. Дар натича хазинаи давлат холист, дар натича ба пизишку муаллим моҳонае медиҳанд, ки ба панҷу даҳ рӯз мерасад ва бист- бисту панҷ рӯзи дигар рӯзгораш чи тавр мегузарад, худашу Худо медонанд… Дар натиҷа муаллим ба Русия меравад, ароба мекашад, хишт мечинад, битон мешӯрад, кӯча мерӯбад…, пизишк меравад ба Русия, ба Афғонистони ноором, ба Ямани муташанниҷ, ба Сомалии дар ҳоли ҷанг… ва дармон дар бемористонҳо ба сатҳи ниҳоятан паст мефурояд, таълим дар мактабҳо ба сатҳи ибтидоӣ таназзул мекунад. Ва ҳар ки андаке маблағ дорад, ҳар ки дар ғами оянда аст, фарзандашро маҷбур аст, ба мактаби хусусӣ бидиҳад, ҳар ки андаке маблағ дорад, аз ину он қарз гирифта илова мекунад ва падар, модар, зан, бародар, фарзандашро ба бемористони хусусӣ меорад. Ҳукумат маҷбурат мекунад ва боз ҳукумат хурсанд аст: агар пул дорӣ, ки фарзандатро дар мактаби хусусӣ бихононӣ, агар пул дорӣ, ки падаратро дар бемористони хусусӣ ҷарроҳӣ бикунӣ, агар қарзи падариву қарзи фарзандиро ба таври аҳсант иҷро мекунӣ, офаринат бод, аммо қарзи шаҳрвандиятро низ фаромӯш макун, НДС-и таҳсили писарат ва ҷарроҳии падаратро низ пардохт кун, дар ин кишвар дигарон ҳам фарзанд доранд, дигарон ҳам падар доранд….

Ҳамин тавр ҳукумати мо аз хисоби насли ҷавон, ки ояндаи кишвар аст ва аксаран насли гузашта, ки ин кишварро бо дастони худ сохтаанд ва имрӯз бемор шудаанд ва ниёз ба дармони босифат доранд, пул кор мекунад ва барсарӣ ин амрро барои манфиати ҷомиъа ва пешрафти кишвар тавҷеҳ медиҳад.

Лутфан иҷозат диҳед, бовар накунам. Ва бовар намекунам.

Ба фикри ман кори хубе хоҳад шуд, агар ба хотири оядаи кишварамон ва барои беҳбуди вазъи иҷтимоии ватанамон, Маҷлиси кишварамон як бор ҷуръат зоҳир бикунад, мубтакири амали хайр бишавад ва дар қатори ширкати хусусии британии IRS мактаб ва бемористонҳои хусусии тоҷикистониро ҳам аз пардохти андоз озод кунад. Охир, саронаи тавлиди нохолиси дохилӣ дар Британия 39042 дулор ва саронаи тавлиди нохолиси дохилӣ (ВВП) дар Тоҷикистони азизи мо 1050 дулор аст… Охир он ҳиммат ба кишвари сарватманд ва ин хасосат нисбат ба кишвари фақир чӣ маънӣ дорад?! Ин пешниҳод ба унвони орзуи Наврузӣ ироа мешавад.
Мӯҳр
99
Бале!
Ин дарди дил аст! Дарди дилест, ки онро ақли солим идора мекунад!
Вале, сад афсус, ки мо ду норасоии бузург дорем. Аввал ин, ки аксарияти мардуми мо бо сабабҳои нодонӣ ва ё дуруст дарк накардани ҳолат мубориза намебаранд ва аз поймол шудани ҳуқуқи худ парвое надоранд. Дуввум ин, ки давлати мо донистаю надониста мардуми худро ғорат мекунад ва бо ин роҳ мехоҳад салтанати худро ҳифз кунад. чунки масъулони мо қудрати аз ин зиёдтар фикр карданро надоранд ва одат кардаанд, ки бо роҳи осон пул кор кунанд.
Ба андешаи ман, агар мо то мубориза бурданро ёд нагирем ва ба хотири оянда роҳи дурусти зиндагиро барои худ ва фарзандонамон интихоб накунем, ба мақсад намерасем!

IRS domod hast. Tabibon va omuzgoron domod shuda nametavonand.

Худованд миллатеро сарвари дод,
Ки такдираш ба дасти худ бинвишт.
Бадон миллат сару коре надорад,
Ки дехконаш барои дигарон кишт!

Салом алейкум . Бехтарин сухану бехтарин тахлили иктисоди ва ичтимоию хукуки аз нигохи псхологи аъло, МУХТАРАМ МАСЪУЛОНИ СОХТОРХО КАМЕ ФИКР КУНЕД, КИ НОМИ ШУМОРО МУХТАРАМ ДАР НОМАВУ АРИЗА БАЁН МЕКУНАНД, МУХТАРАМ БОШЕД НА МУТТАХАМИ ВАЗИФА. каблан сипосгузора барои чоп ''озодагонам''

Барои таквияти андешахои бародари мухтарам-Абдукодир илова карданиям, ки мактабхои хусуси гайр аз андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз даромад, инчунин 25-26 фоиз аз маоши таъингардида ба Хазинаи Хифзи Ичтимои, 1 фоиз ба Хазинаи Нафака, ба назарам 2 фоиз Андози Рохо иловатан кисми зиеди мактабхои хусуси хуроки нисфирузи дода, тамоми харочоти барку обро хамчун корхонаи тичорати пардохт мекунанд, тамоми маводи таълимиро, ба шумули мизу куси, тахтаи синфию китобу маводи аению ерирасон, компютуру дигар маводи ташкили, маду тачхизоти лабораторияхою кабинетхои таълими, таъмири биною нав ба нав кардани тамоми маводи номбурдаро низ аз хисоби хамин маблаг пардохт менамоянд. Хулас ба назарам аз нисф зиеди маблаги волидайни хонандагон ба хазинаи давлат меравад. Ногуфта намонад, ки хар як мактаби хусуси 80-90 нафарро ба чои кор низ таъмин мекунанд. Дар макотиби хусуси сифати таълим низ ба маротиб бехтар буда, тамоми дастовардхои мактаббачагони Точикистон дар олимпиадахои байналмиллали низ танхо аз хисоби шогирдони макотиби хусуси таъмин мегардад ва хатто мактабхои хусусие низ хастанд, ки шогирдонашон аслан берун аз Точикистон тахсил менамоянд ва то чое, ки ман хабар дорам хорочоти сафари хонандагон чихати иштирок дар олимпиадахои гуногун низ аз хисоби хамин маблаги супурдаи волидайн пардохта мешавад ва новобаста аз он, ки шогирдони ин мактабхо хамчун аъзои дастаи мунтахаби Точикистон баромад мекунанд, давлат дар ин харочотхо ягон зарра сахмгузори намекунад. Ба замми хамаи ин тамоми макомоти давлати дар тамоми зинахо ба мактабхои хусуси хамчун ба фарзанди угай назар карда, ба чои то ба сатхи дониши шогирдони ин мактабхо расонидани дониши хонандагони макотиби давлати, кушиш менамоянд, тавасути санчшхои бешумор то дониши шогирдони маотиби хусусиро пастар намоянд.

rost mega-bemorxonai karobolora xujandiho xaridaand.vakte megui charo 500 dolar megiri?meguyad ki ha ba bolovu vazirho dolyacha metiem baroi hamin ukojon.

Бале хакасту рост. кори мекардагии инхоро имрузхо мебини девона (псих) меши. умуман заррае дар фикри мардуму халк нестан инхо. барои ки хама хукумат дорхои мо факат ва факат манфиати худро фикр мекунанд на мардуми бечораи Точик ро.
ба як одами содаю бе акл ин худ маълум аст ки дар Точикистоне ки аз ним зиёди ахоли бекор асту парвои ин халкро касе надорад маъош 200 сомони асту чарима (штраф) 1000$ доллар. ба инхо фарк надорад ки ту ин маблагро аз кучо меёби.

Бале хакасту рост. кори мекардагии инхоро имрузхо мебини девона (псих) меши. умуман заррае дар фикри мардуму халк нестан инхо. барои ки хама хукумат дорхои мо факат ва факат манфиати худро фикр мекунанд на мардуми бечораи Точик ро.
ба як одами содаю бе акл ин худ маълум аст ки дар Точикистоне ки аз ним зиёди ахоли бекор асту парвои ин халкро касе надорад маъош 200 сомони асту чарима (штраф) 1000$ доллар. ба инхо фарк надорад ки ту ин маблагро аз кучо меёби.

Ман корманди давлати хастам, мохонаи мегирифтаам ба як мох намерасад, мачбур мешавам карз мегирам, хамин давлатдори шуд магар? Муаллими донишгох интизор аст, ки кай мавсими санчишу имтихон ваа рейтингхо огоз мешавад, ба ин системаи давлатдори мо то кучо хохем расид. Хамаи сохторхо фалач, ба фикри ман Хукумати Точикистон бо ин тартиб дер намепояд.

Ватандустдор
Бале, суханони Шумо бомавридан бародари азиз. Барои пеш рафтани миллат ва тараки додани иктисодиёту рузгор милати точик мо ва сардорону пешвойони мо бояд сохаи илму маорифро аз тамоми чихатхош дастгири намоянд. Агар не дигар илоче надорем!!!!!!!!!!!

Кухистони Мастчох
Бисёр фикри оли
Лекин афсус, маошро зиёд мекунанд, то паёми навбати ба кодекси андоз тагирот ворид мекунанд, ки фикр мекунанд ин мардум хеч чизро намефахмаду ва намедонад!
Саломабт боши Абдуқодири Рустам

Bisyor olli ! Ustod Abduqodir voqiyan zulme , ki in davlatu hukumat ba millat ravo dida istodaast dar hej qavme hej shohe ba millati hesh chunin zulmro ravo nadidaast. Maosh 300somon yo 500 somon, pulli barq dar zimiston to 250 merasad . kase , ki 300 somon mohona megirad majburast , ki dast ba rishva va yo duzdiyu qoratgari zanad . Xok bar sari in davlatu hukumatu hukumatdoron ! Hudo bigirad in chunin zomoni bezamonaro. Yak musht abosh darlatro tasaruf kardaandu ba huquq va haqi mardum tajovuz mekunand.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)