Бахшҳо

Баҳси додгоҳӣ алайҳи Зоиров 7-уми апрел оғоз мешавад

Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мегӯяд, бо аризаи даъвогии хонаводаи маҳбус Маҳмадраҳим Саидов, ки ӯро дар дурӯғгӯӣ муттаҳам мекунанд, шинос шудааст.

Зоиров дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт нахустин мурофиаи даъвои хонаводаи Саидовро нисбати ӯ рӯзи 7-уми март соати 10:00 таъин кардааст: “Ман бо аризаашон шинос шудам ва худам аризаи мутақобила дорам, ки пешниҳод хоҳам кард. Инчунин баъзе эродҳои дигар дорам, ки ба зудӣ онҳоро нашр мекунам.”

Мавлудҷон Салихов, вакили мудофеи хонаводаи Саидовҳо, дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, имрӯз, 31-уми март дар додгоҳи Сино шиносоии ҷонибҳо бо парванда гузашт. Қаблан хонаводаи Маҳмадраҳим Саидов, маҳбуси зиндони рақами 1-и Душанбе, бо ирсоли аризае ба Додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт Зоировро ба пахши ахбори гӯиё бардурӯғ муттаҳам дониста, 10 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ хостанд.

Салихов мегӯяд, ин ариза аз номи Сафаралӣ Саидов, бародари Маҳмадраҳим, навишта шуда, ӯ инчунин аз додгоҳ хостааст, барояшон 1,5 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари моддӣ, ки дар пайи нашри ин хабар бардоштаанд, бирӯёнад. Ӯ дар аризаи даъвогӣ аз ҷумла навиштааст, “ҳамсару духтараш ва ман аз шунидани ин маълумот азоби рӯҳӣ кашидем. Ҳамон замон барфи сахт борида буд ва роҳкиро аз Ҳамадонӣ то Душанбе хеле гарон шуда буд. Ман ва се хешамон як таксиро гирифта, ба Душанбе омадем. Баъди омадан бо бародарам ҳамсуҳбат шуда дидам, ки ҳамаи маълумот дурӯғ будааст ва ӯ изҳор дошт, ки саломатиаш хуб аст.”

Раҳматилло Зоиров, раиси Консорсиюми юридикӣ, ки раҳбарии Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистонро низ бар ӯҳда дорад, рӯзи 6 феврали соли ҷорӣ дар саҳифаи Фейсбукаш навишт, бино ба хабарҳое, ки дарёфт кардааст, гӯиё Маҳмадраҳим Саидов дар утоқи ҷаримавии маҳбаси рақами 1 фавтидааст. Зоиров гуфта буд, Маҳмадраҳим зодаи ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон буда, яке аз шоҳидони марги Ҳамза Икромзода ба ҳисоб меравад.
Мӯҳр
Ширинбек
Зоиров дигар ба чунин найрангхо дода нааш, ки ин чохилон турохам бе ягон асос ба зиндон равон мекунанд!!!!

Ширинбек,
Бародар дигар одам наефти тарафдори куни!!!!! Ай хами хичои охирони номат (бек) малум ки тарафдори хамун миллати "хуби"!!!!!!!!

Зоиров,о ту худат юрист.Грошь цена такому юристу как ты,если не можешь отреагировать на такие провокации.))b]Ширинбек[/b],
[b]Ширинбек[/b],

Зоиров чизе ки ба чаши надиди нагу, ки ин рохои давати ту ба зиндонаст ва аз хабархои другу тухмати инхо мардум чон ай даст додан хисоб не лекин Шумо пули ситрамони харидагии инхоро мегардонед ие да Властан ку и ариза нависам да нафсш расидан условия монда аризаша гирифтан.

ЗОИРОВ ШАХСИ БОАДОЛАТУ ХАКЧУ АСТ ВА ХЕЛЕ ХАМ БОМАДАНИЯТ МЕБОШАД. АНА БАРОИ ХАМИН ЧУНИН ШАХСОНРО ТУХМАТ КАРДАН ОСОН АСТ. БАРОИ ЗОИРОВ МУВАФФАКИЯТХО ХОХОНАМ.

Ширинбек
Мах,
Ту лаганбардори карда гард аз пушти хамон хочахоят !!!!

Салим
ДУШАНБЕ,
Шахси бо мадданияту хакчу хеч гох гапи дуруг намезанад бародар. Касе чизе гуяд аз кафояш гуфтан мегирад? Камакак фикр кун. Товба и мардуми мо кур шидан чи бало. Кадом рузе падару модарашона як тараф монда Зоирова падар мегиран барои Худ.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)