Бахшҳо

АКСУ ВИДЕО: Эътироз аз пахши хабар дар бораи “пулҷамъкунӣ ба пешвози президент”

Ҳумайрои БАХТИЁР

Баъд аз зӯҳри 31-уми март, гурӯҳе аз намояндагони ҳукумат, вакилони маҳаллӣ ва сокинони Файзобод бо нишони эътироз аз пахши хабар дар мавриди “пулҷамъкунӣ барои пешвози президент дар Файзобод” назди бинои Маҷмааи табъу нашр (ГЖК) дар Душанбе ҷамъ омаданд.

Сайбӣ Раҷабова, муовини раиси ноҳияи Файзобод дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, ки хабари мазкур ҳеч асоси ваоқеӣ надошта, касе дар арафаи боздиди президент –Эмомалӣ Раҳмон аз ин ноҳия аз сокинон пул ҷамъ накардааст: “Мо вақте ин хабарро дидем, як ҷаласа баргузор намудем. Ин хел овозаҳо набуд, ки маблағ ҷамъ карда кореро анҷом бидиҳанд. Ҳар як сокини маҳаллӣ вазифадор аст, ки дари хонаи худашро сафед кунад, тоза кунад, обод кунад. Барои ободиву зебоии диёраш ин корро анҷом додан лозим. Аммо махсус барои омадани ҷаноби олӣ маблағ ҷамъ карда истодаанду, кори махсус бошад, ҳамаи ин гапҳо бардурӯғанд.”



Сайбӣ Раҷабова гуфт, ки барои таҳлили ин иттилоъ ба Душанбе омадаанд. Дар ҳамин маврид Раҷаб Назиров, сокини ҷамоати Мискинободи ноҳияи Файзобод низ дақиқ будани хабари мазкурро рад карда, мегӯяд, ки агар масъулин барои пулҷамъкунӣ супориш медоданд, сокинони деҳаи онҳо низ ҳатман огоҳ мешуданд: “Барои чӣ ба як деҳа фармон медодаанду ба деҳаи дигар не? Ба назари ман касе аз ин вазъият сӯиистифода мекунад. Дар асл ҳамасола дар баҳор сокинони ҷамоату деҳаҳои Файзобод барои ободкорӣ, сафед кардани хонаҳо машғул мешаванд ва барои ин касе пул ҷамъ намекунад.”



Иддае аз намояндагони мақомоти ноҳияи Файзобод бо масъулини оҷонсии хабарии “Азия плюс”, ки нахустин шуда, хабар дар бораи пулҷамъкунӣ аз мардуми Файзободро пахш карда буд, мулоқот анҷом доданд.

Зебо Тоҷибоева,
мудири иҷроияи оҷонсии хабарии “Азия плюс” дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, ки дар мулоқот намояндагони мақомоти Файзобод саҳеҳ будани ин хабарро комилан рад кардаанд: “37 вакили маҳаллӣ, мақомот ва сокинон омадаанд. Онҳо талаб доштанд, ки мо сарчашмаи иттилои худро ифшо намоем, дар акси ҳол ба додгоҳ муроҷиат хоҳанд кард. Албатта сарчашмаи иттилои мо ҳозир буданд, биёянд ва бо вакилону раисони худ суҳбат кунанд. Аммо мо ба хотири халал нарасондан ба зиндагии минбаъдаи онҳо дар Файзобод аз ин кор худдорӣ кардем.”

Зебо Тоҷибоева мегӯяд, ки сару садоҳое ба ин монанд бори нахуст нест, ки паҳн мешавад. Ба гуфтаи мудири иҷроияи оҷонсии хабарии “Азия плюс” эҳтимол чунин “супориш” аз боло нашуда бошад, аммо ба ҳар сурат Файзобод ягона ноҳия нест, ки чунин корҳо сурат бигирад: “Албатта мақомоти ноҳияи Файзобод рад карданд ва мо ин мавқеи онҳоро дар сомонаи худ ҷой медиҳем. Аммо дар сӯҳбат бо мо онҳо тасдиқ карданд, ки дар баҳор тасмими аз берун сафед кардани манзили зистро доштанд, аммо барои ин кор маблағ ҷамъ намекунанд.”

Субҳи имруз 31-уми март хабар нашр шуд, ки гӯиё мақомоти Файзобод барои пешвози Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз мардуми ноҳия 50 сомонӣ талаб карда истодаанд. Гуфта мешавад, ин маблағҳо барои рангубори хона зимни сафари раисиҷумҳур ба ноҳияи Файзобод, ки 10-уми апрел дар назар аст, пешбинӣ шудаанд.


АКСУ ВИДЕО: Эътироз аз пахши хабар дар бораи “пулҷамъкунӣ ба пешвози президент”

АКСУ ВИДЕО: Эътироз аз пахши хабар дар бораи “пулҷамъкунӣ ба пешвози президент”

АКСУ ВИДЕО: Эътироз аз пахши хабар дар бораи “пулҷамъкунӣ ба пешвози президент”

АКСУ ВИДЕО: Эътироз аз пахши хабар дар бораи “пулҷамъкунӣ ба пешвози президент”
Мӯҳр
Файзободи
Бале Азия Плюс рост мегуяд чи рутона лахча барин сиёх мекуне аз хама пул чамъкадестен бо шарм надошта мехезед эътироз мекунед.Азия Плюс молодец мо хама вакт дастгири мекунем шумоя .........

карим
Хайр призидент меояд омадан гирад аз мо чи пул мепурсед?Хамон хукумати Рахмон пул чаьм карда пешвозаш гиранд.ай омаду рафти рахмон ба мо фоидае нест 20-сол шид меояду меравад хеч бехбудие нест.боин 50 сомон 5-руз нон мехарум.

ахтам
Чаноба пули партоянд 5-10 хазор долари пешвазаш бигирем

Банда
Ин хукматихо ду руйахоянд шармандаги аз халки бечора корашон пулситони 1000 сомон маош доранд аз кучо мошин мехаран Худо медонад Худованд хидояташон кунад омииин

банда
салам алайкум шармандаги шармандаги вой бар холи Шумо безор шудай мардум

рахим
ха ха - чаро ки ба дущанбе омаданд??

Ин кадар вохима накунед !!! Хато ба кур маълум аст, ки ин провокация, янеъ игво аст. Аммо нафароне, ки ин фитнаро андохтанианд пахлуи дигари корро фаромуш кардаанд. Шумо, янеъ он нафароне, ки хабари бардуругро дар хусуси чамъ кардани пул пахн кардед, саводи дурусти сиёси надоред! Раиси нохияи Файзобод кадри нав аст дар нохия ва хеч гох худро бо чунин рох паст намезанад. ВОЙ БАР ХОЛИ ХАМАИ ШУМО, ОНХОЕ, КИ ДИГАР НАМЕДОНЕД, КИ ХУКУМАТРО ЧИ ГУНА СИЁХ КУНЕД !

Рахмдил
Хамин Сайби Рачабова руи рост дуруг мега.Агар ки омадани буд худаш танхо меомад,чиба депутатора гуё эътироз бардоштияну хеста омадиян.Ягон нафари оддиро мебинен , нест! бафикрам аз кори кардаашон пушаймон шудану хестан омаданки оправдат кунан худшона.беши хонаи худшона бинен агар ягон кор кардаги нест.агар укадар ватандуст боша акаш Усмон баромада дар корхои ободонии кишлок сахм мегузора.факат кораш разборая ки ина ма намекнам вайша ма намекунам.Гапи раиси кишлока гуш намекуна ва хо казо.

Фарид
Сад дар сад пулчамкуни барои омад омади президент ростай!!!! И одамое, ки хозир меган,ки мо просто хамита омадему пул чам накардем хамаш дуруг меган!!!!

Э мутахамон дигар кор наёфтен,ки аз мардум пул чам кунен!!!

99
Ҳамааш кори "Азияплюс" аст, ки мехоҳанд мамлакатро бо хабарҳои бардуруғи худ ноором кунанд.
Инҳо шайтонро фиреб медиҳанд, чунки муаллимашон рус аст!

Охи Рута сиех накн дед интернета интернет шнидай т обруи набдагира резонди т хта то ичозат Натан е фармон Натан Миллата фурушан чой гармта хнк намекни ай что хеста

Беном
Вой бар ҳоли шумо барин ҳукуматдорон!

Хуршед рост мегуи бародарам, ин азия плюс ва озодагон вактхои охир гузаронда истодаанд. Чойкунии Дар сомонахояшон фитнаю игво хукми аньанаро гирифтааст!

Рустам
Хамин журналисти ноухдабаро, ки шуди, окибаташ хамин. Наметони навишта нанавис охир. Таърифй навишта гард. Асос надори, гапата касе тасдик намекунад. Мардума саргардон карда аз нохия оварди, айб аст, барои дигар рузноманигорон, бародар.

шахрванд
Ба хама маълум аст ки вакте президент ягончо равад асфалткунию пулчамъкуни сар мешавад. Бисёр вохима накунед хукуматихо хатто пули масъулони хизби хокимро аз кисаи мардум медихаед боз доду вой мекунед. ин эътироз монанади дигар корхои шумо фармоиши аст. медонед ки суду прокурору кгбю милиса хама дар пушти хукумат на мардум, барои хамин доду вой мекунед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)