Бахшҳо

Додгоҳи Душанбе корхонаи Фирташро бе ҳузури ӯ мусодира кард

Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе корхонаи дузандагии “Гулистон”-ро, ки 95 дарсади саҳмияҳояш ба Дмитрий Фирташ, миллиардери украинӣ ва 5 дарсадаш ба Хайруллоҳ Саидов, писари бузурги Зайд Саидов тааллуқ дорад, бе ҳузури саҳмдори асосӣ мусодира кардааст.

Исҳоқ Табаров, вакили дифои Зайд Саидов, соҳибкори зиндонии тоҷик ба “Озодагон” гуфт, қарори додгоҳ пеш аз зуҳри имрӯз, 2-юми апрел содир шуда, намояндаи саҳмдори асосӣ-Дмитрий Фирташ дар мурофиаҳои додгоҳӣ ҳузур надоштааст. Табаров аз қавли масъулини додгоҳ гуфт, ба Фирташ 2 маротиба даъватнома барои ҳозир шудан дар мурофиаҳои додгоҳӣ фиристода шудааст: “Мо ин иттилоъро тафтиш мекунем, ки оё воқеан саҳмдори асосӣ даъватнома ба мурофиаи додгоҳиро гирифтааст ё на.”

Ин вакили дифоъ мусодираи амволи сармоягузори хориҷиро бе ҳузури ӯ ғайриқонунӣ хонда, таъкид намуд, ки баъди дарёфти ҳалномаи додгоҳӣ аз болои он шикояти кассатсионӣ хоҳад бурд.

Табаров илова намуд, ки “Гулистон” бо даъвои Оҷонсии зидди фасод ба далели он, ки гӯиё зимни хусусигардонияш бархе аз қонунҳо нақз шудаанд, мусодира гардидааст.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти тоҷик иддао доранд, ки “Тоҷиказот”-ро низ бозпас гиранд, ки аксари саҳмияҳояш моли Фирташ мебошанд.
Фирташ дар Тоҷикистон аксари саҳмияҳои “Тоҷиказот”, ягона тавлидкунандаи нуриҳои минералӣ ва 95 дарсади саҳмияҳои корхонаи калони дузандагии “Гулистон”-ро дар ихтиёр дорад ва тамоми дороии ӯ ба ҳисоби миёна дар Тоҷикистон ҳудуди 200 миллион доллари амрикоӣ арзёбӣ мешавад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)