Бахшҳо
11 апр 2014 08:28Тоҷикистон / Сиёсат

АКС: 17 мансабдори тозатаъин дар суҳбати Эмомалӣ Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, баъди зуҳри 10-уми апрел, як қатор кадрҳои навтаъинро дар роҳбарияти Вазорати тандурустӣ, Хадамоти гумрук, Агентии назорати маводи нашъаовар, Академияи илмҳо ва дигар идораю муассисаҳо ба ҳузур пазируфтааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои нав таъиншударо ба хизмати софдилонаю содиқона ба нафъи халқу Ватан даъват намуд. Манбаъ дар қатори мансабдорҳои нав аз ҷумла афрди зеринро номбар кард:

Насим Олимов, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Тоҳир Нуров, муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалим Маҳмудов, муовини директори Агентии назорати маводи нашъаовар,

Назокат Одинаева Муовини якуми директори агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷамшед Ҳомидов, намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева

Сайдаброр Зуҳуров, сардори Хадамоти назорати давлатии истифодаи амволи давлатии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Неъматҷон Рабиев , сардори Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Мавҷуда Келдиёрова – Сардори Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетикаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Баҳодур Исупов – Сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншооти гидротехникӣ дар назди Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Анвари Вайсидин – Муовини якуми Директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»;

- Абдусаттор Саидов – Директори Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е. Н. Павловскийи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Гулчеҳра Қоҳирова – Директори Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Зайниддин Муҳиддинов – Директори Институти химияи ба номи В.И. Никитини Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Довудшо Наврузшоев – Директори Институти биологии Помир ба номи Х.Ю.Юсуфбекови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Зайнулобидин Кобулиев – Директори Институти масъалаи об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Наргис Гадоалиева – Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ;

- Аҳмад Идиев – Муовини Ширкати муштараки Тоҷикистону Чин ТРАНС-ТОҶИК ГАЗ ПИПЛАЙН КОМПАНИ ЛТД

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид мекунад, ки аз 17 нафар мансабдори нав 4 нафар занон ва 4 каси дигар кадрҳои ҷавон мебошанд.


АКС: 17 мансабдори тозатаъин дар суҳбати Эмомалӣ Раҳмон

АКС: 17 мансабдори тозатаъин дар суҳбати Эмомалӣ Раҳмон

АКС: 17 мансабдори тозатаъин дар суҳбати Эмомалӣ Раҳмон

АКС: 17 мансабдори тозатаъин дар суҳбати Эмомалӣ Раҳмон

АКС: 17 мансабдори тозатаъин дар суҳбати Эмомалӣ Раҳмон
Мӯҳр
халим махмудов кадри хуб аст. аз ташкилшавии агентии назорати маводи нашьаовар дар хамин система кор кардааст аз вазифаи ваколатдори оперативи то сардори шуъбаву раёсат.

Муборак
Офарин ватани азизу хору зорам, точикора садкаи вазифа кунад, барои онхо дар шароити хозира хонашини ва мухочират бехтарин раванд аст.

Хаммаи мансабдоронро зебашон дар Россия мардикори кардан аст! чунки ягон проблемаи асосии халкро хал карда натавониста истодаанд!

Мухочиронро хамаашонро оварда дар чойи ин мансабдорон дар кор мондан даркор, чунки тамоми Точикистонро онхо хуронда истодаанд.

Точикбача
Ман як чизро нафахмидам, хамин Насим Олимовро барои бемасулияти аниктараш зан худро аз ошенаи беморхона партофта ба халокат расид аз вазифаи сардухтурги озод намуда буданд, имруз уро Муовини вазир интихоб намуданд.Кучост мантик?

фирори
Точикбача,
мантик чй лозим така бошаду шир дихад....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)