Бахшҳо

Муфтӣ дар намози ҷумъа омили пошхӯрии оилаҳоро шарҳ дод

Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, дар намози ҷумъаи 11 апрел ба масъалаи пошхӯрии оилаҳои ҷавон дахл карда, бархе аз омилони онро шарҳ дод.

Ҷаноби Абдулқодирзода гуфт, ҳоло яке аз омилҳои аз ҳам ҷудо шудани оилаҳои ҷавон надоштани одобу ахлоқи ҳамида ва паст будани фарҳанги динии онҳост. “Маънавиёти паст, одобу ахлоқи нохуб ва фарҳанги пасти динӣ доранд, барои ҳамин дар оиладорӣ ноком мешаванд. Ҳамдигарнофаҳмии падару модар ё бадбахтӣ аз куҷо ба вуҷуд меояд? Ё шояд синну солаш намерасаду барвақт ба шавҳар баромадааст ё ахлоқу одоб надорад ва ё маърифати динию маълумоти ибтидоӣ надорад. Пас аз ин ҷо нокомӣ ба вуҷуд меояд”,-таъкид дошт раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон.

Сайидмукаррам Абдулқодирзода илова кард, волидайни тоҷикро мебояд қабл аз издивоҷи фарзандонашон аввал онҳоро омода карда, ба онҳо таълимоти ибтидоиро омӯзонанд: “Падару модар, хуб духтар дорад ё писар, пеш аз издивоҷаш чанд китоберо бояд диҳаду гӯяд, фарзандам, инҳоро бихон, ки зиндагӣ аз чӣ иборат аст. Ҳатман дар он китобҳо сахтию мушкилиҳои зиндагӣ ва таҳаммулпазирӣ зикр шудааст. Вақте фарзанд ин китобҳоро мутолиа кард, ҳатман як маълумоти ибтидоӣ мегирад ва замоне маълумоти ибтидоӣ дошта бошад, хонаашро хуб ва мустаҳкам нигоҳ медорад.”

Ӯ дар охир аз ҷавонон ва падару модарон даъват кард, дар умури оиладорӣ ва тарбияи фарзанд бояд аҳамияти ҷиддӣ диҳанду бо ҳам дар як фазои дӯстию самимият ба сар баранд, то ба насли баъди таъсири мусбате расонад: “Комёбии инсон дар тарбияи фарзанд аз муносибат бо ҳамсараш сарчашма мегирад. Вақте ду ҷавон бо муносибати хубу дӯстӣ зиндагиро шуруъ кардан ва ҳар замоне фарзандон чашм мекушоянд, меҳру муҳаббат ва самимияти онҳоро дида, хоҳ нохоҳ ба ҳар дуи онҳо эҳтиром қоиланду қадрдонӣ мекунанд.”
Мӯҳр
Ахмад
Чаноби муфти барои чи намегуйи, ки сабабаш аз масчид дур кардани чавонони то 18 сола мебошад

Усмон
Рост гуфти Ахмадбой сабабаш хамин аст.

Домулло Саидмукаррам. Ту аъзои хукумат. Аз худат намепурсй, ки дар мачмуи фанхо ва дарсхо дар мактабхои миёна ва олй оё таълими "фарханги динй" хаст?

Акаи озодагон и хели бадам не да. мн хам ошно туюм охй. ай хамара чоп мениву ай мна не. катит карй меным. шарикомам мегум ки дига тра нахонан.

ansor
salam ozodagon' yak khohish doshtam, khub meshud agar dar borai hamin har hafta, diga namenavisted zero hamaro gunahgor mesozed. baroi noki hej nafare gapi hub namenavisad. ILTYMOSS

Точикак
омили асоси навдавлатони Точикистонакам хастанд. ки конунхои зиддиисломиро кабул карда мардумро саргардон кардаанд. магар бачахо, ки базур мачбури ба масчид мерафтанд акнун бахонаи конуни доранд, ки президент манъ кардааст ба масчид рафтанро....ээээ

ШОҲОН
ҶАНОБИ МУФТИ НОМИ ОН ҲАМАИ КИТОБХОЕ, КИ ПАДАРУ МОДАРИ ФАРЗАНД БОЯД ПЕШНИҲОД КУНАД ЯК БА ЯК МЕГУФТ ХУБ МЕШУД.

умар аз русия
Бародар абдулкодирзода ту узви хукмати чаро якбор бо хукиат пешниход намекуни биёо дар телевизион акаланд дар як хафта якбор бачой кансерт намойш додан якбор хочимирзора ёо эшони нуридиннчона меонде насихати ислом мекард чавонхо хело барохи рост мерафтанд имруз пушаймон намешудед холохам дер нашуд илтимос оздагон ба нашр расон

Мухтарам Саидмукаррам ба мардум пул дихи, дигар ба гапат хеч кас бовар намекунад!! Чони бехуда накан!!! Ту хамон одаме нести, ки фатво дода буди чавонхо то18 сола ба масчид нараванд?!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)