Бахшҳо

Абулқосим Лоҳутӣ фаромӯш шудааст?

Халил ҚАЮМЗОД,
Маскав


Ахиран мақолаеро дар бораи васияти Абдулқосим Лоҳутӣ, шоири шинохтаи асри гузашта, хондам, ки дар бораи дафнаш дар Эрон ва ё Тоҷикистон, қисса мекунад. Аммо ҷанозаи шоир дар қабристони Новодевичи шаҳри Маскав ба хок супурда шудааст.

Абдулқосим Лоҳутӣ алайҳи режими вақти Эрон шеър навишта, дар мавриди эҳсоси ғурбат, адолат, дарди мардум шеърҳои хос дорад, ки дар баъзеи онҳо зиндагӣ дар Шӯравии собиқ таъриф мешавад. Лоҳутӣ хеле шеърҳои хубе дорад ва ман шахсан ӯро ба ин хотир дӯст медорам.

Бо омадан ба сари оромгоҳи шоир хеле нороҳат шудам, аввал ин ки шоир берун аз хоки Ватан дафн шудааст, ҳарчанд қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ як замон ватани ягонаи мо буд. Дуюм, қабри шоирро бо вуҷуди ҷойгир буданаш дар назди даромадгоҳ базӯр ёфтам. Ба мисли ин ки гӯиё ба ин зудӣ касе ба дидани ӯ наомадааст... Болои ҳамаи қабрҳо дастаҳои гул хобида буду қабри шоири ман бо хоку чанг олуда. Гӯиё ӯ танҳо барои худ навиштаасту барои мо не. Ё гӯиё дар Маскав тоҷику эрониҳо ба сар набурданду намебаранд.

Фаҳмида мешавад, он замон ҳукумати Шӯравӣ шоирро ба таври кофӣ эҳтиром гузоштаву ҳамчун шахси бузург ҷасади ӯро ба хок супоридааст, вале ҳоло ки он ҳукумат нест, магар қадру манзалати шоир низ аз байн рафтааст? Ӯ, ки мардуми тоҷикро дар тамоми Иттиҳоди Шӯравӣ шуҳратманд гардонидааст. Бо ин ҳол, хушҳолам, ки ӯро дар паҳлӯи Чехов, Гогол ва Булгаков ба хок супоридаанд.


Абулқосим Лоҳутӣ фаромӯш шудааст?

Абулқосим Лоҳутӣ фаромӯш шудааст?

Абулқосим Лоҳутӣ фаромӯш шудааст?


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Ёддоштхо
холи Муъмин Каноат хам фаромуш мешавад..зик нашавед.. чунки мо бузургоя кадр карда наметонем.. барои бузурго кадр карда тавонистан китобхои Дохунда, Одина ва Ятим и Айния хондан даркор.. аз ёд кардан лозим.. чунки ин китобхо харгиз кухна намешаванд.. имруз дар чомеаи мо пур пури бепадар.. дохунда ва одинахо чумбубучул карда гаштанд бо арбобкамолхо.. ва Судхурхо албатта Гуломон хам кам нестанд.... марг бар он касе ки китобхои Айни дигар кухан шудаст мегуед..

Собир
Хайхот, зиндахо кадру кимат надоранду хол он ки ин кас мурда...

Абдулкосим Лохутй ай Лаури Дангараай е ай Лаури Ленински. У ам боевик буд.

Хамин Айният набуд, ки дар чихилсолагияш тарафдори хизби коммунист хозира ХХДТ шуда, образи Халки Кабирро дар асархояш чо кард. Асосгузори адабиёти реалй- муосир бояд устод Сотим Улугзодаро гуем. Писарашро суд карданд, вале нашикаст. Айнй барои як Камолаш шуда... Биё нагуям. аз гуфтанам нагуфтанам бех... Чияни Сомеъ.

озодагончиён. Чанд сол пеш хонда будам. ки имруз - 15 апрел рузи таваллуди Айнй аст. Чаро аз у ёд намекунед? Ё чй Украина ба Аврупо мепайвандаду Точикистон ба Эрон.

Доим аз кабри Устод Лохути хабар мегирам, тоза мекунам, гулкори мекунам. Точик дар дехаи худаш кабри падараша зиёрат намекунад,причём Шурави. Айба дар хеш чуед.

мухлиси Лоҳутӣ
Офарин Халилҷони азиз, як ҷаҳон ташаккур ба худат ва падари бузургат бо ин тарбияи баланд. Худованд нигаҳбонат ва арвоҳи Лоҳутӣ мададгорат!

Саттор
Ташаккури зиёд бародари азиз.Вокеъан устод Лохути дар баробари устод Айни кахрамони Точикистон аст.Бо сабабхои ба мо номаълум ба у кхрамон надоданд.Фикр мекунам,ки чарайёнхои пантуркисти уро,ки баъди Горкый ва Майяковскый барои адабиёти Шурави ва пролетарии чахон шахси сеюм ба хисоб мерафт ва боубури баланди худ сари вакт намунахои адабиёти точики Айниро ба муковиматхои Бухарин нигох накарда чоп кард ва дар Аврупо солхои 30-юм аз Точикистон ёд кард ва соли 1937 устод Айниро аз дами марг рахонид то хол набахшидаанд.Вагарна барои кур низ равшан аст,ки устод Лохути на танхо кахрамони Точикистон,балки болотар яъне кахрамони миллии халки точик аст.Хукумат ба ин чизхо сарфахм намеравад. Ин корхо ва арчгузории устодро дар оянда хукумати зиёиёна ва нисбатан пешкадами точик иншоллох анчом хохад дод.

Факат гурондани устод Лохути дар пахлуи Чехов ва Булгаков нишонаи бузургии Точикистон аст.Ин эхтиром дигар ба ягон точик насиб нашудааст ва дар солхои наздик низ чунин бузургмарде пайдо нахохем кард.У КАХРАМОНИ МИЛЛИИ ТОЧИКОН АСТ!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)