Ихроҷи панҷ шаҳрванди Узбакистон аз қаламрави Русия
Панҷ табааи Узбакистон, ки дар "Маркази нигоҳдории шаҳрвандони хориҷӣ" дар вилояти Саратови Русия қарор доштанд, то нуқтаи убури марзи давлатӣ бурда шудаанд. Дар ин бора дафтари матбуотии Раёсати хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия дар Саратов иттилоъ додааст.
Бино ба гуфтаи манбаъ, муҳоҷирон ба қатори самти Харков-Тошканд, ки тавассути Саратов мегузарад, нишонда ва ба ватан фиристода шудаанд.
Додгоҳ ин афродро дар нақзи қавоиди буду бош дар Русия гунаҳкор шинохтааст. Акнун, онҳо давоми панҷ соли оянда ҳаққи вуруд ба қаламрави Русияро нахоҳанд дошт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2023 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |