Бахшҳо
22 апр 2014 14:53Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Табибони "Ибни Сино": Шаҳбол ба ҷарроҳии фаврӣ ниёз дорад (ВИДЕО)

Дар пайи изҳороти масъулини Қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон дар мавриди сиҳатшавии Шаҳбол Мирзоев, сарбози маъюби тоҷик, беморхонаи Ибни Синои пойтахт низ ба ин масъала дахл карда, ба ҷарроҳии фаврӣ ниёз доштани ӯро таъкид кардааст.

Масъулини бемористони Ибни Сино рӯзи 22 апрел бо нашри изҳороте гуфтанд, мутахассисони хориҷӣ ва дохилии онҳо дар пайи ташхиси худ, ки дар Қарияи Боло сурат гирифтааст, муайян кардаанд, Мирзоев ба ҷарроҳии бози ҷобаҷокунии муҳраи С-5, ноҳияи гардани сутунмуҳра, мустаҳкам кардани он бо лавҳа (КОGE) шадидан ниёз дорад.

ДАР ВИДЕО: НУЪМОН МИРЗОЕВ, ПАДАРИ ШАҲБОЛ:



Мутахссисони беморхонаи Ибни Сино вазъияти Шаҳбол Мирзоевро вахим арзёбӣ карда, гуфтаанд, ҳатто баъд аз ҷарроҳии аввалия низ ба по хестани ӯ имкон надорад. Онҳо мегӯянд, "ин ҷарроҳӣ бояд бо ҳадафи пешгирӣ аз аворизи мухталиф, ки ҷароҳати бардоштаи бемор дар ноҳияи гардан метавонад дошта бошад, анҷом дода шавад. Чунин тасаввур, ки бемор баъд аз ин ҷарроҳӣ дафъатан ба по мехезад ва ба зиндагии фаъол бармегардад, дуруст нест.”

Ба гуфтаи онҳо, раванди ба по хестан ва сиҳатшавии сарбози маъюби латту кӯбшудаи тоҷик, ки ҷароҳаташ вазнин ва дар ноҳияи ҳассос аст, метавонад то ду сол идома кунад.

Шаҳбол Мирзоеви 23 сола, ки фориғуттаҳсили Донишгоҳи ҳуқуқ ва тиҷорати шаҳри Хуҷанд мебошаду ҳамагӣ 7 моҳ қабл довталабона ба хидмати низомӣ рафтааст. Ӯ шоми 8 марти соли ҷорӣ аз сӯи ҳамхидматаш дар қисми ҳарбии марзбонии 2620 мавриди “латту кӯб”-и шадид қарор гирифта, сутунмуҳрааш мешиканаду ҳоло тақрибан 36 рӯз мешавад, дар беморхонаи Қарияи боло интизори ҷарроҳист. Мутахассисони эронӣ барои гузарондани ҷарроҳии Мирзоев иброзӣ омодагӣ карда, гуфтаанд, омода аанд, барои табобати сарбоз ба Душанбе оянд. Ба гуфтаи Нуъмон Мирзоев, мутахассисони беморхонаи Ибни Сино писари маъюбашро ташхис карда, арзиши ҷарроҳии якуми ӯро 56 ҳазору 467 сомонӣ муайян кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки Масъулини Қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон дар суҳбат бо “Азия-Плюс” далели пардохт нашудани ҳазинаи ҷарроҳии Шаҳбол Мирзоев, сарбози маъюби тоҷик, аз сӯи ин ниҳодро шарҳ дода, гуфта буданд, ӯ ниёз ба ҷарроҳӣ надорад. Нарзулло Расулов, муовини сардухтури беморхонаи марказии Сарраёсати қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон, гуфта буд, “12 мутахассис Шаҳболро муоина карданду ба қавли эшон, ҷойи шикастаи сутунмуҳраи ӯ дубора пайваст шудааст. Дар ягон нуқтаи ҷаҳон ингуна беморро ҷарроҳӣ намекунанд. Дар рӯзҳои наздик мо бо мутахассисони эронӣ машварат карда, ба хулоса хоҳем омад.”
Мӯҳр
Мухтарам Нарзулло Расулов!
Инак хулосаи мутахассисони эрониро гирифтед. Акнун дуруггуиро бас карда Вазорати мудофиаи кишварро мачбур намоед, ки маблаги чаррохиро пардохт намоянд. Дурггуи ва беинсофи дар хакки фарзанди мардум бас аст. агар ин фарзанди шумо мешуд чи кор мекардед?

мухтарам нарзулло Расулов! Агар ин писари худат мебуд чи кор мекарди ба хамин саводи духтурии доштаат. Ё барои ту хам хифзи обруву манзалати рохбариятат ки тамоман вучуд надорад аз хама чихз авлотар аст. Каме инсоф хам даркору Одам будан лозим. Хама медонад, ки гап чисту кор чист вале танхо ту барин гуломони халкабаргуш сафедро сиёх мегуянд. Айб аст. Хайфи ту барин табиб, касам хам хурдаи! Войи миллат ки такдираш ба дасти чунин табибо монда....

Яъкуб.
Ин як шармандаги хаст,ки барои идхои Каду,Асал ,Харбуза, Чакомаи гесу сайри гули лола ба садхо иди дига маблаг ефтану барои як сарбозе,ки дар хидмат зада мачрухшуда маблаг не...
Аз мирии мо мардум(сарбоз)агар озода бимиранд,
Сад бор бимирем аз ин миршуданхо

Фарзандхои худашон хизмати аскари намераванд.сер кай парвои гурусна дорад?

Манон
Шармандаги аз ин зиёд намешавад.Акнун хама аз хизмати сарбози сар тофта мардикори ба Руссия мераванд.

корбарон
аҳсант ба расонаҳои мустақили ҶТ ки ҳақиқатро ба мардум мерасонанд ва андаке ҳам бошад ба синфи коргару деҳқон кумак мерасонанд. Аз ҳолати ҳайвонвор шаттакаш кардани Шаҳбол, ки довталаб ба аскари омаду ва барои ҳамешагӣ инвалид ва дастнигар шуд, хело ҳам ҷигархун шудем ва як гуруҳи калони донишҷуён тасмим гирифтем, ки ба сурат ҳисоби ин сарбози маҷбурӣ маъюб шуда,маблағи муаян интиқол диҳем.

Шохони Зарафшони
Назрулло Расулов Як маротиба кори нек кун аз дасти худат ояд табобат кун аз дастад наояд беморро чавоб дех то чораи дигаре бичуяд.

456
Мухтарам кормандони озодагон,
хохиш мекунам оиди чамъшавии маблаг дар суратхисоби барои табобати Шахбол кушодашуда ахборот дихед

99
Ба фикрам, Ин духтури тарсончаки бечорая маҷбур кардагиян!?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)