Бахшҳо
24 апр 2014 13:56Хабарҳои ҷаҳон

Дахлнопазирии Жириновский лағв мешавад?

Елена Николаева, муовини аввали раҳбари кумитаи Думаи давлатӣ оид ба сиёсати манзилӣ ва ЖКХ аз комиссияи марбут ба этикаи вакилон хостааст, дахлнопазирии Владимир Жириновский, раиси Ҳизби либерал-демократи Русия (ЛДПР) лағв шавад. Дар ин бора "Известия" хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, далели ин пешниҳод баррасиҳои додгоҳӣ дар робита ба қазияи “таҳқири ду хонуми журналист” будааст. 18 апрел Владимир Жириновский дар посух ба суоли “оё мешавад, дар ҷавоб ба таҳримҳои Украина оид ба манъи вуруди русиягиҳо ҷавоб дод?”, хабарнигори ҳомилаи “Россия сегодня” ва ҳамкори ӯро таҳқир кард.

Елена Николаева гуфтааст, “чунин изҳоротҳо ва рафтори депутат Владимир Жириновский ба имиҷи мақомоти қонунгузории Русия латма мезанад. Рафтори ӯ на танҳо бояд аз тарафи ҷомеа ва ҳамкорон маҳкум гардад, балки ба он бояд дар додгоҳи Русия баҳои қонунӣ дода шавад”.

21 апрел Жириновский аз журналистон узр пурсид ва изҳор дошт, сари эҳсос ба онҳо носазо гуфтааст. Аммо бовуҷуд, хабарнигори “Россия сегодня”, ки баъди он ҳодиса дар беморхона бистарӣ шудааст, 22 апрел ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шикоят бурда, хостори ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ нисбат ба раҳбари ЛДПР шуд.
Мӯҳр
сино
Еленачон агар точик мебудиву дар Точикистон кор мекарди эркагиро фаромуш мекарди чунки дар Точикистон журналистонро шатакаш мекунанд ба суд медиханд бо шукр мекунанд ки зинда мондем. Аллбата ин суханхоро барои он навиштам ки дар Руссия конун ба фоида шахрванди одди кор мекунад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)