Бахшҳо
25 апр 2014 12:03Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Боздошти ду масъули комиссариати ҳарбӣ ҳангоми озод намудани Турдибоев аз хидмат

Мақомот аз боздошти ду корманди комиссариати ҳарбӣ дар вилояти Суғд ҳангоми гирифтани ришва ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ хабар доданд.

Тавре як манбаъ аз Комиссариати ҳарбии вилояти Суғд ба “Озодагон” гуфт, Лутфулло Ғайбуллоев -- иҷрокунандаи раҳбари комиссариати ҳарбии ноҳияи Шаҳристон ва Абдуқаҳҳор Абдуҷалилов -- ёрдамчии калони сардори шӯъбаи дуюми комиссариати ҳарбии вилояти Суғд ҳангоми гирифтани пора аз шаҳрванд Нодир Ҷабборов ба маблағи умумии 5 ҳазор сомонӣ бар ивази озод намудани даъватшаванда Турдибоев дастгир карда шудаанд.

Ин ҳодиса 4 апрели соли равон зимни амалиёти муштараки кормандони маъмурони амниятӣ ва Додситонии ҳарбии гарнизони Cуғд иттифоқ уфтодааст.

Ба қавли манбаъ, зимни тафтишоти пешакӣ маълум гаштааст, дастгиршудагон - Лутфулло Ғайбуллоев ва Абдуқаҳҳор Абдуҷалилов - тибқи маслиҳати пешакӣ мақсад доштаанд, бо роҳи сохтакорию ғайриқонунӣ даъватшаванда Турдибоевро аз хидмати ҳарбӣ озод намуда, 5 ҳазор сомониро миёни ҳам тақсим намоянд. “Вале ҳангоми ситонидани пора дар ҳаҷми 2 ҳазор сомонӣ ва 600 доллари амрикоӣ онҳо дастгир карда шуданд”,- илова намуд манбаъ.

Айни ҳол, аз ҷониби Додситонии ҳарбии гарнизони Суғд нисбат ба Лутфулло Ғайбуллоев бо моддаҳои 247 ва 319 ва нисбат ба Абдуқаҳҳор Абдуҷалилов бо моддаи 319-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз гардида, тафтишот ҳамоно идома дорад.
Мӯҳр
И
Очень хорошо, посадите их. Но мало работаете на данный момент такие чиновники у нас достаточно много. Ищите, найдите и посадите их! В любом случае мы вас поддерживаем.

Корафтода
Дуруст кайд кардед банда яке аз онхоро Абдукаххор Абдучалиловро хеле хуб мешиносам, ки бо лакаби "Кахорча" маъруф аст ва солхои дароз дар маком буду мардуми зиёди деха аз у зарар дида буданд бигзор чазояшро бинад. Дар давраи рохбари комиссариати харбии деха буданаш на шаб мегуфту на руз ба хонаи мардум даромада бачахоро дастгир мекард.

Аз чойивазшавии чамъшавандахо хосили чамъ таъгир намеебад!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)