Бахшҳо

ВИДЕО: Баҳси зиёиён бо Тутубалина ба ООН меравад

Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 30 апрели соли ҷорӣ ҳукми Додгоҳи Фирдавсии пойтахт дар бораи ҷаримаи “Азия-Плюс” ва муҳаррири он -- Олга Тутубалинаро бидуни тағйир боқӣ гузошт. Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ рӯзи 25 феврали соли ҷорӣ баҳси як гуруҳ аз зиёиёни тоҷик бо Олга Тутубалина, муаллифи матлаби баҳсбарангези “Неинтеллигентно об интеллигенции”-ро ба поён бурда, қарор кард, ки ин матлаб як навъ таҳқир дар ҳаққи зиёиён мебошад ва ӯ бояд 30 ҳазор сомонӣ пардохт кунад.

Иноят Иноятов, вакили мудофеи Олга Тутубалина, мегӯяд, онҳо аз қарори Додгоҳи шаҳри Душанбе низ розӣ набуда, ба зинаҳои дигари додгоҳӣ, аз ҷумла Додгоҳи олии Тоҷикистон шикоят хоҳанд бурд. Зеро ба бовари Иноятов, додгоҳи шаҳрӣ қазияи зерҳимояи ӯро холисона баррасӣ накардааст. “Зеро додгоҳ асос ва далелҳои овардаи моро нодида гирифт. Ману зерҳимояам машварат мекунем ва дар сурати ба натиҷае расидан ба Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милал низ муроҷиат хоҳем кард”,-афзуд ӯ.



Посухи манфии Додгоҳи шаҳри Душанбе ба шикояти вакилони мудофеи нашрияи "Азия-Плюс" ва муҳаррири он - Олга Тутубалина дар ҳолест, ки ахиран Созмони хабарнигорони бидуни марз (Reporters Without Borders) аз додгоҳи марҳилаи кассатсионии Тоҷикистон даъват карда буд, қарор нисбат ба рӯзноманигор ва нашрияро бекор кунад. Ин созмон қарори додгоҳ, ки Тутубалинаро муваззаф намудааст, барои таҳқири қишри зиёӣ 30 ҳазор сомонӣ ҷуброн пардозад, беасосу ғайримантиқӣ ва як зарбаи сахт барои рӯзноманигории мустақил дар Тоҷикистон хонда буд.

Олга Тутубалина дар матлаби баҳсбарангези “Неинтеллигентно об интеллигенции” (Нозиёиёна дар бораи зиёиён) бозгашти шоири тоҷик Бозор Собирро аз Амрико ба Ватан баррасӣ карда, аз суханони Владимир Ленин, асосгузори давлати Шӯравӣ, ки гуфтааст, "Зиёиён на мағз, балки наҷосати миллатанд" кор бурдааст ва таъкид карда, ки ин суханонро метавон на танҳо нисбат ба Бозор Собир, балки нисбат ба бисёре аз зиёиёни дигар кор фармуд. Дар пайи ин, як гуруҳ аз зиёиёни кишвар, ки роҳбарияти Иттиҳодияи нависандагону Академияи улуми Тоҷикистон низ шомили он буданд, ба додгоҳ муроҷиат карда, ҷуброни зарари маънавӣ хостанд.
Мӯҳр
Кофе Анан
агар бахс то долонхои хукуки башари СММ равад, мардуми чахон хуб ба холи давлати ачоибу гароиби мо механданд ва табиист, ки ба арвохи Ленин бобо дуруд мефиристанд.

Пан Ги Мун
Кофе Анан,
Ба Кофе Ананд. Магар то имруз намехандиданд?Ман хайрон, о хамон Тутубалина инхоро ягон гап нагуфта буд факат гуфтаи Ленинро дар бораи онхо иктибос овард.Магар иктибос чиноят аст?

Озодагон, метавонед портретхои хамон се нафарро ба мо нищон дихед, то донем ки онхо кианд?
пешаки ташаккур.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)