Бахшҳо
30 апр 2014 16:22Тоҷикистон / Акс

Хабаргирии Абдумаҷид Достиев ва $2000-и ӯ ба Шаҳбол (АКС)

Абдумаҷид Достиев, сафири Тоҷикистон дар Русия, рӯзи 30 апрели соли ҷорӣ барои аёдати Шаҳбол Мирзоев, сарбози маъюби нерӯҳои марзбонии кишвар, рафтааст, ки ҳоло барои ҷарроҳӣ дар бемористони Вишневскийи Вазорати дифои Русия, воқеъ дар Красногорск, қарор дорад.

Ҳабибулло Каримов, сухангӯи сафорат ба “Озодагон” гуфт, оқои Достиев шахсан аз ҳолу шароити Шаҳбол пурсида, бо Нуъмон Мирзоев, падари ӯ ва табибонаш низ сӯҳбат кардааст. Каримов мегӯяд, бино бар баланд шудани ҳарорати Шаҳбол масъалаи ҷарроҳияш каме ба таъхир уфтодааст: “Феълан вазъи Шаҳбол муътадил аст. Бинобар ба гуфтаи сардори шуъбаи 31-уми нерохирургияи беморхона, номзади илмҳои тиб, подполковники хидмати тиббӣ Владимир Мануковский Шаҳболро баъд аз идҳои моҳи май ҷарроҳӣ хоҳанд кард.”

“Сафири Тоҷикистон, инчунин, аз ду полковники рус, ки яке аз онҳо лётчики хизматнишондодаи ҳарбӣ, ҳамутоқи сарбози тоҷик Александр Нинадов мебошад, барои иқдоми некашон ҷиҳати ба Шаҳбол додани навбати ҷарроҳии худ изҳори сипос намуд”,-афзуд Каримов. Ба қавли ӯ, рӯзи чоршанбе Шаҳбол ҷашни зодрӯз дошта, ба синни 22 расидааст ва Абдумаҷид Достиев ба ӯ туҳфаю барои табобаташ 2 ҳазор доллар ҳадя намудааст. Ӯ гуфтааст, дар ҷараёни ҷарроҳӣ ва табобат боз кумаки худро хоҳад расонд.


Хабаргирии Абдумаҷид Достиев ва $2000-и ӯ ба Шаҳбол (АКС)

Хабаргирии Абдумаҷид Достиев ва $2000-и ӯ ба Шаҳбол (АКС)

Хабаргирии Абдумаҷид Достиев ва $2000-и ӯ ба Шаҳбол (АКС)
Мӯҳр
ба Шахболчон тани сихат ва умри дароз хохонам. илохо Аллохам уро зери панохаш гирифта хушбахтарин руи дуне бикунад Омин.

Зарафшон,
Офарин!Абдумачид Достиев!

донишчу
Неки куну ба дачла андоз,
Ки рузе эзид дихад боз!

Миллион мухочирон фавтиданд
Достиев нав аз хоб бедор шуд? Тавба, дар синни 68 холо хам дар вазифа. Конун барои бечорагон.

Зихи, абармарди точик,зихи!!!! Ба хар хол Абдулмачид Достиев амали мардона нишон додааст:аз Шахбол хабар гирифтаву уро бо зодрузаш табрик намуда, тухфа такдим кардааст, гузашта аз ин ба маблаги 2000 доллар кумак намудааст ва дар тахти назорат карор додани ин равандро ваъда додааст.
Дар холе,ки таи зиёда аз якуним мохи дар беморхона бистари будани Шахбол, на аз мансабдорони сатхи болоии хукумат ва на аз ашхоси алохидаи элитаи Точикистон, касе на кумаке намуду на касе акаллан хабар гирифт. Ин фочиаро хамчун ходисаи МАЪМУЛИ донистанд.
То хол макомоти тафтишоти касеро дар ин фочиа гунахкор надонистаанд. Макомот чиро интизоранд? Фармони болоро ё марги Шахболро? Шояд аз табобати Шахбол дида марги у барои шахсони гунахкор арзонтар меафтад?

Лекин чизи дигарро набояд фаромуш кард,ки ба марги мухочирон Достиевро набояд гунахгор кард.Зеро як худи у танхо ба мукобили ин системаи фасодзада наметавонад мукобилият кунад.Магар мукобили чараёни пурталотуми дарё истодан имкон дорад??????

Лекин чизи дигарро набояд фаромуш кард,ки ба марги мухочирон Достиевро набояд гунахгор кард.Зеро як худи у танхо ба мукобили ин система наметавонад мукобилият кунад.Магар мукобили чараёни пурталотуми дарё истодан имкон дорад??????Зарафшон,

Мухтарам чаноби Достиев, ин коре кардаги Шумо, бех аз 100- хо е 1000-хо маблагдорону е худ точикони кухнаву нави хозираи Точикистон, болотар аст. Ин ердами самимии асли инсонии точик аст. Ба чабрдида саломативу пешравии хохонем.Ака саломат бошед!

Понгози
Бародари азиз сихатшавии туро интизорем. Худованд ба ту шифои раббони ато кунад!!!!

Некхох
Худо нигахбон бошад.

мирзо
Банда Достиевро боре хам надидаам вале аз мардонагию часорату миллатчигии у аз тарбияи дурусти у аз бопадару бомодарии у аз марди майдон буданаш бист сол пеш огох будам.Чаро чун достиев мардхо ангуштшуморанд. Афсус...

Мардуми точик хакикатан содда. Охир ин як пиари Достиев дар синни 68 солаги ба вазифаи якумраи худ мондан мебошад.

Ахмад
Офарин чаноби сафир!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)