Бахшҳо

Дидгоҳ: Таъини сафири Исроил, мо ва яҳудиёни Бухоро

Таъйини Кармелла Шамир - сафири нави Исроил дар Тоҷикистон баъзе садоҳоеро баланд кард, ки воқеан боис ба нигаронист. Иддае зери ливои бегона мехоҳанд, миллати моро низ ба чоҳе, ки худашон қарор доранд, биафкананд.

Ман мисли ҳукумат аз "нерӯҳои номаълуми бегона" намегӯям, чунки аз ягон нерӯ муттаҳам нестам. Ошкор мегӯям, ки нерӯҳои саудӣ, қатарӣ ин идеяро маблағгузорӣ мекунанд ва мафҳумҳоро таҳриф карда, моро ба тори дурӯғи худ мепечонанд. Ва мо бовар мекунем.

Аммо мақсад мӯшикофӣ нест, ки кадом нерӯ аз куҷо "заряд" мегирад. Медонанд, ки медонем ва медонем, ки медонанд. Ин ҷо бояд дар мавриди мову яҳудиҳои Бухоро нависам. Биёед, аз аввал таҳлил кунем:

А) Мо бо яҳудиҳо шиносоӣ ва ҳамзистии беш аз дуним ҳазорсола дорем. Агар ба Таврот имон овардаем, дар ин Китоб ояҳое ҳастанд, ки дарак медиҳанд, Парвардигор Куруши Кабирро озодибахши яҳудиён интихоб кард ва дунёро зери дасташ даровард. Куруш фармони сохтани ибодатгоҳ барои ибодати Худои Ягонаро ба яҳудон дод. Онҳо маҳз бо фармони Куруш ва зери ҳимояи ӯ Хонаро сохтанд. Ва аз ин замон шиносии миллати Яктопарасти ориёии мо бо миллати Яктопарасти сомӣ оғоз шуд. Дар Таврот Худованд Курушу Дориюшу... тухмаи эшонро ба ёрии яҳудиён раҳнамоӣ кардааст. Оғоз аз он замона миёни мардуми мо ва яҳудиён ҳеч ихтилофе набуд. Баръакс, ҳамдигарро дастгирӣ мекардем. Ягон ихтилофи динӣ ё даъвати ҳамдигар ба қабули дини ҳамдигар нашудааст. Ва ягон бор сари ҳамдигар лашкар накашидему қатли ом накардем. Баръакс, мо бо арабҳо ихтилоф доштему дорем. Аз Қутайба то имрӯз аз араб ғайри шикасти ғайрат чизи дигаре надидем. Кофир мешавем агар гӯем, ки динро аз араб гирифтем. Дурӯғи маҳз аст. Парвардигори Якто динашро Худ ба дилҳои мо ҷо кард, мувофиқи ваъдааш дар Калом. 300 соли баъди Қутайба мо ба араб ҷизя (доля) медодем, аммо Исломро қабул накарда будем ба зӯр. Вақте қутайбаҳо заиф шуданд, миллати мо Исломро шинохта, ба ҷон қабул кард. Муҳим аст, ки мо Ислом ва арабро як нашуморем.

Б) Таърих гувоҳ аст, ки миллати мо ҳеч гоҳ инсонҳоро аз рӯи дину сиёсату забону... ҷудо намекард. Аз ин сабаб, Бухоро то ғасби русҳо амнтарин давлат дар дунё ҳисоб мешуд. Зиёда аз ин, яҳудиён қисми таркибии таъриху фарҳанги мо шуданд. Фавҷ-фавҷ дар мо ҳал шуданд. Ҳоло ҷудо кардани онҳоеро, ки ҳал шудаанд, хеле душвор аст, аммо деҳаҳою авлодҳое то имрӯз баромади яҳудии худро медонанд. Аҷаб, ки имрӯз байни онҳо ҳам яҳудситезон кам нестанд. Ин таъсири сиёсати тафриқаи русист, ки Павлик Морозовҳоро тавлид кардааст. Дар Бухоро яҳудиён аз ҳама хуқуқи шаҳрвандӣ бархӯрдор буданд. Баробари мо ғаму шодӣ доштанд. Дар мансабҳои давлатӣ низ буданд. Аз ҷумла, Арони Кандин вазири молия ва мушовири иқтисодии амири Бухоро буд.

В) Яҳудиҳо дар ин садсолаҳои зиндагии муштарак то ҷое расиданд, ки баъзе рукнҳои фарҳанги худро во гузошта, фарҳанги моро қабул карданд. Бо тамомии саъй бар фарҳанги мо афзуданд. Аввали солҳои ғасби комунистии рус, ки яке аз вазоифаш нест кардани миллати мо буд, маҳз ба порсӣ сухан кардану узви фарҳанги мо будани яҳудиҳо сабаб шуд, ки миллатшиносони мо шунида шаванд. Мо зери нақораҳои сиёсӣ гӯши шунидан надорем. Аммо Парвус-спонсори инқилоб, дар Бухоро шогирди яҳудие дошт бо номи Гаспаринский. Устоди бузург Ғасфаронӣ ёдатон омад? Зиёиёни яҳудии Бухоро дар паҳлӯи миллати дар муҳосира афтодаи мо истоданд. Ёварӣ карданд. Аммо номҳояшон паси пардаи сиёсатҳо монд.

Г) Дар замони шӯравӣ низ қисми яҳудиёне, ки худро бе мо тасаввур карда наметавонистанд, хонаҳои ободи худро дар Самарқанду Бухорою... партофта, ба Тоҷикистон омаданд. Онҳо мардуми шаҳрҳои қадимии мо буданд. Омаданд ва бо мо барои нигаҳдорию рушди фарҳанги мо хидматҳои бебаҳо карданд. Бенсион Кимёгаров, Барно Исҳоқова ва садҳо сарсупурдагони фарҳанги моро мешиносем, ки дарак аз фарҳанги муштараки мо медиҳанд. Хизматҳое, ки яҳудиёни Бухоро замони шӯравӣ ба илму фарҳанги тоҷик намудаанд, арзиши бебаҳо доранд.

Е) Имрӯз, ки мо аз баҳри назофати фарҳангии худ гузашта, атласу адрасу кимхобу махмалу ҳариру дебою.... ба дигарон таслим карда, танҳо домони чакан медорем, қурутобро ягона ғизои миллӣ эълом медорем, маҳз яҳудиёнанд, ки дар ақсои дунё назофати фарҳангии моро ҳифз карда, тарғиб мекунанд. Онҳо аз фарҳанги воло, забони шево, санъати баланди мо ҳарф мезананд. Имрӯз дар тамоми дунё мактабҳои фарҳангии муштараки моро зинда медоранд.
Бар ҳамин асос, набояд ба хотири ақидаҳои ифротии бегона аз таърих ва воқеияти зебои ҳамзистии худ сарфи назар кунем.

Сафват БУРҲОНОВ

Аз идора: Ин матлаб назари шахсии муаллиф аст.
Мӯҳр
Сари тахлили Карима Шохмирова - Кармелла Шамир зиёиёни точикро мебояд андеша, хулоса ва аз у чуръат биомузанд. Гуянд, ки мо зардуштй ва оташпарастем. Моро арабхо табармусулмон карданд. Шахру фархангамонро ин бодянишинон сузонданд.

Mualifi in makola bo xuni yahudihoi omexta shudaast ku...

Хонанда
Чаноби муаллиф, чи гуфтан мехостед бо ин матлаб? Матлабатонро нафахмидем.

Ман узри бисёр мехохам аз Шумо бародам Сафват ! Назари ман тамоман ба бардоштахои Шумо нисбати хизматхои Куруш ва бародарони Яхуди мувофик нест. Гарчанде акидаи антисемитиро химоя намекунам. Яхудхо дар хама давру замон, дар байни хама мардумони фарханги новобаста аз нажоду, расму суннатхои миллиашон хамкадами замон буданд. Ба чуз аз кабули динашон. Барои Яхудхо- Мусо ва Тавроти У маъни ва фалсафаи зиндаги аст. Дигар ичрои хамаи корхо ва кабули хама намуди арзишхои милатхое ки ба хаёти Яхудихои тахдид намекунад раво аст.Дар ин радиф дар байни Точикон мухлатхои тулони хамзистии осоишта доштани Яхудхо низ истисно шуда наметавонад. Аммо ин маънии онро надорад. ки онхо содикона хизмат мекарданд. Чунки дигар рох надоштанд. Ин ягона миллате аст, ки рефлекси самосохранени дорад. Хами Инкилоби Уктабра бародарои Яхуд тахрези карда буданд. Хамин рохбарои большвико хамаш Яхуд буд. Хами Бухорову Самарканд ва дигар марказхои фархангиро дар таксимот бо маслихати Яхудо ба мо надоданд. Аз номи урус дар зери парчами Сурх хуни рехтаи коргару дехкон Точиконро кариба беватан карда буданд. Агар ваихо хайрхо мебуданд дар Кремл доимо весь доштанд, гапшон мегузашт- да ещё как мегузашт. Гап бисёраиу вакт танг. Хулоса ба ракси апаи Малика ва дориа Ало Ало онкадар дил набанд. Барои Мо Раккоси худи ва Доиранавози точики даркор. Нотинчи шуду на раккос ёфтему на доиранавоз.

Точик
Дируз дар феесбук даъвати Сафватро оиди хар руз як пора Куръон хонданро шунида алхамдулиллох гуфтам. Имруз ин навиштааш. Намедонам ба кадомаш бовар кунам. Худо Куръонро ба инсоният ва хамчунин ба миллати ба воситаи Пайгамбари арабнажод ва сахобагони гиромии Эшон расонид.Худованди Бузург Ба хеч кас, аз чумла ба хеч як точик прямо ба калбаш на ба воситаи вахй ва на ба воситаи илхом нозил накардааст. Балки аз тарики Пайгамбар ва сахобагони чон бар кафашон ба миллаи дине пахн шуд. Мо хеч вакт чизя надодаем. Сарзамини Мовароуннахр сарзаминхои ъушри аст. Яъне мисли дигар мусулмонхои чазираи араб факат закоти фарзро адо мекарданд. Ин хакикат дар китобхои таърихи ва фикхии ханафи зикр шудааст. Дуруст сарзамини Ирок ки маркази давлати Сосонихо буд ва аз тарики чиходи мусаллах фатх шуд сарзамини хирочи боки монд. Хамо Куръоне ки ба хонданаш даъват кардед, мефармояд: Инна ашаддан-носи ъадоватан лил-лазина оману аляхуд суммал-лазини.... Хохиш мекунам маънои ин оятро аз китобхои тарчума ва тафсири Куръон бихонед. Худо хидоятатон кунад. Аммо дар масъалаи салафихо, ман низ онхоро ба хотири дар хидмати сиенистхо буданашон, бад мебинам.

Точик 1
Чаноби Сафват бигуед, ки барои сабзонидани дарахте, ки онро аз дигар давлат меоранд ва он то ин замон ба хоки Точикистон мутобик набуд чи кор бояд кард? Медони ё не? Ба арабхои имруза коре надорам, аммо ун арабхое, ки сабаб шуданду дини Ислом ба мо расид хеч гунохе надоранд. Чабре, ки имруз мусалмонон аз яхудиён дида истодаанд чашмат мебинад ё не?

Абдуллох,
Чанд суол Ба Сохиби ин Макола! 1-Оё ба ту Курони Карим кифоя намекунад, ки аз Таврот мисол меори?! 2- Ё инки Мусалмон нести?3- Оё ту медони ки Курони карим бо забони Араби ва Паёмбар (саллалоху ъалайхи вассам)Араб буданад.? 4-Оё ту медони ,ки сахтарин душман ба мусалмонон ин Яхудихо хастанд?5-Оё ту медони ки Таврот тахриф шудагиаст?.Агар инхоро надони бе илм сухан нагу!. Агар бидони ба монанди хамон Яхудихое ки аз онхо дифоъ мекуни хасти,чунки Яхудихо донистанду амал накарданд....

ораш
браво сафват!!!!!!!!!!!!!!!!!

99
Дуруст аст, ки яҳудиёни мо дигар буданд, вале яҳудиёни Исроил ва дигар мамлакатҳоро намедонам. Солҳое, ки мо ҷавон будем, ҳатто баъзеашон аз худ рафтагӣ ҳам буданд. Дар умум, барои миллати мо хизмати онҳо шоистаи таҳсин аст.

мусалмон
Чаноби сафват!
Аввалан инки яхудихоро дар тули таърих агар як бор дар замони паёмбар с ба хотири хиёнат ва паймоншиканиашон аз мадина берун карданд, бори дигар Бухтуннаср онхоро дубора ба хотири хамин фарханги пасти хиёнату ихтилофандозиашон ба Бухоро бадарга кард.
Аввал шумо мегуфтед, ки ин сафире ки омадааст магар намояндаи кишвари госибе нест, ки сарзамини мардум Фаластинро сохиб шудаанду беш аз 4 милион мусалмонро овораи дигар кишвархо кардаанд?
Оё намедонед, ки инхо худро нажоди бартар медонанд?
Оё куштори кудакони фаластиниро аз дасти хамин кавми "бофархангу мутамаддин" намебинед?
Як бор дуруст ба таърихчаи пайдоиши кишвари ин сафир нигох кунеду чиноятхои сабро ва шатилоро ба ёд оред, ки хамин кавм анчом додааст. Ариел Шарон бевосита дар ин чиноят ширкат дошт.
Намедонам шояд шумо хам ин чиноятхоро кабул дошта бошеду ин кавмро нажоди бартар медонед?

Хонанда
Матлаби хастакунанда ва дилбазанг. Панч чумлаи аввалашро хонда хаста шудам. Кирои хондан нест.

точик
Ин мардак ягон мавкеи аник надорад!!! гох хукуматро бад мекунад, гох Эмомалиро таъриф! гох мулло мешавад, гох атеист! гох либерал мешавад, гох феодал! Бародар худатро шарманда накун!!! Одама якруй мешавад!!

Вокеан, аз яхудихои Бухоро барои хизматхояшон, ки ба фархангу сохоти дигари мо кардаанд, миннатдор бояд бошем. Вале чаро ба ин тобиши дини дихему ба арабхо онхоро мукобил гузорем?

точик
хамин шуравихо буданд, ки точик чи будани зиндагонии орому осударо каме бошад хам дид. ин кадар замони шуравиро бад мебини!!! ба гумонам гузаштагонат, ягон бойю феодалхои истисморгари халки одди буданд, ки алам дори!!!

Шоди
Бародари точик Таьрихро донистан шарт аст.Дар олам тамоми динхо бо хунрези пахн шуд гайр аз бутпарасти.Дар мо аввал Кутайба омад бо табар мусалмон кард леки баьди рафтанаш боз баргаштанд ба дини ачдодиаш.Бори дувум дар хар хона яктои арабро таксим кард Арабхои сусморхур чи коре карданд факат худо медонад.Бинобар ин мо табармусулмон хастем будем ва мемонем. Бадан худованд пайгамбариро насиби оилаи Иброхими бузургвор насиб кард ки у ба араб хеч дахл надорад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)