Бахшҳо

“Бадгӯӣ дар ҳаққи сарвари давлат ғазаби Парвардигорро меорад”

Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз сокинони кишвар даъват кард, аз бадгӯӣ дар ҳаққи сарвари давлат (раисиҷумҳур) худдорӣ намуда, ба ҷои он дуои хайр намоянд.

Абдулқодирзода рӯзи 2 май дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе дар намози ҷумъа гуфт, “раҳбари давлатро эҳтиром кунед, бад гуфтани раҳбари давлат ғазаби Парвардигорро меорад.” Ба гуфтаи Абдулқодирзода, ки дар ин бора дар аҳодиси паёмбар низ таъкид шудааст, дар ҳаққи раҳбарон бояд дуои неку ислоҳ кард.

“Дар ҳадисҳо омадааст, ки аз лаънатгӯӣ бипарҳезед, чун ба зиндагии инсон бадбахтӣ меорад, танҳо дар ҳаққи онҳо бояд дуои ислоҳу нек ва салоҳ кард, то ислоҳ шаванд, чун эшон ислоҳ шаванд, ислоҳи Шумост”,-таъкди дошт ӯ. Сайидмукаррам Абдулқодирзода изҳор дошт, адолати яксоатаи раисиҷумҳур баробар ба 60 соли ибодат мебошад: “60 соли ибодати обид ва яксоата адолати сарвари давлат ҳарду баробар аст. Чун як шахс ибодат кардааст, агар раҳбар дар як соат адолат кунад, 7-8 миллион аз он баҳравар мешаванд ва Худованд низ ба адади ҳар яки ин мардум ба ӯ некӣ менависад.”

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии кишвар аз намозгузорон даъват кард, ҳар вақт дар зиндагии худ бо мушкиле рӯбарӯ мешаванд, ба ҷои фитнаангезию дашном додан ва бадгӯию бадхоҳӣ нисбат ба масъулону сардорон, ба сарвари давлат ё раҳбарони худ муроҷиат кунанд. “Дар ҳар масъалае агар шакку шубҳа пеш омада, ба Маркази исломии Тоҷикистон муроҷиат кунед ё агар дар зиндагӣ мушкиле доред, аз мутасаддиён ё худ раҳбарону сарвари давлат пурсед ва ҳар чӣ гуфтанд, аз онҳо итоат кунед, чун ҳарчӣ мегӯянд, ба нафъи Шумосту ҳеч гоҳ бар зараратон нахоҳанд гуфт. Чӣ дар соҳаи дин ё дунё бошад, ҳатмӣ ба манфиати Шумост”,-илова кард Абдулқодирзода.

Ӯ дар идома бори дигар аз нооромиҳои дохилии Тоҷикистон ёдоварӣ карда, гуфт, замоне буд, ки сокинони кишвар бовар надоштанд то бегоҳ зинда мемонанд ва ҳама орзуи оромию суботро дошт: “Нафаре ба ман гуфта буд, албата, бурдани номашро муносиб намедонам, “ман ҳар саҳар ғусл мекардаму баданамро пок намуда, баъд ба берун мебаромадам, чун бовар надоштам, зинда ба хона бар мегардам ё не”. Ҳоло бархеҳо он рӯзро фаромӯш кардаанд.”

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ ба сокинон таъкид кард, ба ҷумлаҳои фитнаангезону “демократияхоҳон” аслан гӯш надиҳанд: “Ҳоло гуфтам, ки байни мардуми мусулмон ҷумлаҳое мепартоянду мегӯянд, “демократия” ҳама тарафдори демократия ҳаст, мо ҳам, вале он демократияе, ки бо дасти худ ватану хонаи худро хароб мекунем, ҳаргиз лозим нест.”
Мӯҳр
Бехтарин "сухани сол"-и аршади точик. Бехтарин "фатвои сол".

ана барои чи ман ба ягон муллои имруза эътикод надорам..ва дуруст хам мекардаам....

У такяе, ки бар хадиси Расулаллох салаллохи алайхи васаллам мекунед, он ба Сарвари ОДИЛ дахл дорад подшохе, ки тамоми рукни зиндагии худ ва халкаш дар чорчубаи Курону ва Сунатхои Паёмбар с.а.васаллам аст!

беном
Мухтарам домулло дар хамон сраю оятотон нагуфтанд ки рохбари давлат бояд гами халкро хурад на авлоди хешро

Tojik
Hamin naasihathoro rafta ba raisi jumhur fahmoni chi? va gui ki adolatro dar davlat jo kunad

Нусрат
ё агар дар зиндагӣ мушкиле доред, аз мутасаддиён ё худ раҳбарону сарвари давлат пурсед ва ҳар чӣ гуфтанд, аз онҳо итоат кунед, чун ҳарчӣ мегӯянд, ба нафъи Шумосту ҳеч гоҳ бар зараратон нахоҳанд гуфт. Чӣ дар соҳаи дин ё дунё бошад, ҳатмӣ ба манфиати Шумост”,-илова кард Абдулқодирзода.

Гуянд то 18 масчид наравед итоат кунем? Духтарони сатрдорро ба дарс рох надиханд итоат кунем? Ришхоямонро ичборан битарошанд итоат кунем? Исломро тахкиру тавхин намуда, домуллохои хакгуйро аз минбархо дур карда дар ивазашон чоплусмуллохои дарбориро гузоранд, масчидхоямонро бо бахонаи хуччат надоштан бибанданд, итоат кунем? Ба фарзандонамон ичозаи таълим гирфтани Куръонро надиханд боз хам итоат кунем?????? Озодагон имконаш бошад дигар суханхои хамин одамро дар сайт чой надихед. Шарм медорем аз чунин "хоми"-и дин. Чоп карданро фаромуш накунед.

ТУ БИСЁР СОДАИ! ДАР ЧОИ ТУ БОЯД ШАХСЕ ШИНАД КИ СУХАНАШ ТАЪСИР ДОШТА БОШАД! МЕДОНИБАРОИ ЧИ СУХАНИ ТУ ТАЪСИР НАДОРАД БАРОИ ОН КИ ТУ ХУД АМАЛ НАДОРИ! ТУ НАМЕДОНИ ЧИ ГУНА АМРИ МАЪРУФ КУНИ КИ БА ПРЕЗИДЕНТ МАКУЛ ШАВИ! ТУ ХАКИКАТРО ГУ МО МУХОЧИРО ДАР ЧИ АЗОБЕМ! АГАР ХАМАИ МО БАРГАРДЕМ МЕДОНИ ЧИ МЕШАВАД!

Мухтарам боби муло, я бор хаму масалаи ришваву дуругу пораву нописандии падару модару ва дар чойхои чамоат , худро нигох аз хар хел рафтори бад гап мезадед.

Адл
Бадро бад ва некро нек гуфтан дуруст аст. Гуфтахои Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон рост аст. Раиси Шуро бояд, ки рохи ростро ба мо хидоят кунад, ки дар суханхояш ин рох нишон дода шудааст. Чаро ба у бовар накунам, ки тамоми мусулмонони Точикистон ба у бовар доранд. Шояд бошанд нафароне, ки ба Раиси Шурои исломии Точикистон шак дошта бошанд, лекин ба андешаи ман чунин нафарон шояд эмони комил надоранд. Зеро онхо танхо дар бораи сиёсат ва хукуматдори фикр мекунанд ва сухани хакро нохак гуфта бахо медиханд. Хакро хак ва нохакро нохак бояд гуфт. Дар суханронии Раиси Шурои исломи ягон камбуди намебинам. Зеро Президент ин Рохбари Точикистониён аст ва нисбати у набояд сухани бад гуфт. Президентамонро хуб гуфтем иншоолох, ки Точикистон худ мешавад. Рузхои бадро дидем, умед дорем, ки рузхои некро бо рохбарии Сарвари давлатамон мебинем. Дуо мекунам, ки Худои таоло ба у дар ин рох кумак намояд. Омин.

Кувватов Сайдулло
Офарин устод!, Ахсан устод!. Хар, ки хизматхои Чаноби Олиро намебинад ё кадр намекунад чашми уро пардаи гаразнок, душмани, бахили, бегонапарасти, душмани, нафрат................пушонидааст. Чунки Хизматхои Чаноби Оли Эмомали Рахмонро хатто шахрвандоне, ки аз узвхои босира ё сомеъа махруманд эхсос намудаанд ва кадр менамоянд. Ахсан устод Сайидмукаррам Абдулқодирзода! Рахмат ба Шумо!

Мардум
А манъи Куръономузони ба наврасон газаби Худоро намеорад? Ё манъи намозхонии навчавонон?

Офарин, барои мо хаминхел Раиси Шурои Уламо даркор. Дуо мекунем, ки хамавакт намозои Рузи Чумаат ба даргохи Худованди азза ва чалла кобили кабул гардад. Барои хамин суханхои некатон “Ҳоло гуфтам, ки байни мардуми мусулмон ҷумлаҳое мепартоянду мегӯянд, “демократия” ҳама тарафдори демократия ҳаст, мо ҳам, вале он демократияе, ки бо дасти худ ватану хонаи худро хароб мекунем, ҳаргиз лозим нест.” Махсусан барои ман риши суннатии Шумо бобои домулло хуш омад. Бигузор барои дигаро намунаи ибрат бошад.

Фирдас
На кофари мутлакему, На мусальмони хакик
Ба ин муллохони дарбори, лаганбардорони дарбор гуш надихед

Мухтарам Домулло, агар подшохе як соат зулм кард, баробар бо чи мешуда бошад?

Бисёр хуб. Барои бадгуи газаби парвардигор меояд. Аммо барои таърифоти бехуда, чоплусию дуруггуи ва лагандбардори газаби Худо намеояд?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)