Бахшҳо

“Агар русҳо набуданд, дар банди ҷаҳли асримиёнагӣ монда будем”

Дар пайи нашри нуқтаи назари Қодири Рустам, нависанда ва рӯзноманигори шинохтаи тоҷик, дар бораи “лентаи Георгий” ва иртиботи он бо миллати мо даҳҳо нафар шарҳи худро фирстоданд. Дар ин миён хонандае бо номи Ҷамшед Азимов як номаи бузурге фиристодааст, ки ҳоло дар шакли комил чоп мекунем.

“Салом бар Шумо бод, устод Қодири Рустам. Ман дарди Шуморо хуб мефаҳмам. Дарди Шумо дарди миллат, дарди ин марзу бум аст. Ва "лентаи Георгий" барои гуфтани ин дардҳо баҳонае беш нест. Хеле хуб. Аммо устоди гиромӣ, Шумо низ чун бештари ҳангомасозони расонаҳои хабарӣ "лентаи Георгий"-ро аз "лентаи гвардия" фарқ накардаед. Байни ин лентаҳо фарқ зиёд аст: аввалӣ моли Русияи подшоҳист, ки аз се банди сиёҳ ва ду банди зарди тиллоӣ иборат аст, дувумӣ моли СССР аст, ки ба Ҷанги ҷаҳонии дуюм рабт дорад ва аз се банди сиёҳ ва ду банди норанҷӣ иборат аст. Ин лентаҳо, ки имрӯз рӯйи он баҳс мекунед, "лентаи гвардия" (Гвардейская лента) аст, ки ба иштибоҳ "лентаи Георгий" мегӯянд ва Шумо, устоди гиромӣ, инро мехоҳед ё на, "лентаи гвардия" ба таърихи мо рабт дорад. Инкори таърих инкори падару модар аст.

Дигар, устоди азиз, пурсише дорам: мегуфтед, ки ин русбадбинии Шумо аз куҷост? Дар маҷмуъ, ҳеч миллате ва ҳеч халқе бад буда наметавонад, нодурусткорӣ аз роҳбарони манфиатҷӯст. Инҷониб ба ҳамаи халқу миллатҳо эҳтиром дорам, бавежа ба русҳо. Шумо таърихи Бухорои амирӣ ва ба Осиёи Марказӣ даст ёфтани русҳоро аз ман хубтар медонед. Дуруст аст, ки нодурусткориҳо ва иштибоҳҳо зиёд буданд, вале ин нукта мусаллам аст, ки агар русҳо набуданд, кӯчиён миллати тоҷикро аз байн бурда буданд, агар русҳо набуданд, имрӯз мо дар банди ҷаҳли асримиёнагӣ монда будем, на ин Душанберо доштем, на шаҳрҳои дигарамонро ба ин гуна ки ҳастанд, месохтем, банди эзорамон як метр, ришамон ҳафт ман, ба манғитиҳо зану духтаронамонро фурӯхта мегаштем (нигаред ба "Рисолаи таърихӣ-и Аҳмади Дониш"). Эҳёи миллати тоҷик ҳамон рӯз буд, ки Аҳмади Дониш пас аз сафарҳо ба Русия дар Бухорои ба рӯзи сиёҳ (дар ҷаҳлу торикии асримиёнагӣ) нишаста хишти аввали маорифпарвариро гузошт. Эҳёи миллати тоҷик ҳамон рӯз буд, ки русҳо Устод Айниро аз обхонаи Бухоро берун кашиданд ва аз марг наҷоташ доданд. Эҳёи миллати тоҷик ҳамон рӯз буд, ки русҳо пояи ҳукумати манғитияро аз Бухоро барчиданд. Эҳёи миллати тоҷик ҳамон рӯз буд, ки ҷумҳурие бо номи Тоҷикистон таъсис шуд ва Устод Айнӣ моро аз зери хокистари таърих кофту ёфт. Ё ин ҳамаро инкор мекунед? (Рӯйи масъалаи Самарқанду Бухоро гуфтаниҳо зиёд аст, вале на ин ҷо).

Дигар, (баҳсҳои Узбакистону дигару дигар баҳсҳои сиёсианд, ман рӯйи инҳо чизе намегӯям) устоди гиромӣ, агар русҳо дар умум ба мардуми тоҷик эҳтиром надоранд, айби мост, на онҳо. Дуруст аст, ки онҳо ба тоҷикони бофарҳанг зиёд эҳтиром мегузоранд. Ман инро дар суҳбат бо аҳли фарҳанг ва маорифи ин кишвар борҳо шунидаам, ки мегуфтанд миллати тоҷик ягона миллати порисгӯи Осиёи Марказист, ки таъриху фарҳанги қадима ва бой дорад. Ҳатто соли гузашта, вақте шаш нафар хонум аз кормандони соҳаи маорифи Русия бори нахуст ба Тоҷикистон омада буданд, пас аз нишасти (семинари) серӯза ва баҳсу суҳбатҳо бо мутахассисони мо эътироф карданд, ки назарашон ба тоҷику Тоҷикистон дигар шудааст. Гумон мекардаанд, ки тоҷик ҳамон кӯчарӯби чиркину бефарҳанги Маскав аст (бубахшед, фикри онҳоро навиштам).

Оре, ин ҷо айби худи мост, вақте меравем ба кишвари дигар, чаро ба одитарин қоидаи он ҷо риоят намекунем, чаро ба дину мазҳаб ва ба расму одати он мардум эҳтиром намегузорем? Магар ҳамин мусалмонист, ҳамин эҳтиром гузоштан ба одобу расми мардуми рус аст, ки соли гузашта дар кӯчаҳои Маскав хуни даҳҳо сар гӯсфандро (қурбонӣ карда) равон кардем, ки мардуми Маскав ба ваҳшат уфтод? Ин дар назари мо ид аст, вале дар назари он мардум ваҳшигист, ки ҳатто ба ин Владимир Путин дахолат кард. Канӣ эҳтиром? Барои ин мехоҳем, ки онҳо моро эҳтиром кунанд? Устод, агар, зиёд не, пагоҳ панҷсад нафар рус (чиркину жӯлида) биёяд ба Тоҷикистон ва мазҳаб, расму одати мардумро ба масхара гиранд, занону духтарони тоҷикро таҳқир кунанду дастдарозӣ кунанд, Шумо чӣ кор мекардед? Агар ин миқдор русе, ки гирифтем пагоҳ ба Тоҷикистон омаданд ва ба мактаббачаҳои хурдсоли Тоҷикистон нӯшокиҳои спиртӣ пешниҳод карданд, маводи мухаддир пешниҳод карданд ва бештари ин мактаббачагон масту аласту бангӣ шуд, Шумо чӣ кор мекардед?

Тоҷик рӯзгоре ба ҷаҳон дониш дод, бо нури маърифат ниме аз ҷаҳонро рӯшан кард, имрӯз чӣ? Имрӯз ба Русия нос мебарад, героин мебарад. Чанд моҳ пеш аз як шабакаи телевизионии Русия барномае дар бораи носкаш шудани мактаббачаҳои Русия (бахусус дар вилояти Новосибирск) пахш шуд ва бо далелҳои раднашаванда дар ин "кори хайр" (паҳн кардани нури нос) даст доштани тоҷикбачаҳо гуфта шуд. Чаро боре ба ин гуна рафторҳои ношоистаи ҳаммиллатони худ дар Русия чизе намегӯем? Чаро аз маҳалбозиву ҳамдигарро ба хотири пул ва ғаразҳои шахсию маҳаллӣ куштани ҳаммилатонамон чизе намегӯем? Далелҳо зиёданд, ки бештари куштори тоҷикон дар Русия ба дасти худи тоҷикон будааст. Вале чашми мо инро намебинад, дар ҳама бадбахтиамон русҳоро гунаҳкор медонем. Чанд кушторе, ки тоссарҳо кардаанд, мебинем, ба тамоми ҷаҳон ҷор мезанем, вале кушторҳое, ки худи ҳамватанонамон кардаанд, намебинем. Худамон ба хотири маҳалламон, ба хотири деҳаамон дар Русия ҳамдигарро чашми дидан надорем, боз аз русҳо эҳтироми худро мепурсем. Ин маҳалбозии мо нишон медиҳад, ки мо ҳоло миллат нашудаем. (На ҷойи масъала аст, вале сару садоҳое, ки чанд бефарҳанг имрӯзҳо рӯйи номи Устод Айнӣ баланд кардаанд, низ нишон медиҳад, ки мо ҳамчун миллат ташаккул наёфтаем, ҳама маҳалбозу дағалбозем. Агар Устод Айнӣ аз маҳалли он бечора Асрор мебуд, номашро ҳамчун бузургтарин алломаи давру замон дар тамоми шаҳру рустои кишварҳои ҷаҳон менавишт).

Ин ба худ бо чашми ҳақорат нигаристан нест, устоди гиромӣ, ин воқеият аст, ки мо бояд дар пайи ислоҳи он шавем. Инро бо бадбинӣ ба русҳо, бо дӯст надоштани Русия, бо инкори "лентаи гвардия", бо коштани тухми низоъ дар байни тоҷику рус, бо лофи дурӯғини мусалмон будан (мусаллам аст, ки русҳо мусалмонтар аз моанд), бо таҳқири бузургони миллат наметавон ислоҳ кард.

Дигар, дар бораи мардикорони тоҷик дар Русия бо дард сухан мекунед. Дуруст аст, ки шароити кори мардикорони тоҷик дар Русия хуб нест. Вале боз ҳам (ҳарчанд дарднок аст) ҳамин Русия ба тоҷикон ҷойи кор дода. Чаро ҳамдинонатон (ки ҳама лоф мезанем, муъмин бародари муъмин) дар Арабистони Саудӣ, ки миллиард-миллиард долларро барои мусаллаҳ кардани изм-измҳои бисёре сарф мекунад, ба ҳамдинони худашон ҷойи кор намедиҳанд? Шумо хуб медонед. Чунки ин оқоҳо (бо ҳама эҳтироми ман ба онҳо) ману шуморо дар қатори одам намешуморанд, чӣ расад, ки ҷойи кор диҳанд (агар одам меҳисобиданд, ҳазорҳо нафар фарзандони нафароне, ки навад-сад сол пеш аз ин сарзамини моро тарк карда ба он ҷо рафта буданд, бо меҳнати сахт он кишварро обод кардаанд, то имрӯз шаҳрвандӣ надоранд ва дар ҳеч мақоми давлатӣ пазируфта намешаванд). Ва боз ҳам бо сад дарду ранҷ ҳам бошад, тоҷик дар сарзамини рус ҷойи кор ёфта, ҳамин рус аст, ки нонашро бо тоҷики меҳнатӣ якҷо мебинад, ва ҳамин рус аст, ки "муъмин бародари муъмин"-ро беҳтар аз кишварҳои арабӣ риоят мекунад.

Дигар, устоди азиз, Шумо низ чун муллоҳои содаандеши мо ба зоҳири масъала менигаред ва сухани "агар ба рӯйи ростат бизанад, рӯйи чапатро пеш ор" на ин маънӣ дорад, ки гӯсфанд бошӣ ва дар баробари рӯйи ростат рӯйи чапатро пеши бадхоҳат гузорӣ. На. Асли мазҳаби насронӣ муҳаббат, дӯст доштан аст, дӯст доштани душманонат чун худат ва наздиконат аст. Агар касе ба ту бад гӯяд, ту бо муҳаббат ба ӯ посух деҳ, агар касе ба ту бад кард, ту муҳаббаташ кун, ки ба гуфтаи Мавлонои Рум "аз муҳаббат талхҳо ширин шавад". Аз ин назаргоҳ, устоди гиромӣ, биёед ба касе бад нагӯем, ба кишваре бо чашми бад нанигарем, ба ҳеч миллате сухани сард нагӯем, ки сухани сард тухмест, ки аз он душманӣ рӯяд. Ба ҷойи ин ҳама миллатро тарбия кунем, насле худшинос ба воя расонем, ки дар ин гирдобҳои ҷоҳонишавӣ манфиатҳои миллату Ватанро ҳимоят кунад, ҳар ҷо равад сухан аз Ватану миллат гӯяд (на аз маҳалаш), сухан аз муҳаббат, аз бародарию дӯстӣ гӯяд, ҳар ҷо равад фарҳанги волои тоҷикро муаррифӣ кунад; насле тарбият кунем, ки ибораи нохуби "тоҷикиш кун"-ро ба маънои мусбаташ табдил диҳад, ба ҳамон асли орёияш, ки созандагию бунёдкорӣ ва маърифатгустарист, баргардад. Ман бовар дорам, ки мо метавонем. Ва ин вазифаи муқаддаси ману Шумост (ҳамчун зиёӣ), устоди гиромӣ.

Худо Шуморо саломат нигоҳ дорад! Дар дили ҳар фарди миллат нури хирду дониш тобида бод!”
Мӯҳр
Муалифи "мухтарам"! Аз руйи навиштачот ва изхори акидаатон, чунин бармеояд, ки ба чуз Россия дар хаётатон ба дигар киишвархо сафар накардаед! Магар Чин-ро Россия обод кард, ва Ирон-ро , ва ё Покистонро, ва ё давлатхои назди балтикро! Шумо шояд бе Россия ва Русхо дар кучое мемондед бо як метр дарозии банди эзоратон, аммо ба Авгонистони чангзада назар кунед, хамсояи Мо шахрхо хушруй ва чахоншинос доранд-бе руссхо! Шумо бародар ё Рустаборед ва ё аз "косаи"шарбат бо русхо нуши чон мекунед!

Ташаккур ба Чамшед Азимов ки чунин маколаи пурмазмун навиштааст. офарин ки равшан намудааст. босаводона тахлил шудааст. Кош хамаи точикон чунин фахмиши амику равшан медоштанд.

...имрӯз рӯйи он баҳс мекунед, "лентаи гвардия" (Гвардейская лента) аст, ки ба иштибоҳ "лентаи Георгий" мегӯянд... Бе шубха тадкикоти хуби таърихи руи кор омадааст. Аммо барои мо Точикон чи фарк дорад аввал чанд хату ранг дошт Лентаи Бародари Калони ва хозир чанд хату ранг. 2Х15 як 30. Аз мо ки нест бар мо раво нест. Барои мо Чаноби Оли баландтарин Парчамро дар дунё бо се ранги худи оростааст. Аз чор тарафи Пойтахти азизамон намоён аст ва бархак боиси ифтихори миллист.

беном
Боракало чавоби аник ба Кодири Рустам

Darvesh
Ozodagon agar ozod boshi hami odamro bipurs ki I patakreshai kadom avlodi rus naboshad? Ma na isha meshinosum na usha !

salmon
асалом акаи чамшед дар маколаатон рохбарони давлатхои арабиро дуруст бахо додаед локин фаромуш кардаед ки онхо аз рохбарони мо дар мусулмон будан фарке надоранд вале мушкилии хамаамон дар мусалмониамон аст яъне дар муомиламон нисбат ба мусулмонхост ва аз маколаатон бар меояд ки шумо хам аз хамин тоифаед ва гайри мусулмонхоро бартари медихед. ба шумо як тавсия медихам китоби устод Шакури "фитнаи инкилоб дар бухоро"ро хонед ва хиёнати русхо ва руспарастони мисли шумо маълум мегардад. ва хар нафаре ки ин китобро нахондааст хохиш дорам бо ахли оилаатон хонед пушаймон намешавед

Салмон
хазорон ташаккур Ҷамшед Азимови гироми! ин на танхо суханони шумо балки суханони 1000он дигар точиканд, ки мехоханд инро зери калам оранд. Ба фикрам аз ин дигар маколаи хак ва бехтарин намешавад. агар касе мукобили ин макола чизе нависад, ё гумрох аст ваё аз таърихи худ тамоман огох нест.

Darvesh
Ay Arabiston har ruz 3 grob Tojikistonda nameoyad. I mano dorad ki ay avlodi tu holo yagon nafarro tossarhoi rus, sarro az tan judo nakardaand yo in ki 27 kord dar badani u nazadaand!!!

Маколаатон маъние надорад. Шояд Шумо дар асри миёна мемондед агар руссхо Шуморо "обод намекарданд"..... Ман аз чунин руссчикхо ба монанди Чамшед шармам меояд. Ба дурусти инхоро руссхо Джамшут меноманд, инхо бошанд боз домони руссхоро буса мекунанд)))) Ватанфуруш!!!

Чамшед Азимов. Пеш аз он ки дар бораи русхо- Россия гапро сар мекардй мегуфтй ки Ман дар Канада, Олмон, Австралия, Филипин ё лоакал дар Куриёи шимолй не-не-не дар Вьетнами чангзада будам. Маълум, ки набудй. Агар мебудй мукоиса мекардй баъд ягон содалавх боварат мекард. Додарам, худатро олим ва сайёх-Мюнхаузен нагир. Садри Чалол бахои хакикй додааст. Китоб не, бисёртар сафар бояд, кард то пухта шавад хоме. Лоакал ба калъаи Хисор сафар кун. Хамонро хам русхо сохтанд?

Часур
Пах пах пах хазорон рахмат ба он падаре ки туро тарбия намудааст Чамшедчон. Дар хакикат дуруст ва ба маврид кайд намудед. Рости хама далел ва фактхои овардаат аз чихати илми асоснок ва хакикати нихонро ошкор месозад вале он торикбинону качандешон ба кавли далелаи оварда Шумо "агар ба рӯйи ростат бизанад, рӯйи чапатро пеш ор" харгиз хакикатро намебинанду намешунаванд. Ман хамчун шахравнд аз тамоми шахсони илмдору бомаьрифат ва чахонбинии васеь доштаи миллати точики даьват мекунам ки ба мисли ин бародори азиз ба нотвонбинон ва качрафторони замон ана ин гуна дарси ибрат дихед. Зинда боши бародари азиз каламат буротару шикофкунандатр гардад..Садри Jalol,
Садри Jalol,

Точик
Ин Чамшеди "зиёи" ки бошад? Ба рости, ки ман уро нашинохтам ва мутмаинам бисёрихо мисли банда номи ин "равшанфик"-ро бори аввал мехонанд(мешунаванд). Бахшиш, аммо хохишмандам худро дар сафи Қодири Рустам зиёи ном набаред, чун устод бо пуштибони аз миллат садо мебароранду шумо аз истисморгарони рус. Ба фикрам ин мардаки хуб аз чойники рус чой менушад. Халки рус барои шумо кабиру бузург аст, барои мо "скинхед"-они котил. Худо нахоста ягон наздикатон аз дасти онхо кушта мешуд, он гах медидем, ки чи мегуфтед.

Ҷамшед Азимов, садақаи одамгарию, тоҷику мусулмони шавед!
Шумо бо ин навиштаи худ, манқурт будани худро нишон додаед. Ту ба фикрам ғайр аз руссияю русҳо дигар ҷою дигар миллатро надидаӣ!
Ту ба андозаи як мулои бесавод ҳам дониш надоштаӣ!
Агар волидайнат русу динат масеҳи бошад пас инро иқрор шав. Чунки ончизе ки навиштаи тоҷику мусулмони асил наменависад.
Ба фикри ту дар Ҷопону Амрикову Аврупо ҳама ин пешравиҳоро русҳо асос гузоштаанд? Ҳаргиз не!
Агар русҳо намешуданд, мумкин пешрафти миллати мо аз ин ҳам зиёдтар мешуд! Имруз Афғонистон аз мо пеш гузаштааст!
Ту магар фарумуш кардаи ё намебини ки ҳар руз аз хати сайри таёраҳои аз русия меомада 3 ва 4 мурдаи тоҷик ба ватан оварда мешавад. Магар ҳамаи ин мурдаҳо гунаҳгоранд? ва русҳо не?
Магар гуноҳи руссҳо дар чанги 5 солаи мо нест?
Ман дар инчо худро ҳамчун миллатгаро нишон додани нестам ва дар байни миллати рус одамони хуб ҳам зиёданд, аммо ин маънои онро надорад, ки танҳо тоҷикон гунаҳгоранд!
Имруз русҳо ба Украина чи кор карда истодаанд, магар намебини?
ва аз ин сиёсати аблаҳонаи кремл аксарияти мардуми рус ҳимоят дорад, ки ба фикри ту ин дуруст мебошад!!!!???
Ҳаргиз!
Агар русхо намешуданд, мумкин давлати точикон бо номи давлати Бухоро то имруз боки мемонд ва кисми зиеди осиёи марказиро дар бар мегирифт!
Имруз бинед 201 дивизияи русхо чи кадар масохати моро зери по кардаасту ба ивазаш як пули пучак хам намедихад, яъне аз зурии худ минадор аст! Гарчанде роҳбарони мо хам гунахкор бошанд ҳам аммо ин кори дурусте аз тарафи русхо намебошад.
Дини насрони ин дини ботил шудааст, аммо ту аз ин дин пуштибони намуда ва дини исломро паст задаи! Ислом ба зоти худ надорад айбе, ҳар айб ки ҳаст дар мусулмонии мост! Ё ин гуфтаро ҳам намефаҳми!
Чи насрониҳои педафилро нашунидаи?????!!!! Интернет даро каме кобу хон агар саводи инро дошта боши!
Дигар казоватро ба хонандагони гироми мегузорам!
Худо бо чунин шахсони гумрох тавфику имон ато намояд! омин!

Адолат
Ба фикри бародар ХАКИКАТХОХ сад фоиз розиям. Номбурда асолати баланди милли ва шахрванди дорад. Афкори муаллиф бо номи сохтаи Чамшед Азимов ба мукобили хуввияти миллии точикон тахия шуда характери манкурти ва бадном кардани точикон мебошад.

Собир
БА хакикатхох. Бародар агар тахлил хохи аз илми мантик хабар бояд медошти. Вакти хондани макола саратро камтар мекабиди фикр мекарди бисер хуб мешуд. Муаллиф бароят равшан кард аз хизмати рус ба точик на дар бораи Япония,Европа ва Америка.Шумо Афгонистон мисол овардед вале намедонед.ки зиеда аз 8 млн.тарк кардан онро Шумо инро пешрави медонед офарин.Тобуте.ки вориди точикистон мешавад муаллиф рост мегуяд нимаш аз дасти худи точикхо кушта мешаванд.Бадан таьрихро донистанат зарур.Бухоро давлати точикон набуд.чунки амирон узбак буданд.Баьди Сомони ягон амири точикро агар дони навис.Ба муаллиф офарин мегуям ки хакикатро гуфт вале касоне ки чохиланд хакикатро инкор мекунанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)