Бахшҳо

Пешниҳоди Абдуқодири Рустам: Оё парлумон ҳиммат мекунад?

Абдуқодири Рустам, рӯзноманигор ва нависандаи тоҷик, пешниҳод кардааст, 20 май дар Тоҷикистон “Рӯзи шеър” эълон карда шавад. Оқои Рустам зимни ироаи ин пешниҳод гуфтааст, “20 май зодрӯзи ду шоири бузурги муосири тоҷик - Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ аст ва чун мо зодрӯзи бештари шоирони бузурги гузаштаамонро намедонем, биёед, ин рӯзро Рӯзи шеър эълом намоем.”

Ин донишманди тоҷик изҳори умед кардааст, Иттиҳодияи адибон ин пешниҳодро ҷонибдорӣ мекунаду парлумони кишвар низ ҳиммат карда, онро ба феҳрасти иду ҷашнҳои ҷумҳурӣ ворид хоҳад намуд. Агар чунин ҳам нашавад, ба гуфтаи Абдуқодири Рустам, мояи нигаронӣ нест. “Мо ҷомеаи маданӣ камари ҳиммат баста, 20 майро ҳамчун Рӯзи шеър қайд мекунем”,-таъкид доштааст ӯ.

Ин пешниҳоди донишманди тоҷик дар лаҳзаҳои аввали нашраш дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук алакай ҷонибдорони зиёд пайдо карда, гуфта шудааст, дар ин маврид як номаи дастаҷамъона ба парлумон ирсол гардад.
Мӯҳр
Зиёи
мо чонибдор, чаро не, рузи кадуву катушка, асалу харбуза хай ку.

Чамол
Бехтарин фикр аз-оне, ки сарикабри шоир донишчуёни зиёдеро мебаранду як корхои гйри дини, яъне шеъру таронахони мекунанд аз инда дар ягон мачмаи фарханги чамомади шеъри сол гузаронанд бехтар аст. Ва дар ин замина метавонанд чавонони хуб кироаткунандаи шеъро пайдо кунанд.

Шеър меър
Пешниходи хубу лекин хамин шеъру шоирон дар чонамон задаанд. Ягон фоида аз шеър нест. Бо шеър шикам сер намешавад.

Коперник
Дар Аврупо шеърро фаромуш кардаанду инхо холо хам гирди шеър чарх мезананд. Акалан химия, физика..гуед, як бор...

шоир
[ ба b]Шеър меър[/b],

бАРЗАГОВ ГУЛ НАБУЯД ВА БО БУЛБУЛ ОШНОИ НАЧУЯД

Азиз
Коперник.,Шояд номи аслии ту Кооперник бошад, одами боакл ин гапро намезанад хар як фанну соха дар рохи худ аст шоириву нависандаги бо рохи худ, физику химик, иктисодду хочагии кишлок ва дигару дигар бо рохи худ бояд таракки кунад., ин пешниход чи бадие дорад ба чои бекорхучагиву дигар корхои бад рафтан ашъори бузургони милатро хондан акалан дар як сол як руз хуб нест?

Донишманд
Пешниҳоди хеле ҳам хуб, Беҳтарин ва боварии комил ҳам дорам, ки агар ин пешниҳод дастҷамъона ба Ҳукумату Парлумон пешниҳод шавад алббата дастгирӣ хоҳад ёфт. Лекин як пешниҳоди дигар дорам, мо мардуми тоҷик табиатан файласуфу, филологу, шоиру нависандаву ҳофизу нотиқ ҳастем, чӣ мешуд ки як ба худ омада дар асри 21 ба илмҳои техникиву технологӣ, химия, биология, физика, информатика ва дигар илмҳои дақиқ диққати зиёдтар диҳем, Мардуми ҷаҳон то ба Марс роҳ кушода истодаанд, мо бошем ...

а
Безорем аз шеър. Аз дасти точик гайр аз шеърнависи ягон коре намеояд. Хубаш 20 майро рузи илму техника эълон кунед.

Сармад
Бехтарин мегуед устод!Вокеаън ин чашни достонхои эпоси (Каноат)ва лирики(Лоик) дар мачмуъ чашни ашъори ватандустона ширу шакар устоду шогирд хохад буд!

Коперник, Умари Хайём дар баробари ин, ки шоири бехтароин буд, олими сохаи илмхои дакик хам буд. яъне шоири ба дигар фанхо халал намерасонад. агар чунин фикр куни, на шеърро дуст медорию на химияю физикаро

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)