Бахшҳо

Рустами Ваҳҳоб: "Бурдборӣ" бигӯем, ё "комёбӣ"?

Хонандаи азиз, “Озодагон” тасмим гирифт, саҳифаи наверо бо номи “Дуруст бинависем” омода карда, дар он назар ва шарҳи донишмандону адибон ва забоншиносонро пиромуни калимаву ибораҳое, ки ғалат истифода мешаванду дар шабакаи Фейсбук низ гузошта мешаванд, гирд оварад.


БУРДБОРӢ Ё КОМЁБӢ?

“Бурдборӣ” дар ҳамаи фарҳангномаҳои қадиму ҷадид ба маънои сабру таҳаммул, тоқат, шикебоӣ тафсир шудааст. Аслитарин муродиф (синоним)-и тоҷикии калимаи арабии “сабр” мебошад ва аз назари реша бо “таҳаммул”-и арабӣ монанд аст, чун “таҳаммул” аз решаи “ҳамала” яъне “бор бурдан” аст.

Масъала ин аст, ки аксаран дар навиштору гуфтори матбуот ва расонаҳои мо аз ин калима ба маънои “комёбӣ”, “муваффақият”, “дастовард” истифода мекунанд. Дар ин хусус пештар ёдддоштҳое зимнӣ шуда буд, вале бо таваҷҷӯҳ ба густариши рӯзафзуни ин иштибоҳ лозим омад дар фасли алоҳидае дигарбора ба ин мавзӯъ муроҷиат шавад.

Масалан, муҷрии барнома дар поёни он ба ҳамсӯҳбати худ хитоб мекунад: “Ба Шумо бурдбориҳои нав ба нави эҷодӣ орзумандем”. Ё ағлаб ин баёнро дар номаҳои табрикотӣ мебинем. Албатта, барои касе орзуи сабру бурдборӣ кардан бад нест (агарчи онро бештар дар мусибат мегӯянд). Аммо равшан аст, ки дар ин хитоб манзури гӯянда на сабр, балки муваффақият ва комёбист.

Решаи зеҳнии ин иштибоҳ ин пиндори ғалат аст, ки калимаро бо “бурд” (масалан бурди кор, бурди бозӣ ва ғ.) дар иртиботи маъноӣ тасаввур кардаанд, ки чунин нест. Мисолҳои фаровоне дар матни адабиёти классикии мо ба маънои саҳеҳу мушаххаси “бурдборӣ”, яъне сабру таҳаммул далолат мекунанд:

Сари бурдборон наёяд ба хашм,
Зи нобуданиҳо бихобанд чашм.
В-агар бурдборӣ зи ҳад бигзарад,
Диловар гумоне ба сустӣ барад…
Сутуни хирад бурдборӣ бувад,
Чу тундӣ кунад, тан ба хорӣ бувад.
(Фирдавсӣ)

Бурдборитинатам, хоки таҳаммулпешаам,
Ғайри ҳастӣ ҳарчи бар дӯшам бубандӣ, бор нест.
(Бедил)

Хулоса, маънои мушаххас ва равшани “бурдборӣ” сабр, тоқат, таҳаммул, шикебоӣ буда, истифодаи он ба маънои комёбӣ, дастовард ва бурд ғалати маҳз аст. Мутаассифона, ахиран чунин иштибоҳотро, ки дар забони мо чандон собиқа надоранд, баъзе муҳаққиқони дохилӣ ва хориҷӣ чун вижагиҳо ва тафовути забони тоҷикӣ (бо форсию дарӣ) қаламдод мекунанд, ки ин амр метавонад боиси “қонунӣ” шудани чунин ғалатҳо гардад. Бо ин мулоҳиза ҳам ҳаргиз набояд ба ривоҷ ва идомаи чунин иштибоҳот созиш кард.
Мӯҳр
Наим
Ба муаллиф
Дар як маколаи кутох ин калимахоро:
пиромун, муродиф, зимнӣ, муҷри, ағлаб, шикебоӣ, муҳаққиқон, вижа
истифода кардед, ки ба 70% хонандагон ношинос аст.
Тамоми ин каллимахо синонимхои худро дорад, ки дар забони точикии асри 20 аз тарафи чи олимони забошинос ва чи адибу шоирон ва мардуми саводнок кабул шудааст. Пас да бораи як ибора андешарони карда чаро калимахое, ки онро бештар забоншиносон дар корхои илмиашон истифода мекунанд дар маколаи барои хонондахои ом навишта онхоро истифода кардед?

Ахмад
Рахмат, бехтарин икдом

99
Бале!
Хуб мешуд, ки ин мавзӯъ дар оянда ҳам пайгирӣ шавад, на фаромӯш.

н
Мардум дар фикри як бурда нону сари мардумро бо бурдбори ё коёби гаранг карда гаштааст.

ҳаким
Бо салом
аз озодагон самимона ташаккур мекунам ба хотири иқдоми хеле хеле хубе ки карда аст. Ман ҳам борҳо ба ин масъала фикр карда будам. Махсусан ин ки тоҷикҳо аз феълҳои мураккаби форсӣ (иронӣ) нодуруст истифода мекунанд.

Наим 70% фахмид не, балки 70% нафахмид хамин калимахои Устода. Оддитар карда гап занед. Баъд боз хафа мешавед, ки арабизатсия шуда истодааст забонмон.

Чуби дандонкоб гуем ё дандонкоби гуем ё дандонкобак гуем мо дар бахсу мунозира сарсон ё саргардон ё машгул ё банд Хитои сохта оварда фурухта пул ё музд ё маблаг ё фоида ба даст меорад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)