Бахшҳо
30 май 2014 20:38Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Аз июн то август маълум мешавад, Роғунро хоҳанд сохт, ё не

Гузориш ё ҳисоботи коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ дар бораи ташхиси иқтисодию иҷтимоӣ ва экологии тарҳи нерӯгоҳи Роғун, ки онро ҳукумати Тоҷикистон “ҳаёту мамоти мардуми кишвар” медонад, моҳи июни соли ҷорӣ нашр хоҳад шуд.

Ин иттилоъро Сураҷ Кумар Ҷа, раҳбари минтақаии Бонки Ҷаҳонӣ дар умури Осиёи Марказӣ, баъд аз зӯҳри 30 май дар сӯҳбат бо Эмомалӣ Раҳмон -- раисиҷумҳури Тоҷикистон дар Душанбе изҳор дошт. Ӯ гуфт, гузориши коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ моҳи июли соли равон бо ҳузури намояндагони кишварҳои соҳили Омӯ баҳсу баррасӣ шуда, сипас, моҳи август, баъд аз фаҳмидани афкори мардуми минтақа, вариант ё шакли ниҳоияш омода хоҳад гардид.

Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Бонки Ҷаҳонӣ барои пуштибониҳои пайваста аз рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон арзи сипос карда, изҳори боварӣ намудааст, ки мавқеи ин ниҳоди байналмилалӣ дар омӯзиши ҳамаҷонибаи тарҳи нерӯгоҳи Роғун то охир воқеъбинона ва мустақил боқӣ мемонад. Дар ин сӯҳбати Эмомалӣ Раҳмон бо Сураҷ Кумар Ҷа, инчунин, татбиқи лоиҳаи хатти барқии CASA-1000, роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон ва дигар лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақаӣ баррасӣ шудааст.

Дар оғози соли ҷорӣ Лора Так, ноиби раиси Бонки Ҷаҳонӣ дар умури Аврупо ва Осиёи Марказӣ, ҳангоми сафараш ба Душанбе гуфта буд, ташхиси фаннию иқтисодии сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун то миёнаҳои соли ҷорӣ ба анҷом хоҳад расид. Ноиби раиси Бонки Ҷаҳонӣ дар умури Аврпуою Осиёи Марказӣ изҳори умед карда буд, ки натиҷаи ин ташхис ба ҳамаи суолҳои марбут ба Роғун посухи қонеъкунанда хоҳад дод. “Пас аз ин, барои қабули қарорҳои минбаъда дар мавриди ин лоиҳа шароит фароҳам хоҳад шуд”,-афзуд ӯ.

Лора Так аз иқдоми ҳукумати Тоҷикистон барои гузарондани ташхиси байналмилалии Роғун истиқбол карда, изҳор дошт, ки Душанбе тамоми шароитро барои шаффофу озод гузарондани таҳқиқ муҳайё кардааст. Бар асоси ёддоште, ки Тоҷикистон бо Бонки Ҷаҳонӣ дорад, ин ниҳоди молиявӣ дар сурати натиҷаҳои мусбати ташхиси Роғун барои анҷоми сохтмони он сармоягузорҳоро ҷалб хоҳад кард. Сарбанди Роғун бо баландии 335 метр дар назар аст, ки баландтарин дар ҷаҳон хоҳад буд. Ин лоиҳа дар ҳоле ки калиди мушкилоти иҷтимоӣ-иқтисодии минтақа арзёбӣ мешавад, мояи нигаронии Узбакистон гардидааст. Тошканд иддао дорад, ки “Роғун” кишварҳои поёнобро беоб мегузорад, аммо мақомоту коршиносони тоҷик бо ироаи далелҳо онро қатъиян рад карда ва гуфтаанд, дар сурати бунёди нерӯгоҳи Роғун кишварҳои поёноб, аз ҷумла Узбакистонро ташналаб нахоҳанд гузошт.
Мӯҳр
Рогунро мо худ месозем . Дар ин рох моро хеч кас дошта наметавонад. Мо ТОЧИКЕМ, ТОЧИКИ ТОЧ ДОР, ТОЧИКИ БО ОРУ БО НАНГУ НОМУСЕМ . ТОЧИКАМ МАН БО ТУ МЕФАХРАМ .

Ватандор
Мо Рогунро месозем агар нашавад бо нохунхои худ канда бунёд мекунем. Нашавад чонамонро барои бунёди он курбон мекунем. Зеро ин ояндаи давлату миллати мост. Рогун бунёд мешавад ва он хаёту мамоти насли минбаъда мебошад. Ахсан ба Чаноби Оли дар таърих номашон сабт хохад шуд. Мо халки куханбунёд хастем Рогунро месозему халос ва аз норасоии неруи барк мебароем. Баркро ки харад мефурушем обамонро низ. Ин оби мо аст. Поянда бод сахмияи Рогун халки точик холо хам сахмияи Рогунро харида истодаанд.

ман як шахрванди оддии Точикистон бовари надорам ки ягон вакт мо дар фасли зимистон света мебинем.

inshoalloh mesozem.agar hukumatdoronu sardori mo tojikon be nomusu tarsonchaku predatel mebud kaiho dar xonahomoh svetu gazi uzbakho bud.vremeni.

точ
Ватандор,
Эй сафсатафуруш! Рогун бо аклу дониш сохта мешавад на бо нохуну харзаву шиорхои бехудаи шумо. Шумо маддохон дигар таъсире барои халк надоред. Мо сиехро аз сафед фарк мекунем.

шараф
месозему халос агар бонки чахони чавоби радро дихад хам ,намояндагони бонки чахони ай кучо медонанд ки мо ах барк танкиси мекашем

Бародарони гироми! Бо хар роху восита муносибатро бо хамсояхо бехтар кардан даркор! маколи халк хаст аз хеши дур хамсояи наздик бехтар. Муносибатро бо кишвархои поёноби бехтар кардан лозим аст! Дуввум мо дар Точикистон миллиардерхое дорем, ки як ё ду нафараш метавонад, Рогунро бунёд кунад. Ва аз ин суханхои бефоидаи мо Рогун бунёд намешавад. Ин дар сатхи давлатхо ва хукуматхо халли худро меёбад. Ин аз ману Шумо вобастаги надорад.

илтиммос гуед неругохи рогун кай ба кор медарояд?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)