Бахшҳо
31 май 2014 10:40Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Кӯдаке мегашт бо қуттии худ... Қиссаи Ҳинд не, ҳақиқати тоҷикон

Ин дигар достони Ҳиндустон нест. Ин акнун ҳақиқати Тоҷикистон аст. Ҳар боре ба майдону бозор, боғу кӯчаҳо маркази пойтахт меравем, шоҳиди он мешавем, ки кӯдакони зиёд ба фурӯши майда-чӯйда, аробакашию талбандагӣ, пур кардани маршруткаҳо ё корҳои дигар машғуланд. Дар боғи Рӯдакӣ ва майдони 800-солагии Маскав (назди театри опера ва балети ба номи Айнӣ) хурдсолон бо қуттиҳо назди мардум рафта, чизҳое мисли шоколаду кулчақанд ва дигар шириниҳо, сақичу сигор, пуфак ва ғайра барои харид пешниҳод мекунанд. Аксаран, ин кӯдаконе мебошанд, ки синнашон аз 12-15 зиёд нест.

Чаро ин кӯдакон ба ҷои мактаб ба фурӯшу хидматрасонӣ ё талбандагӣ даст задаанд? Маълум, ки аз дилхушӣ нест. Хурдсолон маҷбуранд барои қути лоямут кӯшиш кунанд ва барои зинда мондан, кӯдакиро қурбон кунанд. На донишандӯзӣ, на бозӣ, на оғӯши волидайн барои онҳо таҷрибаи ҳаррӯза нест. Кӯдак, ки панҷсола шуд, дигар аз синну соли кӯдакӣ мебарояд.

Ин дастони хурд, аммо дуруштгашта кайҳо боз китобро нагирифтаанд. Обилаи ин пойҳо аз давидан дар футбол не, балки аз шитоб ба сӯи муштариён пайдо шудаанд. Ба ин тани маҳин шояд соле як-ду бор як либоси дуруст пӯшанд, ки гоҳо ба ирсоли маблағ аз Русия рост меояду гоҳе ҳам ба хайри нафаре, ки либоси нолозимашро ба онҳо медиҳад.

Дар ин чашмон дигар шарораи умеду орзуҳо қариб, ки дида намешавад. Дар онҳо асари душвориҳою ноумедиҳоро мебинӣ. Агарчи соддагии кӯдакӣ ҳануз дар онҳо парса мезанад, аммо ин нигоҳ диди як нафари рӯзгордида аст, ки зиндагӣ бармаҳал калонсолаш карда.
Дигар кӯдаке бо қуттии хурд дар хиёбонҳои сарсабзи худамон мегардад, на лаби баҳри кабуд.

Кӯдаке мегашт бо қуттии худ... Қиссаи Ҳинд не, ҳақиқати тоҷиконБа рӯзгор бигӯед!
Ман тарки таҳсил кардаам...
Дигар имтиҳон нагирад...!


Кӣ иҷоза дода кӯдакон дигар кӯдак набошанд? Масъулияти падару модар барои таълиму тарбияи фарзанд чӣ мешавад? Ҳақиқати ҳол ин аст, ки волидайн барои тарбияи фарзандон вақт ва қудрат намеёбанд. Дар шароите, ки ҷои кор ва даромади дуруст барои аксари аҳолӣ дастрас нест, онҳо маҷбуранд тамоми рӯз дар корҳои гуногун банд бошанду тамоми вақташонро барои пайдо кардани як бурда нон сарф кунанд. Вақте ҳам шабонгаҳ ба хона бар мегарданд, мадори машғулият бо ҷигарбандон надоранд, балки гоҳо аз шиддати мондагӣ ва асабонияти кор, бо хурдсолон муомилаи дуруст ҳам намекунанд. Имрӯзро шому ин шомро саҳар кардан ва дубора паи то шом луқмае ёфтан барои аҳли оила, ягона ҳадафи волидайн шуда аст. Зиндагӣ не, зинда мондан аст рӯзгори эшон. “Аз гуруснагӣ намирем, шуд.”

Волидайн на ҳамеша баъд аз рӯзи корӣ ба назди кӯдакон бармегарданд. Дар нисфи оилаҳо, кӯдакон падаронро тӯли моҳҳо намебинанд. Падарони дур аз зану фарзанд, маҷбуранд ҳаддиақал ним сол дар Русия ба мардикорӣ машғул бошанд, то тавонанд даромадашон бештар аз харҷи роҳ бошад, то барои рӯзгори оилаашон низ расад. Аниқтараш, барои рӯзгузаронӣ: аксари оилаҳои муҳоҷирон, аз як дафъаи ирсоли маблағ то дафъаи дигар ба азоб рӯзҳоро паси сар мекунанд. Маълум аст, ки дар чунин шароит кӯдак мактаб, либос ва хӯроки дурустро дар орзуҳо ва дар хобаш мебинад. Ҳол, киро барои поймол намудани ҳуқуқи кӯдак ба таълиму тарбия ва зиндагии хуб муҷозот кардан лозим аст? Волидайн гунаҳгоранд, ки маҷбуранд дар чунин шароит бошанд? Ба ҳар ҳол, зинда мондан шарти аввалиндараҷаи зиндагист.

Гунаҳгор ҳаркӣ набошад, ҷазояшро имрӯз кӯдакон мекашанд. Онҳое, ки ояндаи кишвару миллатанд. Чанд сол баъд насли эшон аст, ки бояд мамлакатро обод кунаду калонсолони имрӯзаро дар пиронсолӣ дастгир шавад.

Аммо магар ҳамин аст пойдеворе, ки барои оядна бояд омода кунем? Магар ҳамин аст ояндае, ки барои худ тассаввур мекунем?
Ҳамин аст худшиносӣ ва ҳамин аст озодию гулгулшукуфоие, ки мехоҳем бисозему орзӯяш мекунем?!

Ёд дорӣ, “кӯдаке мегашт бо қуттии худ”?
Ин ҳикоят сарнавишти кӯдаки тоҷик шуд,
Ормони насли истиқлол ҳаргиз ин набуд,
Гар тафаккур бандагӣ бошад, аз озодӣ чӣ суд?
Мӯҳр
Аробакаш
Кудаке мегашт бо аробае,
То биёбад лукмае аз бозорчае,
Гох суи ин давон гох суи он равон,
Кай кунанд парвои ин бечорае.............

said
Айби ин кудакон чист ? Оё дар оилаи камбагал ба дунё омадагиш ё бе падару модариш . Фикр кунетон мардум оё ин кудакон намехохан монанди дигар кудакон дар дабистон ё варзишгох ё кудакистон раванду давраи тиллоияшонро яъне кудакиро дар огуши бозию хондан гузаронанд? Хама мехохад аммо "ЗИНДАГИ ОИНАРО МУХТОЧИ ХОКИСТАР МЕКУНАД" Имруз аз инкор дорим хатман даст ба дузию авмбоши мезананд .

99
Ашк резон аст аз чашмони ман
Дидаю бишнида дарди миллатам.
Вой, мегӯям бидида кӯдаке
Бепадар бемодару дар иллатам
Қомати мардон шикаста баҳри нон
Дар ғарибҳо шуда мисли ғулом
Модарон бо кӯдакони "бепадар"
Монда танҳову шуда чун муштипар
Кӯдакон дар кӯдакӣ гаштанд пир
Зиндагӣ кардаст инҳоро асир
Пас гуноҳи кист ин дарду алам?
Худ гунаҳгорем ё кори Аҷам?
Ман намебинам дар ин сирри ниҳон
Худ гунаҳгорем, оре вассалом!
Асрҳо дар банди зулмат будаем
Баҳри озодӣ чаро накшудаем?...

Ҳа ин падида агар ҳаминтавр идома ёбад тайи чанд соли дигар дар ин кишвар насли босавод пайдо намешавад! Беҳтара аст вазорати омӯзиш ва парвариш дар фикри дуруст ва ҷиддӣ бошанд то насли ҷавон аз байн наравад бо бесаводӣ!!!!

Ghamgin
In masuliyati Hukumati Tojikiston ast ki, boyad dar 22 sol hukumat dori sharoieta behtar mekardand. Lekin afsus!!!
Kudakon ro az Masjid man karda metoned az koru bosor nee???

Агар турсунзода зинда шавад чи мешуда бошад.....

Золи Зард
Дар гариби чон ба сахти бурди аз чабри Чингиз, эй мискин Камол, Ворисонат дар Ватан, чун беватан, лек ОЗОД бо Ароба, бо алам ин бори миллат мекашанд.

мухочир
Ба акои Абдукодир: АГАР УСТОД ТУРСУНЗОДА ЗИНДА ШАВАНД ХОЧАТИ БА ХИНДУСТОН РАФТАНАШОН НЕСТ. САД АФСУС БА ХОЛИ МИЛЛАТАМ(((((((((((((((

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)