Бахшҳо

Ҷавоби Қодиров ба даъвои падари Меъроҷ ва “муҷозот”-и муаллим

Насибҷон Қодиров, сарвари мактаби рақами 42-и ноҳияи Ашти вилояти Суғд, иддаои Саидхон Азизхонов – як сокини ҳамин ноҳияро дар бораи латту кӯби писари мактабхонаш аз сӯи як омӯзгор беасос донист. Ӯ рӯзи 3 июни соли ҷорӣ дар тамос бо “Озодагон” гуфт, касе Меъроҷро латту кӯб накарда, баръакс, ӯ аз қабл аз дарди гӯш ранҷ мебурд ва ҳоло барои ҳамин дар бемористон бистарист.

НОМАИ САИДХОН АЗИЗХОНОВ

Ҷаноби Қодиров афзуд, “Аҳрор Мирзоҷонов, ҳамон тавре Азизхонов гуфтааст, муаллими тарбияи ҷисмонӣ набуда, балки аз фанни забони русӣ дарс медиҳад. Ӯ Меъроҷро назадааст, балки сарзаниш кардааст, ки чаро дар дарсҳо несту ба омӯзиши дигарон халал мерасонад. Меъроҷ ҳамон рӯз либоси мактабӣ ҳам надошта, бо шорти ва кепка ба дарс омада будааст. Муаллим гуфтааст, беҳтар аст, бо либоси ягонаи мактабӣ ба таълимгоҳ биёяд.”

Сарвари мактаби рақами 42-и ноҳияи Ашти вилояти Суғд мегӯяд, ҳангоми ин ҳодиса дар мактаб набуд. “Аммо баъдан ҳудуди 10 омӯзгор шоҳидӣ доданд, ки Меъроҷро муаллим назада, танҳо сарзаниш кардааст”,-илова кард ӯ. Қодиров афзуд, “бо бобояш сӯҳбат доштам, чунки падараш дар Русия аст. Бобояш гуфт, наберааш шояд чанд рӯз ба мактаб наояд, чун гӯшаш дард мекунад. Аммо баъд Меъроҷро дар беморхона хобонда, бобояш ҳамроҳи модари Меъроҷ ба мактаб омада, ҷанҷол бардоштааст, ки ин чӣ хел мактаб ва барои чӣ муаллимаҳо рӯймол надоранду сари луч меоянд.”

Насибҷон Қодиров мегӯяд, агар Меъроҷ зарба мехӯрд, чаро бо гузашти 5-6 рӯз ӯро бистарӣ карданд. Дар посух ба пурсиши мо дар мавриди либоси ягонаи мактабӣ Насибҷон Қодиров гуфт, “воқеан, мактаб аз хонандаҳо барои либос маблағ мегирад, чун бо як ширкати хуҷандӣ дар ин маврид шартнома дорем, ки тамоми маблағро то 1 сентябр бояд пардохт кунем. Ман бо падари Меъроҷ сӯҳбат доштам ва гуфтам, ки то сентбяр пулаш шавад, барои либоси писараш фиристад. Дар ҳақиқат, аз синфи Меъроҷ танҳо ду нафар барои либоси мактабӣ пул надодаанд.”

Ба қавли директори мактаби 42-и ноҳияи Ашт, либоси мактабӣ барои писарбачаҳои синфҳои поёнӣ 135, барои духтарон 140 ва барои синфҳои болоӣ 175-180 сомонӣ будааст. Қодиров гуфт, Аҳрор Мирзоҷоновро барои сар задани ин ҳолат танбеҳ дода, эҳтимол аз сентябр дарсҳояшро кам кунанд.
Мӯҳр
Мухтарам директори мактаб! Щумо аз доираи салохият баромадед. Тибки конунгузории граждани муносибатхои доду гирифт (шартномахои хариду фуруш) мачбури сурат намегиранд. Мактаб метавнонад сару либоси ягонаро чори намояд (дресс-код), вале хукуки чамъоварии пулро барои сару либос надорад. Дар амалхои шумо нишонахои хукуквайронкунии коррупсиони дида мешавад.... Падару модарон метавонанд нисбати амалхои маъмурияти мактаб мустакиман ба прокуратура ё агентии зиддикорупсиони мурочиат кунанд...

talaba
mualim charo ruyatro siyoh karda durug megui, nahod,ki padarash dar borai ilaty gushi farzandash nadonad va tu mualim boyad dar borai savod va tarbiyaash monda az gushdardii u suhan megui ruta siyohg mekuni. Ozodagon chand ruzy ohyr nomahoi maro chop namekuni tu boyad ozod boshy

Акнун шоҳидкобиву худсафедкунӣ сар шуд. Ба зудӣ 10 нафар муаллимон шоҳид шуданд. Кӣ мегӯяд, ки "ДУМИ ГОВАМ КАҶ АСТ!" Акнун фишори омехта бо илтимос сари бобову бибии бача идома меёбад. Дар як дам далелҳо пайдо мешванд, ки директор, муаллими садист ва ҷониби ҷабрдида ҳамдеҳаву, ҳамтабақу ҳамнишину, ва шояд, хешу табор мебошанд....ва "гапу калоча набояд ба кӯча барояд!" Назди духтурон мераванд, ташхиси тақаллубӣ ба даст меоранд... Хулоса, коре мекунанд, ки талаба неву муаллим ҷабрдидааст. Талабаро айбдор мебароранд ва ғайра ва ҳоказо. Ин хислати хоси мамлакати диктатурӣ аст! Директор ва муллимон мусичаи бегуноҳ, фариштагони тап-тайёр. Барои онки онҳо намояндагони ана ҳамон диктатура мебошанд. "Аҳсан" ба шумо барин омӯзгорон! Ақаллан мард барин ба гуноҳатон иқрор шавед! Рафта, аз он бача ва волидонаш бахшиш пурсед! Як каме ислоҳ шавед! Шумо бо рафтори ғайриодилонаи хеш чӣ гуна ба шогирдон ибрату намуна мешавед? Пас, шогирдон аз кӣ донишу адаб ва илми адолатпарастӣ омӯзанд ? Аз шумо барин ноинсофон? Алҳазар, алҳазар! Тараққии як давлат аз таълиму тарбия ва макотиб сар мешавад. Бо муаллимони тарсуву дуруяву таъмаҷӯ маълум аст, ки тарақии кишвари бо ном Тоҷикистон дар кадом сатҳ аст. Рушди Тоҷикистонро маорифи ақиб кашида истодааст!!!!!!!!!

Муаллим
Эхтимолан дар ин миён директори мактаб бо ширкати хучанди шартномаи махфи бастаги хастанд. Кормандони коррупсия мархамат кор кунед! Сурога:
мактаби рақами 42-и ноҳияи Ашти вилояти Суғд.

Абдуллох
Олам хама девона шудаст . Аз муаллим сар карда

russia
О ин тухматро бинед дар хакки бобо.У бо чигари сузон ба мактаб омаадасту барои наберааш, амру маъруф аз кучо? Хеч ба хакикат монанди надорад.Ин директор барои сафед кардани худ ва шариконаш ба хама кор омода аст.Боз инхо тарбиятгар будаанд..

мухочир
Ин ходиса дар хар канори ватанамон рух дода истодааст.Бояд ин корро то ба охир расонид ва ин номардонро бояд решакан кард.Чинояткор бояд чазо бинад!!!! Бигзор ин кор то суди оли барояд, бигзор хама фахмад, охир Точикистон хам конун доштагист..То ба кай ором нишаста ба чунин зулму нобакорихо рох медихем? Хак бояд ба хакдор расад. Он омузгори берахмро чунон бояд чазо дод, то ки ба дигарон ибрат шавад, дигар ин номаъкулихо такрор наёбад.

беном
Девонаги аз муаллимон сар мешавад.Ояндаи точикистон дар хатар агар ахвол ин хел бошад.хар як кудак сатрасени гирад насли ояндаи миллат чи мешавад.Не ин кора хамту монда намешад, хамаш гайриконуни, конун кучо шуд?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)