Бахшҳо

Бозор Собир баъд аз як сол... боз ба Амрико рафт

Бозор Собир, шоири шинохтаи тоҷик, ки соли гузашта бо даъвати раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Ватан омада буд, дигарбора ба Иёлоти Муттаҳида рафтааст. Низом Қосим, вакили парлумон, шоир ва яке аз дӯстони Бозор Собир, ин хабарро дар сӯҳбат бо “Озодагон” тасдиқ кард.

Аммо ӯ гуфт, Бозор Собир на барои ҳамеша, балки барои чанд рӯз ба хабаргирии фарзандонаш ба Амрико рафтааст ва боз хоҳад омад. Ӯ гуфт, “овоза дар бораи дигарбора тарки Тоҷикистон намудани Бозор Собир дуруст нест. Устод барои хабаргирии наздиконаш, аз ҷумла фарзанду наберагонаш рафта, дубора бармегардад”,-афзуд Низом Қосим.

Ин дар ҳолест, ки Бозор Собир баъд аз 19 соли ҳиҷрат дар Русияву Амрико, нимаи дувуми соли 2013, ба Ватан баргашта буд ва изҳор дошт, ки ин бозгашти ӯ барои ҳамеша аст.

Бозор Собир аз соли 1979 то 1989 мушовири бахши шеъри Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон буд. «Оташбарг», «Гули хор», «Мижгони шаб», «Офтобниҳол», «Бо чамидан, бо чашидан…», «Чашми сафедор», «Аз Ватан вақте ки мерафтам» ва «Аз «Гули хор» то «Симхор» маҷмӯаҳои шеърии ӯянд. Бозор Собир соли 1988 барои «Бо чамидан, бо чашидан…» ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакиро гирифтааст. Оқои Собир баъд аз 19 соли муҳоҷират дар Русияву Амрико, нимаи дувуми соли гузашта, ба кишвар омад ва дар манзиле, ки аз сӯи мақомот барои ӯ дар маҳаллаи Қарияи Болои Душанбе дода шудааст, зиндагӣ мекард. Вай соли 1938 дар деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод ба дунё омада, дар оғози солҳои навадум дар саргаҳи ҳаракатҳои истиқлолхоҳи кишвар буд.

Ӯ ягона шоире дониста мешуд, ки дар замони пойбарҷоии Шӯравии пешин дар васфи раҳбаронаш шеъре нагуфта. Вале баъд аз мустақилияти Тоҷикистон ва ҳиҷраташ ба Маскаву Амрико, ӯ низоми демократиро зери бори танқид гирифта, қисмати зиёди шеърҳояшро барои Ленину Сталин ва низоми Шӯравӣ бахшид. Ҳатто дар яке аз шеърҳояш, ки дар маҷмӯаи "Лолаи сиёҳ" нашр шудааст, Бозор Собир мухолифати худ барои тағйири номи Ленинободи собиқ ба Хуҷандро баён доштааст.
Мӯҳр
махмуд
Рохи сафед устод, зудтар баргардед.

.
Давай до свидания Бозор. Илтимос дигар барнагард, моро зик накун.

77
Дигар ин хабар нест, рафту омади у барои касе мояи нигарониву хушбини шуда намметавонад. Рафтааст, рафтан гирад....

Исмат
Шукри бе андозаи Худо,ки моро аз ин боз халос кард...

Яъкуб.Душанбешахр.
Э кош дигар наояд ва ончо монад.Вакте як Арман Равшану Чамшуд точиконро танкиду тахкир мекунад хама ба хашм меоянду Б.Собир хазорхо бештар аз онхо Миллати Точикро тахкир мекунад боз баъзе чохилон аз у кахрамон метарошанд.И.Сомониро як дузду горатгар медонаду шоирони бузурги классикро хамаро ба як шабкаи Ленин баробар намедонад....болотар аз хама вучуди Худоро инкор мекунад...

Бозор Собири ҳангомуҷӯй боз ба Амрикои "яҳудиёну империалистон" рафт. Ӯ медонад, ки инҷо барои бемории диабети қандаш табобати дуруст нест. Боз ҳамон Амрикои ганда даркор шуд. Ҳар вақте ёди ҳаё ҳуй ва моҷароҷӯӣ кард, боз хоҳад баргашт. Ӯ ором намегардад. Ҳамеша аз паси ҳангома ва бадковию бадгӯӣ аст.

Хушбин
Яъкуб.Душанбешахр.,Хас каму чахон пок!

Дар руи и мардак дига нури шоирирам намондай

муҳочир
рафт рафтан гирад ин у собири пештара нест мо хурсанд шудем аз рафтанаш на гамгин

Baroi pensiyagiri lraftaast. U shahrvani amrikost.
Obsofkunakash durugh meguyad.

Dev
Яъкуб.Душанбешахр.,
Vakte turo , millataaro ravshanu jumshud nom nihodand ,tojikoni "musulmonu" "bogururi" tu chize ba onho gufted ? Ne. Ba hashm fakat devona meoyad ! 1300mln. tojiki "bogurur" dar tagi binii guyandagoni tahkiri tojik nishastanu parvoi millatu davlat nadorand, tu boshi az raftani yak tojiki asil ba Amriko tabli shodi mezani. Bozor Sobir millati tojikro tahkir nakardas, u sohti zindagii tojikro didani nest! U mehihad tojik inguna mazlumu hakiru jugijona zindagi nakunad
.Baroi Leninro tarif kardan dar davlathoi garb zindagi meboyad kard ...

Будан ё набудани Б.Собир барои Точикистон ягон фоидаш нест. Ай и мардакда дигар шахсоне ки даркори будан ва манфиатшон ба миллату давлата мерасид рафтан. Рафт дига барнагарда 19 сол набуд чи Точикистон пеш нарафт ё ки дар 1 сол будагиш фаркият дораи аз пештара. Озодагон эхтиромона чоп намо! Фикрхои манро чоп намекунед. ХАР КАС ХУКУКИ ОЗОДИИ БАЁНРО ДОРАД.

махмуд,
махмуд,
махмуд,
Махмуд аз зори кандан ки зудтар баргардед, нмешуд, ки хамрохи "УСТОДАТОН" мерафтед

Абдулло
ЉАВОБЕ БА БОЗОР СОБИР

Мусалмон бо фармудаи эмоми Аъзам тасдиќ кардан ба дилу иќрор кардан ба забон аст.
Худоро мо бояд ба дил шиносем ва бо забон ба дурустии он шаіодат диіем.
Касе Худоро ба дил тасдиѕ мекунаду ба забон инкор - кофир аст. Ва ё низ баръакси ин мекунад ў низ бехудост.

Бозор Собир Худоро бо забон инкор дорад.

Барои ман кунун Бозори Собир мурд,
Барои ман кунун Бозори шоир мурд,
Барои ман кунун Бозори тоіир мурд,
Барои ман кунун Бозори нодир мурд.
Дигар Бозори Собир нест,
Дигар Бозори шоир нест,
Дигар Бозори тоіир нест.
Дигар Бозори кофир шуд,
Дигар Бозори соіир шуд,
Дигар Бозори Нодир шуд.
Ва Нодирпури нав монанди иблис фитнаіо дорад,
Ва Нодирпури нав исёни тоза бар Худо дорад.

Худоро ў намедонад
Ѕазоро ў намедонад,
Їазоро ў намедонад.
Наметарсад!
Наметарсад, їаббор аст он Худои меірубони мо,
Наметарсад!
Наметарсад, ѕаііор аст он Худои їовидони мо.
Наметарсад!
Наметарсад.
Худоро рўи рост бадном месозад,
Худоро рўи рост дашном месозад…
Чќ їойи гила аз пайћамбарон бошад?
Чќ їойи гила аз Фирдавсию Сино?
Чќ їойи гила аз Сомониву Саъдќ?
Чќ їойи гила аз Дорою Кайѕубод?
Чќ їойи гила з-ин Сомонии Сонќ?
Іамаро як ба як дашном дода,
Ленини бадбахту кофирро
Ситоиш мекунад іар дам.

Аїаб пастќ, аїаб пастќ,
Аїаб гумроіиву мастќ,
Ки аз баіри шикам худро фурўшќ, бехудо гардќ,
Зи халѕу миллати поки мусулмонат їудо гардќ.
Фурўшќ дини ирфонро,

Шер
Dev,
биё, барои ту ҳам як виза медиҳем, дар hotel шоиратро ҳамроҳӣ кун. Ӯ тамоми гузаштагони миллатро таҳқир кард. Аслан ба хоки Ватан қадам ниҳодани ин псевдошоир барои мардуми сарбаланди тоҷик бояд нанговар бошад. Аз Худо тақозо дорам, то ки б. собир дигарбора ба хоки меҳан қадам наниҳад.
Рафтӣ, рафтӣ, рафтанот,
Садқаи н-омаданот.
Агар бозпас нагарди,
Мо бисёр мешавем шод.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)