Бахшҳо

Эътироз дар назди сафорати Бритониё ва сафари Смит ба Хоруг

Як гуруҳ, ки аксарияташонро занон ташкил медиҳанд, баъд аз зуҳри 10 июн дар назди бинои сафорати Бритониё дар Душанбе даст ба эътироз задаанд.

Тавре шоҳидони ҳодиса ба “Озодагон” гуфтанд, эътирозгарон ба сӯи бинои сафорат сангпартоӣ намудаанд. Як манбаъ аз сафорат изҳор дошт, ки омилҳои даст ба эътироз задани гирдомадагон маълум нест, чун ба далоили амниятӣ кормандони сафоратро нагузоштанд, ба берун бароянд.

Манбаъ таъкид намуд, эътирозгаронро маъмурони амният пароканда намудаанд. Ин эътироз дар ҳолест, ки 10 июн Робин Орд-Смит, сафири Бритониё дар Тоҷикистон ба Бадахшон сафар намудааст. Сафир мегӯяд, ин сафараш танҳо ба хотири шиносоӣ бо вазъи минтақа мебошад.

Қаблан бархе аз коршиносон аврупоиҳоро дар он муттаҳам мекарданд, ки бо қумандонҳои маҳаллии Бадахшон мулоқот намуда, ба қавле ба оташи эътирозгарон равған мерезанд. Моҳе пеш намояндагони Иттиҳодияи Аврупо бо Муҳаммадбоқир Боқиров, қумандони маҳаллии Хоруғ мулоқот доштанд, ки боиси норозигии бархе аз мақомоти Тоҷикистон шуда буд.
Мӯҳр
озодагон чопкун
ана демократия ин хукумат метарсад ки айбашон фошмешад худашон митинг карда мардумро сиех мекунад дар назди дигар милатхо шармандахо

Аҷиб, тайи 22 соли истиқлолият даҳҳо ҳазор муҳоҷирони меҳнатӣ, Хуршедаи бегуноҳи 8 сола, чандин донишомӯзони тоҷик ва тоҷикистонӣ дар кишвари рус ба қатл расонида шуданд; тайи беш аз 10 сол ва ҳанӯз ҳам ТВи рус "Равшану Ҷамшут" гӯён, тоҷиконро масхара мекунад; Жирик барин сиёсатмадоронаш (аъзоёни Думаи давлатӣ) ва ВАОи рус дар ҳаққи Тоҷикистон ва тоҷикон таҳқир ва ҳақоратҳо ба худ иҷозат медиҳанд. Бо вуҷуди ин, ягон маротиба, ҳатто дар шаби хоб, касе фикр ҳам намекунад, ки боре сарҷамъ назди сафорати рус дар Душанбе бираванд ва эътироз бикунанд. Ба назар мерасад, русу Русия барои миллияти истеъморзадаи тоҷик чунон МУҚАДДАС аст, ки агар онҳо нисфи тоҷиконро қир бикунанд ҳам, боз МУҚАДДАСТАР мешаванд. Ҳоло нашунидаем, ки дар Британияи Кабир тоҷике кушта шуда ва ё ҳуқуқи ӯ вайрон шуда бошад. Пас аз чӣ боис гурӯҳи занони ҷангҷӯ ба сафорати Британия ҳамла оварданд ва муҳофизини он сафорат, ҷавонони тоҷикро лату кӯб карданд. Зеро як силсила нашрияҳои рус дар портали Яндекс аз хурсандӣ қарсакзанон, воқеаро ҳамин тавр баён кардаанд. Бо супориши кӣ ва кадом гурӯҳе онҳо ба он амали шармандавор даст зада бошанд? Чаро онҳоро милиса дастгир ва таҳқиқ накарда, "пароканда" кардааст? Маълум аст, ки ин амал супоришист ва паси он қувва ё қувваҳои хеле нируманд меиста(н)д.
Тавре русҳо навистаанд, ба занҳо дертар чанд мард низ ҳамроҳ шуда, камераҳои сафоратро зада шикастаанд. Аз афташ, барои онки ба камера наафтанд.

Аслан гурӯҳи занҳои шаллақ ва ҷангҷӯро зидди нафарони озодихоҳ ва демократ, яъне мухолифини ҳукумат, шӯронданро нахӯст дар Ӯзбакистони ҳамсоя таҷриба кардаанд. Бо ишораи намояндагони ҳукумат (милиса, амният) он занҳо бо шумораи то 30 - 40 нафар якбора ба ягон маҷлис, анҷуман ё утоқи кории он мухолифин бо доду фарёд дохил шуда, "шумо давлатамонро нотинҷ карданиед! Шумо душманони "Каримов отамиз" (падарамон Каримов)!", гӯён ҳама чизро шикаставу титу - пит карда, то имконияте рӯи мардонро харошида, боз якбора нопадид мегаштаанд. Милиса ҳамеша "бехабар" мемондааст. Маълум аст, ки зани боиффат ва бо нангу номӯс ба ин хел амали хатарнок ҳеҷ вақт даст намезанад. Пас киҳоянд, он занҳои ҷангараи шаддод? Онҳое, ки бо ҷурме дар қайди милиса ва амният мебошанд: аз қабили тиллоҷаллобӣ, нашъаҷаллобӣ, фоҳишагӣ, дуздӣ, қаллобӣ ва дигар гуноҳҳо. Аз чӣ сабабе онҳо аз ҷавобгарӣ осонакак озод мешаванд, вале бо ваъдае, барои хизмати дар боло зикргашта доимо тайёр будан!!! Тавре мегӯянд: NO COMMENT! Ин аст таърихчаи ҳамлаи занон ба сафорати Британия Кабир дар Душанбе. Беҳуда нагуфтаанд: харбуза аз харбуза ранг мегирад!

Боном
Харчо, ки расад суми Катаган,
Не зинда Ватан ёбаду не мурда кафан!
Мо чан тан аз модарон-занони шахри Хоруг тарики сомонаи интернети хабар ёфтем, ки як гурух занону модарон, дар назди сафоратхонаи Англия дар Точикистон гирдихамои ташкил намудаанд. Аз эътирози онхо маълум мешавад, ки яке аз сабабхои нооромихои навбатии рухдода дар шахри Хоруг ин ташрифи намояндагони созмонхои байналхалки мебошад.
Тавре, ки ба хамагон маълум аст, санаи 14. 05. 2014 баъд аз вохурии намояндагони созмони амнияти хамкории Аврупо бо собик кумандони минтакаи Бадахшон, Мамадбокир Мамадбокиров яку якбора фазои ороми Хоругшахр тагир ёфта, нобасомонихо сарзаданд, ки то имруз ин нооромихо рохи халли худро пайдо накардаанд. Ташрифи навбвтии намояндагони сафоратхонаи Англия(Британияи Кабир) бо кадом максад бошад!!!
Мо аз ташрифи онхо сахт дар ташвиш афтодаем, зеро дар кучое, кадами Амрико ва Бритониё расад дар он кишвар хатман вокеа ва ходисае хохад рух дода, мардуми он кишвархо даст ба гирдихамои ва кашмакашихо зада окибат дучори хунрези ва аланга гирифтани чанг мегарданд. Масалан ба кишвархои Афгонистон, Покистон, Сирия, Либия, Украина, Гурчистон ва гайра назар афканем мебинем, ки дар аланга гирифтани ин нобасомонихо дасти кист?
Гарчанде Миллати точик як маротиба дучори нооромихо ва кашмакашихо дохили гардидааст, мо модарон намегузорем, ки дар Ватани азизамон Точикистон дубора низоъхо ва нобасомонихо ба миён биояд. Бо кавле «Моргазида аз банди алла метарсад.»
Миллати точик, модари точик, ки як бор шахди чанги хамватаниро чашидааст намегузоранд, ки Ватани тичу осуда ва тозаистиклолашонро душманони дохила тавассути зархаридони хоричиашон ба вайрона мубадал гардонанд.
Аз ин нуктаи назар хамдиёрони азиз аз вохурию ваъдахои давлатхои абаркудрат ба мисли Амрико ва Англия даст кашида дар якчояги камари химат баста вахдат ва якпорчагии кишвари азизамон Точикистонро химоя ва пуштибони намоем.
Бо эхтиром ва самимияти бепоён.
Атиёрбекова Хучастамох, Алибахшова Саврибегим, Бондишоева Гулдаста, ва гурухи занону модарон аз шахри Хоруг.

Шунидем, ки омили асоси эътирози занхо дар назди ин сафорат ширкати пулчинаки ИРС шудааст. Зеро мардум аз дасти ин ширкати бесохиб ба дод омадаанду дар васоти ахбор ин ширкат худро бритониёи муаррифи кардааст.
Дигарон дар ин бора чи фикр дошта бошанд?

.
Ноороми дар Бадахшон на инки пас аз сухбати ЕС бо Мамадбокиров, балки пас аз амалиети гайрипрофессионалии милиса сар зад.

Боном,
Ай Хуҷастамоҳ, Саврибегим, Гулдаста ва як гурӯҳ занони соддаи шаҳри Хорӯғ. Ман намедонам, шумо чикораед ва то чӣ андоза савод доред? Вале, онеки саводи сиёсӣ тамоман надоред ва шуморо гурӯҳе аҳмақ кардааст, ин бешакку тардид маълум аст. Магар ҷанги шаҳрвандиро дар Тоҷикистон агентони ИМА ва Британия Кабир оташ заданд? Магар онҳо ба ҳарду ҷониб яроқу аслиҳа, тиру туфанг ва тупу тонк фурӯхтанд? Магар сарбозони онҳо дар сарҳади, он замон, Шӯравӣ ва Афғонистон истода, ба сӯи гурезагони бадахшонӣ ва қаротегинӣ тир андохтанд, ки онҳо ба тарафи Афғонистон нараванд? Он замон гурезагон - асосан занон, кӯдакон ва пиронсолон, байни ду оташ (аз тарафи силоҳбадастони "ҳукуматӣ" ва сарҳадчиёни рус) монда, тут барин ба замин рехтанд. Касе худро ба дарёи Панҷ партофт, обакӣ шуд. Магар ҳамаи инро ИМА ва Британияи Кабир ташкил карда буд? Таъриху сиёсатро, ки намедонед, ба ҳуҷҷатҳои нангину дурӯғин имзо нагузоред.
Ҳар сафиру намояндаи сафорате, ки бо шахс ва ниҳодҳои Тоҷикистон мулоқот мекунад, ба воситаи тарҷумонҳои тоҷик ё рус мулоқот мекунад ва ягон дасисае пинҳон намемонад. Президентҳои он кишварҳое, ки шумо номбар кардаед, сисоливу чилсолӣ бо аҳли оилаашон сари қудрат нишаста, миллирадҳо доллар ғорат карда, ба ҷони сокинон расидаанд, ки мардумаш ба по хестаанд? Чаро надониста ба дигарон тӯҳмат мекунед? Магар дар мамлакати тинҷу ороми серу пур инқилоб мешавад? Ин тавр бошад, инқилоби октябри соли 1917и рус чӣ маъни дошт?
Шумо медонед соҳиби роҳи пулчинаки Душанбе -ағбаи Анзоб кист? Солҳост, ки ягон журналист онро пайдо карда наметавонад. Намедонед? Пас, бо кори худ машғул шавед, ҷӯробҳои зебои помирӣ бофта, шинед. Ин ҳам кори фоиданок аст, ҳам кори савоб!

123
Ба хама Точикистониёни мухтарам! Аз Шумо хохиш карда мешавад, агар кадоме ягонтаи ин занои эътирозгарро шиносад ба интернет хабарро патояд, зеро чунин тачриба моро ба росияи дуюм табдил медихад. Ба фикрам ин хукумат тамоман инвалид шудааст, зеро агар давлатхои гарб руяшонро гардонда якта якта баромада раванд Точикистони азии мо дар дахони носери росия гута мезанад. Хамоно мо дар хамлаи рухо карор мегирем. Ба онхое, ки гуфтаниянд, ки "кучое, ки кадами давлатхои гарб ва Амрико хаст ончо чанг аст" гуфтаниям, намохкул кардед! Ободии ватан бо кумаки хамсояхо ичро мешавад, танхоги ба мо нафъе намеорад!

Боном,ахсану офарин бар шумо модарон хакикати гапро гуфтед.

Юсуф,А шо он там в Хароге потерял? С какой целю он должен встречаться представителями гражданского общества? А с какой целю её представители и представители ОБСЕ за неделю до обострения обстановки в Хароге имели встречу с Мамадбокировым Мамадбокиром? Что ему обещали большие деньги или пожизненные долларовое обеспечения за дестабилизации обстановки? Теперь проверяет результатов проделанных своих работ? или вознаграждать Мамадбокира и Шерзамонова за то что они поддерживают их гнусное намерение?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)