Бахшҳо

Номаи Сулҳиддин: “Додамро ба кӣ гӯям? Милиса? Додрас? Додситон?”

Расонаҳо нуқтаи охири муроҷиати шаҳрвандон ё додхоҳии онҳо шудааст. Ҳар рӯз тақрибан як номаи пурсӯзу гудози сокинонро дар бораи дарёфти замин, мушкили манзил, баҳси додгоҳиву парвандаҳои “сохта” дастрас мекунем. Баъзеи ин номаҳо аз рӯи мазмуни худ бояд ба додситонӣ ё мақомоти дигари интизомӣ навишта шаванд, аммо мардум онро ба расонаҳо меоранд. Ба расонаҳо меоранд, чун дар мақомот ё ба додашон нарасидаанд ва ё ҳалли мушкилашонро ба таъхир гузоштаанд ё ҷавоби манфӣ додаанд. Ҳоло номае аз Сулҳиддин Мирмаҳмедов, сокини шаҳри Хуҷанд расидааст, ки аз дасти як ҳамсояи худ ба дод омадааст ва шикоят дорад, ки дар пайи азиятҳои ӯ писару духтари хурдсолаш бемор шудаанд.


НОМА:

“Ман, Сулҳидин Мирмаҳмедов, истиқоматкунандаи маҳаллаи 18-уми шаҳри Хуҷанд. Ҳамсояам – Наим Ашӯров тақрибан ҳар рӯз дар ҳолати мастӣ дари хуҷраи маро сахт мекӯбад. Духтарчаи дунимсолаам аз тарс ба бемории зардпарвин гирифтор шуд. Ҳамсарам низ аз тарс гирифтори беморӣ гардидааст. Рӯзи 16 апрели соли ҷорӣ Ашӯров дари ҳуҷраамро бо оҳан зада, корношоям гардонд. Маҷбур шудам, ба қимати 1 ҳазору 200 сомонӣ дари нисбатан мустаҳкамтареро насб кунам. Аммо он ҳам аз дасти ҳамсоя эмин намонд. Ӯ ин дарро ҳам зада чашмак (глазок)-и онро шикаст ва қуфлашро корношоям гардонд. Аз ин кори ӯ ба шуъбаҳои назорати тартиботи ҷамъиятӣ (воқеъ дар маҳаллаи 18, хонаи 4 ва маҳаллаи 19, шафати “Ҷумъа-бозор”) ҳам хаттиву ҳам даҳонӣ муроҷиат намудам. Билохира, санаи 4 июн дар Додгоҳи шаҳри Хуҷанд дар утоқи кории додрас Раҳмонов (утоқи №11) бо иштироки ӯ парвандаи Наим Ашӯров дида баромада шуд. Додгоҳ Ашӯровро 280 сомонӣ ҷарима кард (Да здравствует наш суд, самый гуманный суд в мире!)

Пас аз анҷоми баррасии парванда ва эълони ҳукм аз додрас Раҳмонов суол кардам, ки дар сурати такрор шудани амалҳои Ашӯров чӣ кор бояд кунам. Судя ҷавоб дод, ки ба кормандони шуъбаи назорати тартиботи ҷамъиятӣ (участковый) занг занам, онҳо ӯро ба ҳабс хоҳанд гирифт. Пас аз суд муносибати Ашӯров бо ман аз пештара ҳам бадтар гардид. Санаи 7 июн, соати 17-55, дари хонаи маро кӯфт. Вақте ки дарро боз кардам, маро бо суханҳои қабеҳ дашном дод. Мувофиқи маслиҳати судя Раҳмонов ба нозири минтақавӣ тавассути телефони (3422) 2-93-13 занг зада муроҷиат кардам. Шахси дар телефон ҷавобдода худро муааррифӣ накард. Гуфт, ки ҳама нозирон дар консертанд (!). (Он рӯз дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд консерти Далер Кутузов баргузор мегардид)

Ба 02 занг задам. Худро Солиев муаррифӣ кард. Вазъиятро фаҳмондам. Гуфт, то ба рақами (3422) 2-93-13 занг занам. (!) Гуфтам, алакай ба рақами гуфтааш занг задам, вале касе ба додам нарасид. Гуфт, ба минтақаи мо яъне микроноҳияи 18 онҳо масъуланд. Санаи 8 июн бо ҳамин ҳолат такрор ёфт. Ашӯров Наим баромада бо ман дастбагиребон шуд. Духтарам тарсида чунон фарёд кард, ки ҳамсояам Муҳаммадҷон, ки дар кӯча будааст (ман дар ошёнаи панҷум зиндагӣ мекунам) шунида давида ба ошёнаи панҷум баромад. Бо мадади ӯ Ашӯровро ба хонааш фаровардем. Аввал ба рақами (3422) 2-93-13 занг задам. Касе ба имдодам наомад. Сипас ба 02 занг задам. Ҷавоб ҳамон буд, ки рӯзи қабл дода буд (яъне гуфт, ки ба (3422) 2-93-13 занг занам.

Хулоса, касе намехоҳад вазифаи худро иҷро намояд. Духтарчаамро ба масҷид бурда хонондам, то тарс бартараф гарад. Акнун ӯ аз ҳар овози баланд тарсида фарёд мезанад ва худро ба оғӯши модараш ва ё ман мепартояд. Ҳамсарам рӯзона дар хона бо кӯдаки семоҳаам мемонад. Ӯ ҳам ҳамеша хавотир аст, ки мабодо боз Наим Ашӯров набарояд. Рӯзи 11 июн писарчаи семоҳаамро ба назди духтур барои муоина бурдем. Духтур гуфт, писарчаам аз тарс ба бемории асаб гирифтор шудааст, яъне ё худи кӯдак сахт тарсидааст ва ё ҳамсарам пас аз тарсидани худаш дар ҳолати шок ба ӯ шир додааст.

Намедонам, чӣ кор кунам. Худое накарда ба фарзандонам ягон ҳодиса рух диҳад, дигар барои ман зиндагӣ бемаъно мегардад. Он вақт дигар маро на қонун боздошта метавонад ва на чизи дигар.

Хонандагони азиз. Хоҳишмандам кумакам кунед. Додамро аз ин пас ба кӣ гӯям? Милиса? Додрас? Додситон? Кӣ? Кӣ метавонад, воқеан, кумак кунад ва маро аз ҷабри ҳамсоям бираҳонад. Ӯ маст шавад, гуноҳи мост, ки дари моро мекӯбаду азият медиҳад? Магар дигар миёни тоҷикон ҳаққи ҳамсояву ҳамсоядорӣ аз байн рафтааст?”
Мӯҳр
Абдуллох
Медонам ки кори хатост , вале агар милиса ба додат нарасад мачбури худат чораша бини. Наход ба як алкаш зурат нарасад? Таъмини бехатарии ахли оилаат бар гардани ту. Хушру латукуб кун тамом . Бо чи ба ВАО шикоят мекуни

.
Ки аст хамон Наим Ашуров? Як шаттакашаш кунед намешавад ми? Зури худатон нарасад як ду хешу табори бо дилу гурдаатонро даъват кунед. Ин гуна одамонро як бор отпор доди баъд алафашро паст хурда мегардад.

Модари Точик
Бародари азиз Сулхидин,шумо ягон маротиба бо хамон хамсоя дар вакти хушёри сухбати чидди кардаед? Агар карда бошеду фоида надода бошад пас макомотхои дахлдорхам кумак накунанд як аризаи шикояти нисбати хамсоя нависонда ба дасти нозири минтакави дихеду дар ариза хотиррасон кунед,ки аз сабаби чора надидани макомот шумо худ хали ин масъаларо хо бо зури хо ба зори дида мебароед. Баъд аз якбор хуб лагат куб кардани хамсояатон хушаш дар сараш меояду дигар тарафатон хато нигох намекунад. Агар хохед ,ки ахли оилаатон аз тарс халос шаванд. Вагар кудрати ин корро карданашро надошта бошед пас ягона рох аз хамон махала кучидан мебошаду халос. Аммо ба фикри ман хар як мард хукуки оилаи худро мухофизат карданро дорад ва ин хукукро хеч кас аз у нагирифтааст на макомот на хукумату давлат. Пас баъди чандин бор мурочиат ба додатон хеч макомот нарасида бошад акнун вакти расидааст,ки худатон оташи хамсояро паст кунед. Баро оила чонро дарег надоред бародари азиз.

БОБО
БАРОДАР ШУМО МАСT ШАВЕН ХОНАША ДАР БОЛОИ САРУШ ЧАПА КУНЕД.

Далер
О сабаби Девонагии хамсоя дар чи будаст? Маълум ки зери коса нимкоса... Ба гунохи худ низ икрор шав

хонаатонро иваз кунед. дуртар бикучед.

Абдуллох
Шояд аз хамон Ашуров ба милисахо ё додстон чизе мерасад ё расидааст, ки хечиз гуфта наметавонанд чунки инон пораки гирифтаанд дигар мутахам мешаванд!!!! Хубтараш дидики хамон Ашур омад дар хамон дари хонаат токчон пайват кунед як бор хушрухак ток ларзонаш баъд бас мекунад.

Ман масту ту девона
Ихели маста хамика мезанам, ки аз чояш хеста натавонад. Азбаски ун маст хубиро намефахмад ва хатари зарар овардан ба зану фарзандон аст, бояд уро танбех дод ва оиларо хифз намуд.

Шер
А бача мардак хасти ё не. Ма барои гудаком кати шер чанг мекнм.

Бародари Азиз,Сулхиддин!
Паёмбари ислом бехуда нагуфта будаанд,ки аз хамсояи мукими бад, ба Худо панох мебарам чун хамсояи сахро рузе маеравад.Худованд шарри ин нобакорро аз сари шумо дур кунад ва фазои осоиштаро фарохам созад.Дуъо кунеду......Сипас аризаатонро хуб навишта ин замон зикр кунед,ки дар холати такрори чораша худам мебинам ва нусхаашро назди худатон нигох доред.Худой нахоста дар холати такрори мавзуъ ё дарафтодан ба шумо аз руи худмухофизаткуни чазояшро бидихед.

О ин буродари чон сураташа мондаст, ному насабаша мондасу, о чаро сабаби факат дари хамина латукубу вайрон карданро нанавиштааст???!!! Ба ун алкаши хамсояаш дари хамин маъкул нест ё худаш? Ман нафахмидам?!. бародархо!

Samsung DDD
Даааа, значит ни кто не хочет помогат и никому дело до этого, маслихати ман: се маротиба бо нагзи фахмон, вакте, ки нафахмид осон дар холати масти аз кабати панчуми бино на бо дар балки аз тиреза ба тарафи берун, и всё проблема решено!!!

маълум нест, ки хамсоя дар чандум ошёна, мумкин дар зери хонааш бошад ва гарази маълум дорад ва агар ин хел набошад, мумкин ки Сулхиддин ягон айб дорад ва ягон гапи ошкор нисбати айби худ намегуяд. Сабаби чора наандешидани милиса хам хамин. Хона иваз кунад бехтар аксарият барои чунин мунокишахо хона иваз мекунанд...

порсо
хатман хамайи вокеахойи шударо сабт карда бо ариза аз болойи бемасъулияти ва хунукназарии кормандони милисайи ш.хучанд ба прокуратураи вилояти сугд мурочиат бикун онхо ба додат мерасанд ман бовари дорам агар милиса дурустфаъолият мекард ин ту ва оилаатро азият намедод.

сабр
сулхиди додарам афсус ки на хама афрод мушкили туро дарк мекунанд ба андешахойи ахмаконайи баъзехо нарав ки туро мегуянд даст ба чиноят бизан хеч вакт ин твсияхоро кабул накун ба макомотхойи марбута бо адвокат арз кун мушкила хал мешавад.Дар урфият гуфтаанд ТУ БАД КУНИВУ МАН БАД МУКОФОТ ДИХАМ ПАС ФАРК МИЕНИ МАНУ ТУ ЧИСТ БИГУ. Озурда нашав мушкилат хал мешавад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)