Бахшҳо

Хитоби "Абу Холиди Кӯлобӣ" ва назари Шерхон Салимзодаю Рамазон Раҳимзода

Дар интернет навори видеоии наве роҳ ёфтааст, ки дар он як ҷавони тоҷик бо номи Абу Холиди Кӯлобӣ, муқими Сурия, аз таҳти фишор қарор гирифтани волидайну наздиконаш дар Тоҷикистон нигаронӣ кардааст.

Ин ҷавони тоҷик мегӯяд, падару модарони онҳо ба хотири ҳузури фарзандонашон дар Сурия замоне таҳти фишор қарор мегиранд, ки гӯиё бар асоси қавонини ҷории Тоҷикистон волидайн ҳаққи дахолат дар умури фарзандашро баъд аз ба балоғат расидан надоранд. “Онҳо мегӯянд, рафтани фарзандони синнашон аз 18 поин ба масҷид манъ аст, агар маҷбур кардӣ барои рафтани онҳо аз “Родительское права” – ҳаққи падарӣ ё модарӣ маҳрум мешавӣ ва чун ба ба 18, ки расид, мегӯянд, фарзандат бузург шудаасту дар ихтиёри ту нест. Ҳоло имрӯз бародарони мо ба сарзамини Шом меоянду давлати Тоҷикистон сари падару модарҳои онҳо фишор меорад. Ин чӣ хел мешавад, мегӯед, ҳаққи дахолат дар кори фарзандро надореду ҳоло боз фишор меоред”,-мегӯяд Абу Холиди Кӯлобӣ.

Ин ҷавони тоҷик дар хитоб ба масъулони ҳукумати кишвар мегӯяд, “Шумо даррав эълон мекунед, ки 190 нафар ҳасту се кас шаҳид шудааст. Инҷо ба фаҳмиши ман 500 – 600 нафар ҳузур дораду дар ҳар ҳамла 20 – 30 нафар бародарони тоҷикистонӣ кушта мешаванд.”

Хитоби "Абу Холиди Кӯлобӣ" ва назари Шерхон Салимзодаю Рамазон РаҳимзодаДар ҳамин ҳол, Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон, сабаби асосии гароиши ҷавонони тоҷикро ба ҷангҳои хориҷию ҳаракатҳои ифротӣ таълимоти нодурусти динӣ донист. Салимзода 19 июн дар доираи конфронси "Муқовимат ба таҳдидҳо ва хатарҳои муосир дар минтақаи Осиёи Марказӣ" ба хабарнигорон гуфт, одатан зархаридони тоҷик, ки дар ҷангҳои хориҷӣ иштирок мекунанд, дар назди шахсони алоҳида таълими динӣ гирифта, баъдан дар кишварҳои дигар ба монанди Афғонистону Покистон идома медиҳанд.

Додситони кулл афзуд, асосан зархаридони тоҷик ба ҳаракатҳои ифротӣ дар Афғонистон, Покистон, Эрон ва Русия мегараванд: “Сабаби асосии ин ҳама содагии ҷавонони тоҷик аст, ки шуурнокию ҷаҳонбинии ташаккулёфта надоранд. Бор кардани ақидаҳои ифротӣ ба чунин ҷавонон осон аст.”

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон низ сабаби асосии гароиши ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротиро дониши нокофӣ ва таълимоти нодурусти динӣ гуфта, афзуд, мақомоти зертобеаш барои ҷилавгирӣ аз ин раванд чораандешӣ дорад: “Мо дар асоси қонун зидди ин раванд мубориза мебарем, боздошт мекунему безарар мегардонем.” Ӯ таъдоди тақрибии зархаридони тоҷикро дар хориҷи кишвар ҳудуди 200 нафар арзёбӣ намуд.
Мӯҳр
мухочир
Сабаби ин хамаш бе сохибиву бе кориву бекадри чавонон мо дар Точикистон мебошад... ва Шумо чанобон чаро заду хурди чавононе ки ба кавле одобу рафтору кору гапи шуморо грифта ба русия рафтаанд ва заду хурди онхое ки дар москва сити шуд чорае надидаен ва ё харфе намегуед...

Дар мо агар мушкили Иктисод бошад
Давлатои Дигар Иктисодашон хуб хаст
Чаро ба ин гурухои Терористи мераванд
Зеро. Савод надоранд. Фикр мекунанд,ки
Хакк хастанд. Инхо фирк мекунанд ки
Хар чинояте. Кунанд Худо аз инхо рози аст?

точик
Сабаби ба гурухои ифроти гароидани чавонони точик дар ифроти шудани худи макомоти точикистон аст. вакте намегузоред озод зиндаги кунанд, вакте шумо ифроти шудаед онхо барои халосии худ ва вокуниш нишон додан ба ин амалхои шумо рох мечуянд ва яке аз рохои осонаш мисли шумо ифроти шудан. Вакте дар амалхои макомот тухмат тахкир зуриву фишор бар зидди дигарандешон вучуд дорад, чи кор кунанд чавонон? ба фикри шумо бояд тахаммул кунанд? ё гурехта ба росия раванд, шояд як ду нафар ин корро кунад, вале аксарият ифроти мешавад ва мхоханд аз худ дифоъ кунанд, ин кор бад аст, вале рохи дигаре барояшон нагузоштаед.

точикписар
Чанобон Салимзода ва Рахимов ва "чанобони" дигар. Шумо дар хар як баромадатон дар ин гуна мавзухо сабаби гаравидани чавонон ба гуруххои ифротиро дар "тарбияи нодурусти дини" мебинед. Аммо дар мавзуи факру бенавои, бекорие, ки аксарияти чавонон ба он гирифторанд (боз хам бо сабаби ноухдабароии вазирону кабирон) хомуширо ихтиер доред. Хамин аст сабаби асли. Шумо инро нагз медонед, вале забонатон намегардад, чунки "установка" аз боло уро (забонро) лол кардааст

Артур
САБАБ ДАР ИСЛОХОТИ НОДУРУСТИ ИКТИСОДИ ВА КИШОВАРЗИ АСТ.КОРХОНАХОРО БОЯД БА ХОТИРИ ЧОР ТАНГАИ ХОРИЧИ ХУСУСИ НАМЕКАРДАНД ВА СИСТЕМАИ КОЛХОЗИ-СОВХОЗИ БОЯД ДАР ШАКЛИ КООПЕРЕТИВХОИ ИСТЕХСОЛИ МЕМОНД.ИН БУХРОНИ ИКТИСОДИИ КИШВАР АЗ СОЛИ 1997 САР ГАШТА ТО ИМРУЗ ИДОМА ДОРАД ВА ЧУНИН ЧАВОНОНУ ГУРУХХОИ РАДИКАЛ НИЗ НАТИЧАИ ХАМИН СИЁСАТИ НОДУРУСТИ ИКТИСОДИ-КИШВАРЗИ АСТ НА ЧИЗИ ДИГАР.

аличон кулоб
мухтарам салимзода ва рахимзода шумо мегуед ки чавонхо дар хорича таьлимоти ифротгарои мегиранду ба хар гурух дохил мешаванд ое худатон медонед ки алакай бозичаи дасти хоричиен шудаед аввал ба конунхои амалкунандаи кишвар нигох кунед то 18 сола масчидрави мань таьлими курон аз тарафи падару модар манъ дар маъракахо насихати чавонон барои шомил шудани гурухои ифроти манъ шумо як бор чами диатонро кушоеду ба конунхои русияву амрикову аврупо нигаред душманро дар хорич чустучу кунед ба кадри милат расед хизмати ватанро зиедтар

Рафиқ вазир чаро нокомии давлатдории хyдро болои ҷавононе меандози ки дар Покистонy Афғонистон дарс хонданд ва Покистонy Афғонистонро гyнаҳкор мекyни. Ин ҷавонҳо ки имруз мо дар Сyрия мебинем боре ба Покистонy Афғонистон шояд сафар накарда бошанд ва ба гyфтаи хyди онҳо ки мо дар ахборо мехонем аз Расия ба Сyрия рафтанд. Бале дуруст қайд кардед ки сабаби гаравидани ҷавонон ба гурyҳои ифроти ин талими нокофи доштани онҳо аз дин мебошад вале ҳаминро қонyнҳои зидди диниро ва мани талими диниро дар кишвар назди мyллоҳо шyмо ман кардед. Биоед рафиқ вазир нокомии хyдро дар идора кардани ҷавонон етироф кyнедy барои ислоҳи онҳо роҳои дуруст ва манфиатбахшро пеша кyнед. Ба ин назарпарониҳо ва дастгирии ҷавонҳои бегyноҳ сатҳи ифторгарои албата бештар хоҳад шyд на камтар. Аксари ин ҷавонҳо аз Кyлоб мебошанд ва аксари шогирдони ҳамон мyллоҳои интихобкардаи шyмоён мебошанд.На хyдро фиреб кyнедy на мардyмро чyн дигар асри 21 астy ҳама мардyм аз ҳама чиз дар мудати сонияҳо огаҳ хоҳанд шyд. Роҳи ҳалли воқеи рафтани ҷавонҳоро бо музокирон бо гуфтyшyнид ва бо пайдо кардани ҷойҳои кори ва зиндагии беҳтар бояд ҷyст на ки бо зури шамшер.

цирк
Сабаб ба кавли Жириновский давлати нокоми точикистон аст. Давлатдориро масхара аардед.

сармад
инчо айби таълим нест худи дини ислом ифротгаро шудааст ин хел абудабихро намонед дигар кадамашон хоки поки точикистонро харом кунад бояд конунгузории точикистон афроди точикистоние ки хуруфотона мечангад фаат чзойи эъдомро пешбини кунад агар ин корроо имруз накунед конунгузорон фардо дер мешавад.

جقن
Дар кучо аст ин видио?????????

сино
Шумо онхоро душмани Точикистон намедонед шумо онхоро душмани мансабхои худ медонед

мухочири бечора
Сабаби асосии ру овардани чавонони точик ба ифротгарои,бекори ва надоштани бовари ба зиндагии фардо ва асосаш сатхи пасти зиндаги ва факр мебошад.

Монед, бираванд. Дар ҷангҳо ҳатман нобуд мешаванд. Ҳамаи он ҷавонон ба он мамолик аз РУСИЯ мераванд. Русия як шаҳри бедарвоза шудааст. Шумо фикр мекунед, тоҷикҳо мераванду дигарон не? Онҷо гурӯҳҳои калони ифротӣ амал мекунанд. Аз байни мусалмонон онҳоеро меҷӯянд, ки корҳояшон суст аст, пул надоранд, ба ноумеди гирифтор шудаанд ва ёки аз зиндагӣ безор шудаанд. Ба онҳо пули калон ваъда мекунанд. Русия ҳоло пур аз эмиссарҳои кишварҳои исломӣ гаштааст. Ҷавононро бо фиребу найранг ба он тарафҳо бурда, дар ҷангҳо қурбони амбитсияҳои хеш мекунанд. Ҳеҷ имкон надорад, ки ФСБи Русия аз онҳо бехабар бошад. Инҷо сари волидони онҳо фишор овардан маъни надорад, зеро бисёр вақт волидони бечора худашон намедонанд, ки бачааш дар кадом кишвар аст. Ҷанг ҷанг аст ва инструкторҳои онҳо аҳмақ нестанд, ки ба сарбозон суроғаи дақиқ диҳанд, ки "ма, инро ба волидонат бифирист". Нируҳои амниятӣ бояд ба ёд биоранд, ки чӣ тавр замони Шӯравӣ аз аскарӣ ба хона хат менавистанд: "ПОЛЕВАЯ ПОЧТА (П/Я) В/Ч 4987465. Ин як мисол аст. Онҷо ҳам ҳамин тавр аст. Аз ин рӯ дили доғи он падару модаронро боз бештар насӯзонда, онҳоро ба ҳоли худ гузоред. Вазъи онҳо бе фишори шумо ҳам душвор аст. Писари бузург барои амалаш худаш ҷавоб медиҳад. Дахолатро ба кори хонавода бас кунед. Ҷомеаи мо дер ё зуд демократӣ мешавад, вале шумо онро ба тарзи сунъӣ ақиб кашида истодаед.

рустам
ин видеора аз кучо биёвем????

сохибмансаб
ИН ХАММААШ БОЗ БАРМЕГАРДАД БА БЕ САЛОХИЯТИИ ШУМО ЧАНОБОНИ СОХИБМАНСАБ......ДАР ХУКУМАТИ ТОЧИКИСТОН ДИГАР МУД ШУДААСТ,КИ БЕ САЛОХИЯТИ ВА НОУХДАБАРОЙИ ХУДРО МЕЗАНАНД БАР САРИ ДИНУ ДИНДОРИ.......КОР БА ЧОЕ РАСИДААСТ,КИ АГАР ДАР ЯГОН СОХА БА ТАВРИ МИСОЛ ДАР СОХАЙ ЭНЕРГЕТИКА Ё КИШОВАРЗИ ВА Г....БА МУШКИЛ БАРХУРД КУНАНД МЕГУЯНД ИН АЙБИ МУЛЛОХОСТ,КИ МО АКИБ МОНДЕМ........70 СОЛ ДАР ЗАМОНИ ШУРАВЙ БОЗ ИН 23 СОЛИ ДИГАР ДАР КУЧО ДИДЕН,КИ ЯК МУЛЛО ДАР ТОЧИКИСТОН ХУКУМАТ КУНАД??? ОЁ БУД ХАМИНХЕЛ ЗАМОН? ФАКАТ ДАР ЗММОНИ ИСМОИЛИ СОМОНИ,КИ У ХУД ЯК МУЛЛОЙ БА ТАМОМИ МАЪНОШ БУД,,,,,,ДАСТПАРВАРДАЙ МАДРАСАХОВУ МУЛЛОХОЙ ЗАМОНИ ХУДАШ БУД НА АЗ..........КИ ХАММАЙ МО ИФТИХОРАШРО ДОРЕМ........ПАС БЕ САЛХИЯТИ ВА НОУХДАБАРОЙИ ХУДАТОНРО БАР ГАРДАНИ МУЛЛОХО НАЗАНЕД, МАРДАК БАРИН КАБУЛ КНЕН МОНЕН ИЧА ЧАВОНОНИ БО ЛАЁКАТ БИЁЯН КОР КНАН..........

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)