Бахшҳо

Шодбошии Кабирӣ ба муносибати Ваҳдат ва ҳушдор аз коҳиши ҷонибдорони сабр

Муҳиддни Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ва вакили парлумони Тоҷикистон дар паёми худ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ сокинонро бо 17-умин солгарди имзои Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ табрик карда, аз шаҳрвандони одӣ то мансабдорони давлатӣ даъват кардааст, манфиатҳои корию ҳизбӣ ва мазҳабию қавмиро канор гузоранду атрофи манофеи миллӣ гирдиҳам оянд.

Раиси ҲНИТ гуфтааст, рақибони сулҳ ва ваҳдати миллии тоҷикон, ки қасди аз байн бурдани руҳияи ҳамдигарфаҳмию созишро дар ҷомеъа доранд, то ҳадде ба мақсади худ расидаанду ҷойи муколамаро тӯхмату таҳқир ва ҷойи созишро фишору таҳдид гирифта истодааст. “Бо камоли таассуф бояд эътироф кард, ки онҳо то ҳадде ба мақсади худ расидаанд. Агар дирӯз сулҳу ваҳдати мо натиҷаи муколама ва созиши андешаҳо ва афкори диниву дунявӣ дар кишвар буд, имрӯз ин доираҳо муваффақ гаштанд, ки аз нав фазои мухолафат ва нобовариро эҷод намоянд. Қадам ба қадам ҷойи муколамаро тӯхмату таҳқир ва ҷойи созишро фишору таҳдид гирифта истодааст,”- омадааст, дар паёми Муҳиддн Кабирӣ.

Ӯ аз фаолияти як гуруҳи манфиатхоҳ барои дубора аз байн бурдани сулҳу оромӣ дар кишвар ва лабрез шудани косаи сабри таҳаммулгароён дар паёмаш ҳушдор дода, афзудааст: “Танҳо талошҳои роҳбарияти кишвар, сабру таҳаммул ва азхудгузаштагии мардум ва нерӯҳои сиёсии масъулиятшинос боиси ҳифзи субот гаштааст. Сабре, ки рӯз то рӯз тарафдоронаш камтар мешаванд ва таҳаммуле, ки аз тарафи доираҳои моҷароҷӯ мавриди суистифода қарор мегирад.

Раиси ҲНИТ дар идома аз шахсиятҳое, ки сулҳу суботи кишвар аз ишон вобаста мебошад, хостааст, боре аз худ бипурсанд, ба аҳду паймони зераш имзо гузошта ҳанӯз ҳам содиқанд ё не? “Ҳар кадоми мо, ба хусус касоне, ки масъулияти ҷангу сулҳро доштанд ва имрӯз ҳам тақдири ваҳдати миллӣ аз онҳо вобаста аст, бояд аз худ суол кунад, ки оё ҳануз ҳам амалҳо ва рафторҳояшон ба аҳду паймонҳо мувофиқ ҳаст ё не. Оё ба хотир меоварем, ки дар чӣ асос ва бо кадом аҳд миллат ба ваҳдат расида буд? Мо чӣ гуфтем, чӣ мехостем ва имрӯз дар куҷо қарор дорем? Оё ҳанӯз ҳам муносибатамон ба якдигар ҳамчун як тарафи сулҳ аст ё тағйир кардааст?”- таъкид кардааст, Кабирӣ

Ӯ дар охир ибрози умедворӣ кардааст, ки шумораи афроди сулҳҷӯю ҷонибдори оромӣ дар кишвар миёни шаҳровандон, аз ҷумла масъулину кормандони мақомоти давлатӣ кам нестанду зидди сиёсатҳои халалдоркунандаи сулҳу ваҳдат, ки аз тарафи баъзе мақомот ва афроди ғаразнок амалӣ мешавад, мебошанд: “Паёми мо низ ба ҳамин ҳамватанони сулҳҷӯ ва ваҳдатхоҳ равона шудааст, ки бояд дасти ҳамдигарро бигирем ва новобаста аз масъулият, ҷойи кор, узвияти ҳизбӣ ва қавму мазҳаб атрофи ормонҳои миллиамон, ки дар Созишномаи Сулҳ ва ризояти миллӣ сабт шудаанд ҷамъ шавем.

Имсол Тоҷикистон аз 17-умин солгарди имзои Созишномаи сулҳ таҷлил мекунад. Ин созишнома рӯзи 27 июни соли 1997, баъд аз чандин даври музокироти намояндагони ҳукумат ва нерӯҳои мухоифин, дар шаҳри Маскав имзо шудааст.
Мӯҳр
Суфиев Махмадшариф
Мошоаллох.Чазакаллоху хайран кассиро

Ягонаги
Вахдати Милли муборак бодо ба Кабири ва дустони ХИзбхо, Ва аммо баъд Вахдата вайрон накунед. Истиклолият дорем ? Дорем.
Вахдат дорем? Дорем.
Чо мени гапаи зиёдатира. Ором шав.Буху бгард. Хамаш 100.

Огои Кабири хохиш мекардем, баъди рузи Вахдати милли ба гирифтани Рузаи мохи Шарифи Рамазон нагз омодаги гиред. Ва албатта тасмим гиред, ки як мох аз сиёсат гап назанед. Зикри неъматхои Худоро якчоя менем.
Идхо ба хама муборак.

Сафар
Вокеъахои охир нишон медиханд,ки вахдат ба маънои томаш вучуд надорад.Барои вахдати аслии милли харду тарафи даргир бояд аз кор мерафтанд.Яке мемонаду дар хизмати сиёсати русист.Дигари бошад аз демократия ва озоди пуштибони карда наметавонад.

Гапи хакикиро Сафар гуфт. Шахси сеюм, гурухи сеюм биёяду кишварро обод кунад

Мухаммад
Ман хам Шуморо табрик мегуям ХУДОВАНД нигахбонатон бошад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)