Бахшҳо

“Он рӯзҳо касеро ёфтан душвор буд, ки зидди сулҳ бошад”

Муҳаммадумари Нурмуҳаммад, узви Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон, бо ирсоли номае хотираашро дар бораи имзои Созишномаи сулҳи тоҷикон, ки моҳи июни 1997 дар Маскав имзо шуд, баён доштааст. Ӯ мегӯяд, он вақт дар Радиои Тоҷикистон ифои вазифа мекард ва аввалин рӯзноманигори тоҷик, ки буд, ки хабари созиши ҷонибҳои даргир дар кишварро ба мардум расондааст.


Ба имзо расидани Созишномаи сулҳ ва барқарории ризоияти миллӣ, бешак, дар ҳаёти мардуми тоҷик як ҳодисаи нодири таърихӣ боқӣ мемонад. Зеро мардуми таърихан кӯҳанбунёди тоҷик тавонист бори дигар исбот созад, ки душвориҳои ба сар омадаро бо таҳаммулу хирад ва бо роҳи мусолиҳатомез ҳал кардан мумкин аст. Ин аст, ки таҷрибаи ба даст овардани сулҳ ва ё барқарории сулҳ дар ин муддати кӯтоҳ аз тарафи созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ эътироф ва мавриди омӯзиш қарор ёфтааст.

Албатта, ин комёбӣ худ аз худ, бе часпу талошу мулоқоту гуфтугӯҳои зиёде ба даст наомадааст. Барои барқарории сулҳ дар кишвар Ҳукумати Тоҷикистон бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон заҳматҳои зиёде кашидаанд, ки дар саҳифаҳои таърих бо хатти зарин навишта шудааст. Зеро маҳз часпу талоши онҳо буд, ки имрӯз Тоҷикистони азиз дар баҳори 17-умини истиқрори сулҳ баҳри ободиву осоиштагӣ, созандагиву бунёдкорӣ умр ба сар мебарад. Гумон мекунам, дар он рӯзҳо касеро пайдо кардан душвор буд, ки барқарории сулҳу оромиро дар кишвар нахоста бошад ва ё дар барқарории он кӯшише накарда бошад.

Ҳар як корхонаву ташкилот, ҳар як фарди ҷомеа дар ин самт хидмате кардаанд ва алоқадри ҳол саҳме гузоштаанд. Аз ҷумла, Радиои Тоҷикистон низ дар амалӣ шудани сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумати Тоҷикистон дар ин самт хидматҳои арзандае кардааст. Банда, ки дар он солҳо дар Радиои Тоҷикистон адои вазифа доштам, мисли садҳо дигар кормандони он шоҳиди ин хидматҳо будам. Ва ин ҷо мехостам, дар бораи он лаҳзаи фаромӯшношудании ба мардуми кишвар расонидани хабари ба имзо расидани Созишномаи сулҳро дар Маскав, ки пеш аз ҳама Радиои Тоҷикистон ин хушхабарро ба мардуми кишвар расонид, ёдовар шавам. Зеро, камина аз зумраи он нафаронеам, ки бевосита ин хабарро ба мардум расонидаам.

Ёд дорам, даҳаи охири моҳи июни соли 1997 ҳайати ҳукуматӣ ба шаҳри Маскав барои ба имзо расонидани Созишномаи сулҳ сафар кард. Дар ҳайати он намояндаҳои воситаҳои ахбори умум низ шомил шуда буданд. Аз Радиои Тоҷикистон ба ин ҳайат роҳбарияти даври он, муҳаррири калони идораи барномаҳои бурунмарзии радио устод Нусратшоҳ Таваллоевро (равонашон шод бод) шомил карда буданд. Нусратшоҳ Таваллоев, ки яке аз кормандони собиқадору ботаҷриба ва устоди касби хеш буданд, ҳамарӯза аз ҷараёни кори ин мулоқот хабару гузориш медоданд. Директори Радио, яке аз журналистони соҳибкасб, роҳбари кордон Мансур Султонов бо ҳамроҳи шогирдонашон ин хабару гузоришҳоро дақиқкорона таҳриру омода карда пешкаши шунавандагони радио менамуданд.

Зеро он рӯзҳо тамоми гӯшу ҳуши мардум ба Маскав ва хабарҳои аз он ҷо мерасида буд. Ҳама бесаброна интизори ҷамъбасти ин мулоқот буданд. Банда дар он солҳо ба ҳайси сармуҳаррири идораи ахбори Радио адои вазифа доштам.
Инак, рӯзи 27 июни соли 1997. Пагоҳӣ, мисли ҳарвақта ҷаласаи сармуҳаррирон дар назди директори Радио доир гашт. Пас аз баррасии нақшаи корӣ ва тасдиқи барномаҳои онрӯза, Мансур Султонов иброз доштанд, ки пас аз соате бояд устод Таваллоев аз Маскав гузорише ирсол намоянд. Аз ин рӯ ба идораи мо супориш доданд, ки омода бошем, то гузоришро бекаму кост навишта гирем ва дарҳол ба самъи шунавандагон расонем. Зеро, таъкид мекарданд Мансур Султонов, имрӯзҳо мардум интизори шунидани хушхабар аз Маскав ҳастанд ва аз ин мулоқот ояндаи давлату миллати мо вобастааст.

Аз рӯи ваъда гузоришро аз Маскав қабул кардем ва дарҳол, пас аз он ки роҳбарияти Радио онро аз назар гузарониданд, дар мавҷ пахш кардем. Ҳамин тавр мо кормандони Радио ҳам, мисли миллионҳо сокинони кишвар интизори хушхабар аз Маскав ба корҳои ҳаррӯзаи худ машғулем. Тақрибан соатҳои 14.00- 14.05 бо вақти Душанбе ниҳоят устод Нусратшоҳ Таваллоев хушхабари ба имзо расидани Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллиро аз шаҳри Маскав ба мо расониданд. Овози устод аз хурсандӣ ҳаяҷоновар ва гиряолуд буд. Чун хабар расид, устод Мансур Султонов дарҳол ба ман супориш доданд, ки оҷилан ба студия равам ва ин хабарро дарҳол ба мардум расонем. Банда низ аз ҳаяҷону хурсандӣ, намедонам чӣ тавр аз қабати панҷуми бинои Радио ба қабати дувум, ки студия он ҷо воқеъст, расидам. Гумон кардам, дар ин лаҳзаҳо гӯиё болу пар бароварда бошам. Ва ба фикрам ҳар як фарди тоҷикистонӣ, ки ин хушхабарро шунид, чунин ҳол дошт. Он соат дар мавҷ барномаи «Кишоварз» садо медод. Барномаро боздоштем ва кӯтоҳ чунин хушхабарро ба самъи шунавандагон расонидем: «Ин ҷо Душанбе, Радиои Тоҷикистон. Шунавандагони азиз, мардуми шарифи Тоҷикистон. Ба мо ин лаҳзаҳо аз Маскав хушхабаре расид, ки ҳамаи мову шумо дербоз интизори он будем. Чанд лаҳза қабл Созишномаи сулҳ ба имзо расид ва ба диёри кӯҳанбунёди мо сулҳ омад. Ҳамаи шуморо бо ин хабари хуш муборакбод мегӯем». Пас аз садо додани ин хушхабар суруд бар матни Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ дар иҷрои ҳунарманди шинохта ва маҳбуби Тоҷикистон Саидқул Билолов садо дод, ки оғозаш чунин буд:

«Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун,
Дӯстонро шод бинмо, душманонро кӯр кун…»


Ин тарона гӯиё давоми мантиқии хушхабари расонидаи мо буд ва таъкид мекард, ки душманони мо тоҷикистониён шикаст хӯрданд, ба ҳадаф нарасиданд ва хирад алайҳи онҳо ғолиб омад. Он рӯз шодиву сурури моро мисли шодиву сурури мардуми кишвар ҳадду каноре набуд. Зеро, интизориҳо ниҳоят бор овард ва он ҳам бошад истиқрори Сулҳ дар сарзамини тоҷикон буд. Аз ростӣ, ҳар сол чун солгарди ба имзо расидани Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ фаро мерасад, ин лаҳзаҳои хотирмонро ба ёд меорам ва саршор аз ҳисси ифтихору сарбаландӣ мегардам, ки маҳз аввалин расонандаи ин хушхабар Радиои Тоҷикистон аст ва он ба ман насиб гардидааст.

Ҳамаи шумо, ҳамватанони азизро, ба муносибати солгарди имзои Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ шодбош мегӯям. Бигзор дар сарзамини ҳамешабаҳори мо Сулҳ абадӣ бошад ва мо ҳама дар пайи ободиву осоиштагӣ ба Ватан содиқона хидмат намоем.

Муҳаммадумари НУРМУҲАММАД,
узви Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон
Мӯҳр
МАХМАДУЛЛО
БА ФИКРАМ ХУКУМАТИ ОН ВАКТА ФИКРУ АКИДАИ ДИГАР ДОШТ ///ДУЮМ ИН.КИ САХМИ МУХОЛИФИНРО НОДИДА ГИРИФТАН ДАР ИН.ВАХДАТИ МИЛЛИ ИН..ХУД ЯК АЗ ДАСТ ДОДАНИ ВАХДАТИ БА ДАСТ ОМАДААСТ ЯК НАФАР ХУДАШ БА ХУДАШ СУЛХ КАРДА НАМЕТАВОНАД ШОЯД ХАМИН ЧИЗИ СОДАРО Фахмондан ба касе хочат набошад ....карсак аз ду даст ..гуфтаанд

Точик
27 июн Чаноби Оли фармони сулхро имзо кард!

Сафар
Чаноби оли фармони сулохро имзо накардааст,барои сулх касе фармон намебарорад!Сулхро бо миёнчигарии кишвархои хавасманд ва ООН,дар Маскав тарафхои даргир ба имзо расониданд!Бесавод!Озодагон чоп кун.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)