Бахшҳо
25 июн 2014 09:21Тоҷикистон / Сиёсат

Манъи берунравии Шерзамонов аз Бадахшон ва забонхаташ ба мақомот

Алим Шерзамонов, раиси бахши Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар Бадахшон бегоҳи 24-уми июн дар бинои додситонии вилоят мавриди бозпурсӣ қарор гирифтааст.

Дар ин бора бахши русии “Озодагон” аз қавли манобеяш дар Хоруғ хабар дода, афзудааст, ки бозпурсии Шерзамонов то соати 20:00-и шоми 24-уми июн идома доштааст: “Зимни бозпурсӣ дар назди бинои додситонӣ ҷонибдорон ва наздикони Шерзамонов ҷамъ омадаанд.”

Ба иттилои манбаъ Шерзамонов баъди имзои санад оиди манъи берун рафтан аз қаламрави Бадахшон раҳо шудааст. Худи Алим Шерзамонов аз ифшои ҷузъиёти бозпурсӣ худдорӣ карда, изҳор дошт, мақомот аз ӯ забонхат гирифтаанд, ки тафсилоти бозпурсиро оммавӣ накунад.

Ин дар ҳолест, ки ҳафтае қабл Алим Шерзамонов, раҳбари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар Бадахшон ва узви кумисюни муштарак барои таҳқиқи ҳодисаи тирпаронии 21 май дар Хоруғ, ба “Озодагон” гуфт, ба ӯ фишор овардаанд, то кишварро тарк намояд, агар не, бар муқобили ӯ парвандаи ҷиноӣ боз мешавад. Ба қавли ӯ, ин фишорҳо гӯиё баъд аз боздошти Александр Содиқов, пажӯҳишгари Донишгоҳи Торонто, ки мақомот дар ҷосусӣ муттаҳамаш мекунанд, афзоиш ёфтааст.

“Ба ман гуфтанд, агар аз инҷо наравам, обрӯямро мерезонанд. Ҳеч зиддияте надорам. Дар кадом асос нисбат ба ман парвандаи ҷиноӣ ҳаст, намедонам”,-гуфт Алим Шерзамонов дар тамоси телефонӣ.

Мусоҳиби мо илова кард, баъзе “намоядагон”-и мақомот аз ӯ хостаанд, ба Маскав биравад ва дар он ҷо барояш тамоми шароитро муҳайё хоҳанд сохт. Дар ҳоле ки ба гуфтаи Шерзамонов, “ҳеч намефаҳмам, ки чӣ халал мерасонда бошам. Ман як инсони муътадилам”. Вале мақомоти кишвар расман ироаи чунин як пешниҳод ба Шерзамоновро тасдиқ накарданд.

Маврид ба зикр аст, ки мақомоти интизомии Тоҷикистон Александр Содиқовро рӯзи 16 июн, ҳангоми суҳбаташ бо Алим Шерзамонов боздошт карданд. Алим дар оғоз гуфта буд, мақомот мехостанд, ӯро ҳам бигиранд, вале дар пайи пофишории тарафдоронаш раҳо намудаанд.
Мӯҳр
Ismaili
Салом. Бародар барои он ки Алимро хабс кунанд аввал бояд аз болои 90% фоизи чавонони шахри Хоруг ва атрофи он гузаранд. Дар вокеахои ахир махз Алим чавононро аз хар гуна низову чангу ноамни рахо сохт ва пеши рохашон гирифт, вагарна як Худованд медонист, ки вокеа то чи меанчомид. Дар вокеахои мохи июли соли 2012 Алим дар Москва буд ва мо шохиди хол гардидем, ки ин вокеа бо чи анчомид. Имруз боз хамон бозие тавассути ТВ Бадахшон ва алалхусус бо кушиши раисаи он пешкаш мешавад. Бадахшонро аз хар тараф махкам карда истодаанд. Тавассути СМИ ва интернет бошад кушиш менамоянд то мардумро аз наздикшавии толибон дар сархади Точикистон тарсонанд. Гап дар он аст, ки пешравии иктисодиёти Точикистон имрузхо кохиш ёфта истодааст. Корхонаи алюминии Точикистон ягона корхонаи калон дар Чумхури имрузхо кариб ки аз кор монда истодааст. Маъоши теъдоди зиёди коргарон аз 30 то 50 % кам шудааст. Дар дигар корхонахо низ вазъият он кадар хуб нест. Беспределии хешу табори олимаком то ба хадде расидааст, ки гуфта хам намешавад. Равобит бо хамсоя давлатхо худатон хуб медонед чи гуна аст. Умуман вазъият дар боло он кадар хуб нест. Барои ин таваччухи мардумро ба дигар проблемахо чалб менамоянд.
--------------------------------------------------------------------------------

алик
сирри пурсишро ба нафарони наздикат пурра расон.агар нагуи ин чосуси мешавад

ахм
дар ин чо раис дигар хел фахмонда истодаст.ман хеч нафахмидам вай фири киро кардаст.мо ин кадар гардани гафс надорем. факат фикри шикама мекунанд.кури дигар дар сиёсат даромадаст хар хел форад раиси бемагзро кашол мекунад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)