Бахшҳо

Бонки Ҷаҳонӣ “ҳа” гуфт: Монеаи дигаре барои бунёди Роғун ҳаст?

Бонки Ҷаҳонӣ ахиран натиҷаҳои ташхиси байналмилалии лоиҳаи нерӯгоҳи “Роғун”-ро нашр кард, ки дар он бунёди нерӯгоҳ ҳам аз нигоҳи иқтисодӣ-техникӣ ва ҳам аз нигоҳи иҷтимоӣ-экологӣ мусбат ва асоснок баҳогузорӣ шуд. Дар пайи нашри ин натиҷаҳо, ки Тоҷикистон аз соли 2010 ин ҷониб интизорашон буд, “Озодагон” аз коршиносон суол кард, ки акнун монеаи дигаре барои бунёди Роғун вуҷуд дорад?

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисодшинос


Ман фикр мекунам, ки Роғун бунёд карда мешавад. Бунёди Роғун ягона роҳи сангини баромадани Тоҷикистон аз мушкилоти энержӣ ҳаст. Ҳоло технология ва илм дар он сатҳе расидааст, ки ҳар ташхисро метавонанд ба зудӣ анҷом бидиҳанд. Танҳо хавотири ман ин Ӯзбакистон буд, ки эҳтимол ягон коршиноси байналмиллалиро киро карда, натҷиаи ташхиси Бонки ҷаҳониро дигар кунад. Чунки дар Тоҷикистон ақидаҳои позитив тақрибан, ки набуд. Бовар дорам, ки Роғун бунёд карда мешавад. Монеа барои бунёди он, вуҷуд надорад.

Ваҳҳоб Воҳидов, собиқ вазири кишоварзӣ

Қабл аз он, ки мо дар мавриди Роғун гуем, бояд фаромӯш накунем, ки лоиҳаи ин нерӯгоҳ аз иттифоқи созандагони неругоҳҳои баландиаш аз 300 метр баландтар, гузаштааст. Лоиҳаи Роғунро дар Тошканд имзо карда буданд. Ҳоло, ки Бонки Ҷаҳонӣ се сол ташхис карду гуфт, ки он хатар надорад, ин ҳақиқати ҳол аст. Барқарор кардани корҳои сохтмонӣ дар Роғун ин маънои раҳоии кишвар ва минтақа аз бунбасти комуникатсиониву бартараф кардани мушкили озуқаворӣ мебошад. Барои бунёди Роғун имконият њаст, аз тамоми шаҳрвандон маблағ бар ивази саҳмия ҷамъоварӣ гардида буд. Мо бояд ба монанди қирғизҳо неругоҳи Роғунро бисеозем. Кор шуруъ шавад, агар ду агрегати он давоми се соли оянда ба истифода дода шавад, ба манфиати мост.

Эшбӯрӣ Эсанқулов, узви кумитаи энержӣ, саноат ва комуникатсияи парлумон

Аслан Роғунро дар замони шӯравӣ ташхис карда буданд. Ҳамаи саволҳоро ба ҳисоб гирифта буданд. Ба назари ман ҳам Роғун ҳеч хатаре надошт ва надорад. Ташкилот ва созмонҳои байналмиллалӣ барои бунёди Роғун ҳеч мушкил ё монеае надоштанд. Ҳамсоя агар барои мо монеа эҷод накунад, дигар мушкиле нест. Ҳоло ҳамсоя танҳо бо тарси эҳтимоли дастрас кардани об мехоҳад Роғун сохта нашавад. Вале онҳо бояд донанд, ки касе обро қатъ намекунад. Об ҳатман ба онҳо меравад. Ин ба манфиати минтақа ҳаст, мушкили дастрасӣ ба барқ бартараф мешавад.
Мӯҳр
Сафар
Ташаккур бисёр аз хулосахои ташхис мамнунем!Бовари дорем,хукумати кишвар ва шахрвандони азизи он бо як гайрату кушиши Рустамонаю Рахмонона сохтмони онро ба итмом мерасонанд.Офарин!Бисёр шод шудам.Мешудааст ку....!

НЛО
Вокеан Рогуни Точикон барои ДУ ДУНЁ ташхисашро гирифт. Душманони миллати мо ин маротиба боз чи АФСОНА мебофта бошанд. Дар таърихи ташхиси муосир, хатто ягон иншооти ХАСТАИРО ин кадар таъкир ва ташхис накардаанд.

Дуоии хамарузаи ман Рогун мебошад

Шахсан ман аз сохтмони ин иншоот чандон хушҳол нестам, зеро ки як Роғун не, 10 Роғун сохта шавад ҳам, мо, сокинон, аз он фоида нахоҳем дид. Боз ҳамон барқи бесифат! Боз ҳамон сол ба сол болоравии нархи барқ! Боз ҳамон фиребу найранги идораи Барқи тоҷик! Боз ҳамон "шахматние отключения"! Боз ҳамон дуздии барқ. Пеш аз истиқлолияти энергетикӣ, мо бояд истиқлолияти виҷдону мафкураро ба даст меовардем. Тайи 22 сол дар ин самт коре карда нашуд. Роғун ба мо кӯмак нахоҳад кард. Боз сад баҳонаи дигар пайдо мешавад. Акнун болои лоиҳаи Роғун Русия фишор меорад, барои пурра ба даст овардани назорати саҳмияҳои он! Зинда бошем, мебинем.

ПАТРИОТ
Агар Рогунро 100% созанд ва неруи барк барои мардум БЕ ПУЛ дода карда шавад бояд дар ҷумҳурии референдум барои якумра боки мондани Э.Ш.Раҳмон гузаронида шавад ва то вакте ки Э.Ш.Рахмон зинда аст сарвари давлати Точикон бимонад.

Мухаммад
лоик
Беле хаст! Аклу савод намерасад.

кулоби
ура, ура, ура. талхаи кафид, ха, ха, ха, ха, ха.

Durust! Tanho hamsoya magal dorad! Ammo diplomatiyai mo to khol pozisiyai khuddoriro nigah medorad....

pul baroi rogun tayor astu bud va hast.muhim ana hamin ijozat bud.aknun uzbakoni hamsoya sharm namedorandmi???

Justice
Шукри Худованд! хабари хуш дар мохи Рамазон.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)