Бахшҳо
30 июн 2014 17:15Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Кумита: Ҷасади ёфтшуда дар Душанбе Турсунов нест

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабари нашркардааш дар бораи дарёфти ҷасади Абдуқаҳҳор Турсунов, устоди Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро такзиб кард.

Ориф Нозимов, сухангӯи Кумита рӯзи 30-юми июн ба “Озодагон” гуфт, ташхис нишон дод, ҷасаде, ки рӯзи 29-уми июн дар дарёи Душанбе пайдо гардид, Абдуқаҳҳор Турсунов набудааст. Дар ҳоле, ки ба қавли манбаъ рӯзи 29-уми июн наздикони Турсунов, аз ҷумла писаронаш изҳор доштанд, ҷасади пайдошуда аз падарашон аст.

Дар пайи садамае, ки 24 майи соли ҷорӣ дар ноҳияи Варзоб иттифоқ уфтоду мошин ба дарё сарозер шуд, Абдулҳақ Оев -- проректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва собиқ ноиби раиси шаҳри Душанбе дар умури роҳу нақлиёт, Абдуқаҳҳор Турсунов ва Облоқул Сангинов -- устодони ҳамин донишгоҳ ба ҳалокат расида буданд.

Ҷасади Облоқул Сангинов (соли таваллуд 1955) ва Абдулҳақ Оев (соли таваллуд 1963) дарёфт ва ба хок супурда шуда, аммо то ҳол ҷустуҷӯи ҷасади Абдуқаҳҳор Турсунов (соли таваллуд 1961) идома дорад.

Абдуқаҳҳор Турсунов солҳои зиёди умри худро барои тарбия ва парвариши шогирдон дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон сарф карда, муовинати раиси донишгоҳ дар бахши илмро бар уҳда дошт. Ӯ соли 1960 дар рустои Понғози ноҳияи Ашт ба дунё омада, соли 1982 Донишгоҳи политехникӣ ва соли 1986 Донишкадаи роҳу нақлиёти Маскавро хатм намудааст. Турсунов рисолаи номзадияшро соли 1990 дар шаҳри Тошканд ва рисолаи докторияшро соли 2003 дар Русия ҳимоя мекунад. Ӯ муаллифи бештар аз 200 мақолаи илмист.
Мӯҳр
Парвиз
Турсунов яккаписар дорад ва мо ёрони наздики ин хонавода, хабар дорем аз ин ходиса. аз хонаводаи Турсунов часадро ягон кас нашинохтааст бо дилпури (об часадро ба холате меорад ки шояд Шумо низ хеши наздикатонро нашиносед + лойолуд будани часад), хама ба он акида буданд, ки уро тоза карда бо хамрохии экспертон баъд бинанд. Лекин дигар нафарон ба монанди яке аз кормандони МВД низ гуфта истода буданд ки ин кас устоданд, мо он касро мешиносему медонем. Каду баст монанди дошт, шояд хамин буд ки бисёрихо гумрох шуданд. Дар морги медгородок баъди тоза намудани часад маълум шуд аз руи нишондодхо ки устоди мо нестанд. То ин хол аллакай ба фикрам хамаи СМИ хабарро доданд. ба фикрам хатогии СМИ-ю ВКД-ю дигаронро ба дигарон мондан аз руи одоб нест. Дар ин кор намояндагони давлат, ки мутахассис хастанд бояд шитоб накунанд.

https://www.ozodi.org/archive/news/latest/538/538.html?id=25439747
ин хел навистанро ёд мегиирфтед бехтар мешуд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)