Бахшҳо
03 июл 2014 08:46Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Дархости Ёқуб Салимов аз Додгоҳ: Маро шартан раҳо кунед!

Ёқуб Салимов, собиқ вазири умури дохилӣ, сардори гумрук ва сафири пешини Тоҷикистон дар Туркия, ки беш аз 11 сол боз дар боздоштгоҳи муваққати Вазорати адлия нигаҳдорӣ мешавад, аз Додгоҳи олӣ хостааст, ӯро шартан пеш аз муҳлат озод кунад.

Дар ин бора ба хабаргузории “Озодагон” Шуҳрат Қудратов, вакили дифои Салимов хабар дода, афзуд, ки аризаи дахлдорро дар ин бора зерҳимояаш рӯзи 27-уми июн дар ҳузури ӯ навиштааст.

Қудратов мегӯяд, зерҳимояаш аз чор се ҳиссаи ҳукми додгоҳро дар боздоштгоҳ адо намуд ва тайи ин муддат вазъи саломатияш хеле бад шудааст: “Чашмонаш тақрибан намебинанд, аз дарди устухон, дил, гурда ва фишори баланд азият мекашад. Бо мурури замон ҷароҳатҳои солҳои ҷанги шаҳрвандӣ бардоштааш низ хуруҷ кардаанд.”

Бинобар ин ба гуфтаи Қудратов зерҳимояаш аз додгоҳ хост, ӯро шартан пеш аз муҳлат раҳо кунанд,чун то адои пурраи ҳукми додгоҳ ҳамагӣ 1 солу 8 моҳи дигар боқӣ мондааст: “Ин аризаи Салимов бояд 30-юми июн аз ҷониби раҳбари муассисаи ислоҳӣ ба Суди Олӣ, Додситонии кулл, дастгоҳи раисиҷумҳур ирсол мешуд. Аммо то ҳол муайян нест, ки ариза ба ҷои лозимӣ расид ё на.”

Ба иттилои манбаъ Салимов дар ин аризааш дархост кардааст, ки ба далели вазъи саломатӣ ақалан низоми нигоҳдорияшро дар боздоштгоҳ аз сахт ба сабуктар иваз кунанд.

Додгоҳи Олии Тоҷикистон Ёқуб Салимовро 25 апрели соли 2004 ба иттиҳоми хиёнат ба ватан, нигаҳдорӣ ва тиҷорати силоҳ ва сӯистифода аз мансаб ба 15 соли зиндон маҳкум кард. Тибқи қонуни авф муҳлати маҳкумияти ӯ 2 сол кам шудааст. Бо ҳукми додгоҳ ҳамчунин генерали собиқи тоҷик аз тамоми рутбаҳои низомӣ ва ҷоизаҳои давлатӣ маҳрум гардид. Салимов аз фармондеҳони Фронти Халқӣ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ буда, гуфта мешавад, барои ба сари қудрат овардани ҳукумати кунунӣ нақши умда доштааст.
Мӯҳр
Ариза чиба ба чои лозими намерасад?кучо мешавад? Инсоф дорен е не?

авф
Салимов дар вакташ бо лакаю узбак якчоя шуда кираи точика бароварди. Братани Худойбердиеву Бойматову Пайзали. Шиштан гир.

эй авф. туро Худовандрахму шафкат дихад ки ба зиндониен ва на танхо ба онхо балки ба гирду атроф низ бо чашми нек ва хирад нигари.

Чамик
Наход хиёнати Ёкуб чени хиёнати руйи рости хукумати кунуни мо бошад, ки замини Точикистони азизро ба Хитойихо фурухтанд. Пас инро чи мегуянд?! ё ин, ки аз Хитой пула рохбарон гирифтану дар шохои худашон гузаронидан ба ин заминро дар ивазаш ба мардуми Хитой додаанд! Аз инда хиёнат дигар намешавад.

дима
э бехабархо оё надиден президенти корея язнаша ки сари кудрат оварда буд туьмаи сагон кард?

ввв
Ёкуб бо подельникаш Рауф тахти рохбарии Петкель ходисахои февралии 1990-ро ташкил карда буд. Дар он ходисахо 24 нафар кушта ва садхо нафар захми шуда буданд. Мухимтараш ин ки мардуми точикро то хол барои он ходисахо таъга мекунанд, чунки ин ходисахо хамчун зиддирусхо арзеби мешаванд. Гунохро бар гардани шахсони бегунох Каримов, Табаров, Мабатшоев ва дигарон заданд, аммо Ёкубу подельникхояш дар паси парда монданд. Магар ба чунин шахс авф раво аст? Харгиз не.

авф, ту голюцинация дори ва аз фантазия бой будаи.лек дар хотир дор касеро тухмат дори ба гиребони худ бумеранг мешавад

Робен Ван Перси
Оре хиёнати февралии Петкелу гуруххои чиноии Точикистон нобахшиданист.Хам точикро куштанду хам овоза карданд,ки точикон русхоро куштаанд. Горбачу КГБ-и СССР ду душмани сарсахти точик миллати моро он вакт миёнашро шикаст.

А
дар назди чашмони худам точиконро чи кор карда буди Ёкуб, ин чазо ба ту холо хам кам аст. Агар аз дигар милат мебуди инкадар намесухтам.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)