Бахшҳо
05 июл 2014 09:26Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Огоҳии Убайдуллоев ба Ворис Муродов, сардори Раёсати Агентии омор

Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдории Душанбе, ба Ворис Муродов -- сардори Раёсати Агентии омори пойтахт дар робита ба фаъолияти ғайрикасбии ниҳоди зертобеаш дар арафаи моҳи шарифи Рамазон огоҳӣ додааст.

Убайдуллоев дар як ҷаласаи ахираш аз мониторинги нархҳо дар бозори истеъмолии шаҳри Душанбе нисбат ба маълумоти омории Раёсати Агентии омори пойтахт нигаронӣ карда, онро ғайрикасбӣ хондааст. Ин огоҳии шаҳрдорӣ дар ҳолест, ки бо оғози моҳи шарифи Рамазон ҳамасола нархи маводи ғизоӣ дар бозорҳои Тоҷикистон, аз ҷумла шаҳри Душанбе, беасос боло меравад.

Ӯ қаблан, ҳангоми ҷаласаи васеи корияш, низ бори дигар аз болоравии беасоси нархи маводи ғизоӣ дар моҳи шарифи Рамазон изҳори нигаронӣ карда, гуфт, имсол шаҳрдорӣ ба имону инсофи соҳибкорон такя намуд ва барои ҷилавгирии нархҳо санадеро таҳия накард. “Аммо тавре воқеият нишон медиҳад, имондорию инсофи бархе аз соҳибкорони мо мисли сухани каҷрафторон аз ҳам тафовути зиёд доранд, ки боиси бе ягон асос болобарии нарх ва поймолшавии ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар шаҳр гардидааст”,-афзудааст Убайдуллоев.

Дар ҳоле ки шаҳрдорӣ дар гузашта барои моҳи шарифи Рамазон нархномаи маҳсулоти ниёзи аввалиро таҳия мекард, ки тоҷирон уҳдадор буданд, онро риоя намоянд. Дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе ибтидои ҳафтаи равон хабар дода буд, ки бо дастури раҳбари ин ниҳод, барои назорати супоришҳои мазкур қарор шудааст, дар тамоми дуконҳои гӯштфурӯшии бозорҳои пойтахт дурбинҳои назоратӣ насб шавад.
Мӯҳр
Муштари
Дурбинхои назорати- аз ухдаи контроли ИМОН, ИНСОФ ва РАХМУ ШАФКАТ мебаромада бошанд ?

256
Аз дасти омор чи меояд хайр нарххоро мониторинг кард баъд чи?Шумоен бехтараш камтар ба конунхои иктисоди бозоргони як назар кунен ки чи мегуяд у.Дар ЧТ рушан аст ки кариб хама мавод аз хорича ворид карда мешавад ва бубинед ки чанд маротиба андозбанди карда мешавад?18%андози иловашуда,5%боч,+10-15% болонархии фурушандаи чаканафуруш+10-15%дасти дуюм+10-12%дасти 3-юм дар нихои нархи як махсулот 1 сомони бошад 5 сомони мекшавад магар ин иктисоди бозоргони аст?Бояд ки як маротиба дар гумрук хангоми воридот андоз ситонида шавад ва нафароне ки ба таври яклухт ворид мекунанд бигзор сетхои савдо ташкил кунанд он вакт метавон гуфт ки контроли нарх мешавад.

m
раиси шахр бехтарин одамай да

шахрванд
23 ,сол аст, ки факат мегуянд, вале хеч бехбудие нест. шахрро ба деха табдил додааст. Бо дугу дашному зури кор буд намешавад.

Нур
Рост бошад, ки мегуянд, кабл аз Рамазон андоз барои фаъолияти кассобхо як маротиба бештар шудааст.

99
Ман-ку худама "99" мегӯм. Лекин ин роҳбарои мо "49"-ам нестан!!!
Охир айби асосӣ аз кист. пишак ҳам медонад!
Аввал, ин ки мардуми мо тавармусулмон буд ва мемонад! мардуми моро маҷбур накунӣ, ягон корро аз пеши худ ва ё ақли худ дуруст намекунад, яъне кунад ҳам "исмоилдавон" карда мемонад. О, бозораш ҳам ҳамин!

раиси шахр бехтарин одам аст!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)