Бахшҳо
07 июл 2014 09:13Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

ФМС мегӯяд, теъдоди муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия афзудааст

Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия (ФМС) аз афзоиши шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон дар кишвараш хабар дода, теъдоди нави онҳоро бар асоси шумориши моҳи июл нашр кардааст. Ин ниҳод мегӯяд, ҳоло дар қаламрави Русия 1 миллиону 177 ҳазору 704 шаҳрванди Тоҷикистон ба сар мебаранд, ки аз ин нишондод, 1 миллиону 2 ҳазору 285 нафар мард ва 175 ҳазору 419 нафар зан мебошанд.

Ба иттилои манбаъ, бештари ин муҳоҷирони кории тоҷик аз 18 то 29 сол доранд. Ин дар ҳолест, ки бар асоси шумориши моҳи июни соли ҷорӣ Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия теъдоди муҳоҷирони кории тоҷик дар кишварашро 1 миллиону 170 ҳазору 825 нафар эълон карда буд.

Беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон ҳамасола аз сабаби камбуди ҷойи корӣ дар ватан ба хотири пайдо кардани нафақаи хонаводаи худ озими Русия мешаванд. Шаҳрвандони Тоҷикистони муқими Русия ба иттилои Бонки Марказии Русия давоми се моҳи аввали соли ҷорӣ 644 миллион доллар ба ватан фиристодаанд. Ин ниҳоди пулии Русия мегӯяд, ҳаҷми интиқоли миёнаи маблағ баробар ба 270 доллар мебошад.
Мӯҳр
Ночори
Ба иттилои манбаъ, бештари ин муҳоҷирони кории тоҷик аз 18 то 29 сол доранд. Путин ва Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия (ФМС) РОХАТ менан вакте, ки м ЯДРОИ миллати Точикро дар ихтиёр дорад. Барои хамин хонасухтаи Путин тамоман аз мо хазар надорад.

1
дигар чи кунанд бечорахо дар ватан кор нест?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)