Бахшҳо

Номаи хонанда: “Чаро мо беиззат шудем?”

Дар дунёи имрӯз ҳамаи миллатҳо ва қабилаҳо ба чизе ифтихор мекунанд ва ба ормоне меболанд. Русҳо ба ин ки яке аз қудратҳои ҳастаии дунёанд, амрикоиҳо ба сиёсати ҷаҳоншумул, фаронсавиҳо ба фарҳанги ғанӣ ва ҷопониҳо ба қудрати фанноварӣ ва технологияашон, аммо мо – тоҷикон чӣ? Ба қавли шоир:

Гарчи доно ҳоли дил бо кас нагуфт,
Аз ту дарди хеш натвонам нуҳуфт.

Мумкин аст, ки таърих аз мо ифтихороте ба ёд дошта бошад, аммо дар дусад соли охир дастоварде надорем, то ба он ифтихор кунем. Инки имрӯз сулҳи тоҷиконро дар ҷанги шаҳрвандӣ дастовард мехонем, хатост. Сулҳ низ дастоварде нест, то ба он ифтихор намоем, чун поёни ҷанги бародаркушӣ буд ва даст кашидан аз бародаркушӣ қаҳрамонӣ нест.

Мо - тоҷикон ҳамеша мазлуму сархаму бечора будем, гоҳо муғул ба мо ҳамла меоварад ва дору мадори моро ғасб менамуд, гоҳо болшевикони ленинӣ бо идеяи коммунизм ва баробарӣ ба мо ҳамла оварда, донишмандон ва олимони бузурги моро ба Сибир табъид намуда, китобҳои моро ба ҷони ҳам андохта ҷанги бародаркуширо роҳ меандозад.

Дар ҳамаи ин ҳолатҳо мо ҳатто мавзеи дифоӣ ҳам надоштем ва ончунон мазлум будем, ки гӯиё зулмпарастӣ ҷузъи фарҳанги мо буд. Таърихро мардони бузург сохтаанд, агар миллате дар дунё машҳуру сарбаланд шуд, маншаи иззат ва обрӯи ӯ бар абармардест, ки сарбаландии миллаташро бо ҷону мол ва ҳастиаш харидааст.

Мао миллати Чинро, Гандӣ Ҳиндустонро ва Кастро миллати Кубаро. Тоҷикон низ чун Айнӣ ва Бобоҷон Ғуфуров абардмардони худро доштанд.
Замон гузашт, абармардони тоҷик зери хок рафтанд, рукуди иқтисодӣ ва фарҳангӣ ҷомеаро фаро гирифт, дар ҳамин вақт марде сар боло кард ва гуфт: Сарбаландӣ иззат ва шараф ҳаққи мо тоҷикон аст.

Ҷавонони тоҷик, ки мазҳари обрӯ ва такягоҳи боэътимоди миллатанд, бояд парчамдори ватан ва миллат дар асарҳои байналмилалӣ бошанд, на дуздону роҳзанон ва аробакашони кӯчаву бозорчаҳои Русия.

Бале ӯ Зайд буд. Ӯ гуфт: Ман наметавонам дар ҷомеае зиндагӣ кунам, ки як сарватманду садҳо фақиру камбағал бошад ва беэътино ба зиндагӣ машғул бошам. Барои касе меъёр сармоя бошад, барои ман ҷиҳоти маърифатии дигаре ҳам меъёр аст.

Ӯ метавонист мисли сармоядорони дигар, ба мамолики Аврупо рафта, ба хонаводааш дар рифоҳ зиндагӣ кунад ва ба сармоя ва миллионҳои худаш биафзояд, аммо ӯ дар Тоҷикистон монд ва машғули сохтор ва эҷоди кор шуд, то ба миллаташ хизмат кунад. Тоҷикистон соҳибкорон ва тоҷикони зиёде дорад аммо соҳибкори муваффақе ки дарди миллаташро дарк кард ва виҷдонаш ӯро ором нагузошт, то ба сарнавишти миллаташ беэътино бошад, танҳо Зайд буд. Ӯ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кард, то тоҷикон бо сари баланд дар ватани худ машғули кор ва зиндагӣ бошанд на ғуломи дигарон ва бори номуси миллатҳои дигарро ба дӯш бикашанд. Ӯ натанҳо сармоя, балки озодиашро аз даст дод, то миллаташ огоҳ бошад. Вақте хабарнигор аз ӯ пурсид: Ин бархости бемавриди Шумо чӣ маънӣ дошт, инсонҳо қиём мекунанд то касби обрӯ, сарват ё қудрат кунанд дар ҳоле ки Шумо ҳамаи инҳоро доштед?
Ӯ дар ҷавоб гуфт:

Аз қиёми беҳузури ман мапурс,
Аз суҷуди бесурури ман мапурс.
Ҷилваи ҳақ ҳарчи бошад як нафас,
Қисмати мардони озод асту бас.


Бале, фидокорӣ ва аз худгузаштагӣ рисолати мардони озод аст. Ин ҷомеа таҳаммули шахси дигарандешаро надошт. Ҳамин ки донае аз осмон фуруд омад ва марде сарболо кард ва изҳори озодӣ ва фидокорӣ намуд, мо бо дастони худ ӯро хафакон намуда, аз озодӣ маҳрумаш намудем ва ё дар гирдоби танҳоӣ дасту по зад ва мо хомӯш нишаста, ҳамроҳияш накардем.

Аврупо пешрафт кард ба хотири он ки ҳазорҳо донишманд, равшанфикр ва соҳибкорро дар худ ғунҷонид ва ба онҳо маҷоли кор ва фаъолият дод, аммо ҷомеаи мо он қадар кӯчаку ҳақиру нотавон аст, ки таҳаммули доштани як тоҷири равшанфикрро надошт бо ин ҳол аз пешрафт ва демократия сухан гуфтан кори хандадор нест? Ҳар миллате худ сарнавиштсози хеш аст. Мо тоҷикон ба мусалмон буданамон ифтихор мекунем ва хуш аз онем, ки ба масҷидҳо рафта, сар ба саҷда меорем ва ба кунҷи хонаҳоямон хазида шукрона мегӯем. Ғофил аз он ки:

Гар надорӣ хуни гарм андар бадан,
Саҷдаи ту нест ҷуз расми куҳан.


Мо ба ин гумонем, ки Тоҷикистон як кишвари демократӣ ва ҳуқуқбунёд буда, дорои ҳашт ҳизби гуногунандеш аст. Дар ҳақиқат, асосҳои демократия дар Тоҷикистон риоят мешавад ва оғӯши давлат тавони доштани ҳашт ҳизби гуногунандешро дорад, пас, доштани ҳизби нуҳум чӣ мушкиле дошт? Маълум мешавад ки он ҳашт ҳизб фақат номҳои мухталиф дошта, муҳраҳои бозии як сиёсатанд.

Зайд бо ташкили ҳизбаш хост Тоҷикистони нав бунёд кунад ба мисли хонаҳои баланошёнаи зебое, ки дар шаҳр сохт ва мардум бо дидани онҳо ба ёдаш меафтанд. Зайд ҷавонмарди сағирапарвар аст, ки метавон ӯро зиндон кард, аммо ҳадафи воло, фидокориҳо ва хадамоти беандозаи ӯро наметавон зиндон кард. Ҷавонмард, ҷавонмард аст, агарчӣ дар зиндон бошад. Шер шер аст, гарчӣ дар дохили панҷара бошад. Кам нестанд соҳибкорон ва тоҷирони рубоҳсифате, ки ҳамеша ба нафъи кисаи худ кор карданд ва ҳазорҳо меъёр ва қонуни дохилӣ ва байналмилалиро поймол намуданд, аммо озоданд. Рубоҳ, рубоҳ аст, гарчи дар озодист. Зайд ҷавонмарди камбағалпарвар буд, ки ҷои ӯ зиндони торик нест, балки оғӯши гарми миллат аст.

Ӯ танҳо нест, агар танҳотарин танҳо шавад, боз ҳам Худо бо ӯст, агар тамоми мардум гургҳои ҳор шаванд ва ҳавлу кина бар сараш борад, боз ҳам Худо ҳаст, ӯ паноҳгоҳи ҳамаи бепаноҳиҳост.

М. АЛИЕВ
Мӯҳр
Шафкат
Аввало, Худованд ягон бандаро зиндони нагардонад. Сониян, Шумо аз Зайд Сайдов Бут натарошед. Шояд ба кавли Шумо гаразе хаст дар парвандаи У. Аммо боварии ман тамоман намеояд, ки пок бошад. Чунки У Вазир буд, хамаро фурухт ва шахси кард. Сагерапарвару миллатпараст 13 Ширкати таъсис додааст, албатта ин корхо дар танхои сурат намегирад- Осиёб ба навбат- солхои зиёд ХАККИ камбагалоро горат карданд ва БУЧАИ давлати камбагалро талаву тороч кардаанд. ТОЧИКИСТОНИ ОЗОД - хамаи ин бофтаву хаёли САРВАТПАРАСТИИ У буд. Каноат накард ба будагиаш.Инхел одамхо хеч вакт пешвои миллат набуданд ва буда хам наметавонанд. Мархамат, Точикистон фарзандони пок ва миллатдуст дар сохаи Маориф, Тиб, Саноату,Иктисод ва Молияю дигару дигар бояд дошта бошанд, Ёбед ва парастиш кунед.

Точикварз
Айни замон масъалаи мухим он аст,ки миллатро имичашро дар сатхи чахони баланд бардорем.Бовар кунед аз Чамшуди русияги холо Аврупои гарби низ моро чун Чамшуд мешиносад зеро,ки миллионхо чамшудхои норусидон дар шахрхои Маскаву Санкт-Петербург кор мекунанд.Беобуругии миллат низ аз инчост.Дуруст аст,ки сулх ин хеч гох дастоварди милли нест?Чи гуна хоричиён моро мефахманд ва дар Руссия ва дигар кишвархои пасошурави аз суоли зиёиёни онхо ба чон омадем:Чанги чеченхо бо Руссия ё чанги гурчихо бо русхо маъно доштанд,лекин чанги шумо чи маъно дорад суол медиханд зиёиёни ин кишвархо?Чун дар бораи фанатизми исломи ва комунистгарои мегуем онхо писханд зада мегуянд,ки ин бахонаи куштори 200 хазор точик ба таври дахшатнок шуда наметавонад!Баъд мачбур мешавем,ки гуем ,ки ин чанг аслан чанги турку точик ва фиркахои туркгарои коммунисти зери химояи Тошканд ба мукобили худшиносии точик буд!Имруз хар касе точик хаст дар тамоми нуктахои чахон барои таргиби миллату фарханги бузург доштани точик бо тамоми хастияш кушиш кунад.Кор то он дарача рафта расидааст,ки душманони миллии мо аз Тошканд чугихоро точик навишта ба Руссия мефиристанд.Ягона рох ин бедори ва худшиносии миллист.Ин омилхо метавонанд,ки мо душмани сарсахти худ пантуркизмро,ки имрузхо зери шиори панисломизм низ кор мекунад зарбаи мухлик занем бо чахонбини танги минтакагарои ба ин кор мувафак шудан номумкин аст.

ба Шафкат
Шафкат медонам навиштан барои ту ки аз фабрикаи чавоб хасти фоида надорад, локин барои оянда бояд дони ки ягон корхона ё иншооти давлатро ягон вазир хакки фуруш надошту надорад. корхонахоро факат ва факат кумитаи амвол бо биржа мефурушад. гуфти Русхо "не притворяйся тупым" чун тамоми фуруши амволи давлат ба ухдаи Давлатов ва Гул Шерали буд. ба фикрам лозим нест ёдовари кунам ки ин ду шахс кихо хастанд?!
шарм доред! аз худо тарсед!фитна аз куштан хам бадтар аст!
о чаноб худаш хатто чанд бор эълом карда буд ки Зайд бо худаш то 20 милион доллар оварда дар Точикистон сармоягузори карда аст. хадди акал бар зидди худатон гап назанед!

Ilya - Antalya
Посух ба ШафкатШафкат,
ту чи Шафкат асти хеч бо ин гуан суханрониат монанд ба Шафкат нести шояд ту низ лаганбардори хукумати хозира боши ? ман як одами оди на хешу табори Зайд на аз ягон коркуни хукумате ки имруз дар Точикистон кор мекунанд лекин ман тарафдори Зайд барои чи барои он,ки ин "конуни хаёт аст дар Точикистон" он чунин тараки кардааст ки хар ки набошад имруз аввал ба манфиати худу оилаи худ кор мекунанд,ба мисли Зайд сохибкорони тараки кардаи Точик зиёданд амо метарсанд ба ТЧ рафта дар рушди чомеа кореро анчом диханд чунки хукуматдорони имруз дар хол ба у хамчун гурги гурусна хучум карда лукмаи худ мегардонан аммо Зайд чи кор кард аз бахри хама гузашту ба лахчаи дигар гуем як Риск кард лекин лаганбардорони хукумат дар хол бо фармоне ба у хучум карданд ва уро паси Панчара бурдан.саволи дигар бар ту Шафкат агар имруз хизби хоким бо ХХДТ бошад яъне демократия ки бошад чаро ин корупсияи гуфтагитон (С.Фатох) ягон бор аз авлодони хукуматдор ки сари вазифаанд тафтиш намекунанд ? барои он ки метарсанд аз курсии нишастаашон назди Зайд равонашон мекунанд ?
имруз вакти он расидааст ки ХУКУМАТ БА ИСТЕЪФО РАВАД

Каноат пешаи Пайгамбарон аст ! Ба додагии Худованд бояд шукрона мекард дар холате,ки карор дошт, Лекин нафси саркашаш аклашро рабуд , Тасавур накард, ки дар Точикистон оилахое хастанд ки хатто велосипед харида наметавонанд бо мехнати халолу маош. чи гуянд аз шиками серу либосхои зебо. Онхое ки уро ихота карда буданду дар хаккаш санохони мекарданду манфиат мечустанд ( бахусус мардуми Комсомолободи пешина) бояд шабу руз аз Худованд омурзиши гунохои уро талабанд,на ин ки дар ин шабу рузи мохи шариф ,бозори Шохмансуро ичора гирифта нархро ба осмони хафтум бароранд, Худованд туро дар панохаш нигох дорад бо ин хама дороият. Ман фикр мекунам , ки озоди неъмати аз хама бебахо барои инсон мебошад.

Мухаммад
Дар хакикат баъзехо аз Зайд пайгамбар тарошиданианд.Хол он ки ин хел нест. Бо одамоне, ки уро медонанд хамсухбат шавед баъд мефахмед. Вакти вазир буданаш гумон кард, ки дигар касе уро гап зада наметавонад-хамаро бурду хурду фурухт. Хатто ошхонаи вазоратро, ки ба дигар кас дахл дошт бо рохи зурию шантаж аз худ намуда, ба сохиби аслии ошхона 1 дирам хам надод. Акнун ки вакташ омадааст чавоб мегуяд...Ин танхо як мисол буд

Ба ШАФКАТ шарм дор инкадар олимону нависандагон магар кадри ту намедонан ту кадом боз як лагандбардори аз хасад мегуи ин хамаро Зайд бехтарин одам буд мемонад

БОЗОР
Шафкат,
БАЛЕ . БА ИН ХУКУМАТ ФАКАТ ФАРЗАНДОНИ МИЛЛАТ ДУСТ ДАР СОХАИ САНОАТУ. ИКТИСОДУ МОЛИЯВУ ДИГАРУ ДИГАР ДАРКОР КИ ХУДОЕ НАКАРДА БА КОРУ СИЕСАТИ ДАВЛАТ ДАХЛ НАКУНАД . ДАР ХОЛЕ КИ НОМИ ХУКУМАТ ВА ДАВЛАТИ ДЕМОКРАТИ ГУФТА МАЙДОНИ ОЗОДИИ СУХАН ГУФТА БА УМЕД НАФАС МЕКАШЕМ . ( ДАР ДАВЛАТЕ КИ ХАТТО БУИ ДЕМОКРАТИЯ ВА ОЗОДИ ДИГАР НЕСТ КАДОМ СОХИБКОР ВА ИКТИСОД ДОН ВА Ё ДОНИШМАНДИ ФАРЗАНДИ ИН МИЛАТ БОВАР МЕКУНАД ВА САРМОЯ МЕГУЗОРАД ? )

Собир
Шумо бо хамин З. Саидоватон безор кардет. Хайрият, ки ягон олим набудааст.

Рагбат
Ба Хакчу. Ман хеч вакт набудам лаганбардори Хукумате, ки Зайд Сайдов хамрохи ту шояд 17 сол бо тамоми санъаташ мебардошт, ки имруз бардошташ накардед.

Шохона
Фаромуш накунед, ки вакте Зайд Саид 10 - хона ба мардуми селзадаи Кулоб сохта дод ин рафтори чавонмардонаи Уро Президенти кишвар барои дигарон мисол меоварду бо ифтихор аз чавонмардии У харф мезад, имруз чи факат корашон сиёхкунии Зайд Саид, ё харфхои пешинаашонро, ки бо эхтиром аз У харф мезаданд фаромуш сохтанд ё Худои бузург онхоро ба гумрохи фиристодааст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)